-Мавҷудияти нишонаҳои тамаддуни ориёӣ, исломӣ, буддоӣ дар ин минтақа ва хоҳиши омӯзишу тамошою зиёрати онҳо, ҳавасмандии сокинон ва мақомоти маҳаллӣ ба ҳифозати баробари муқаддасоти ҳар се тамаддун чун рамзи анъанаи ҳамзистии осоиштаи фарҳангҳои гуногун ва аз тарафи дигар дар Роҳи бузурги абрешим қарор доштани Вахон боис гардидааст, ки шаҳрвандони дину оини гуногун ва пажӯҳишгарони мамлакатҳои гуногун аз ин ҷо дидан мекунанд,- мегӯяд муҳаққиқ, номзади илми таърих Алоуддин Шоҳинбеков.
Сокинони Вахон ёдгориҳои таърихиро чун дороии табиии минтақа сарвати беназир медонанд ва дар ҳифзи он дар баробари давлат худро ғамхору масъул мешуморанд. Кӯшиши амали тахрибкорона ва қочоқи афроди алоҳидаи фоидаҷӯро, ки дар солҳои ноамнӣ мехостанд оромгоҳҳои буддоӣ ва ориёиро ба хотири пайдо кардану ба фурӯш гузоштани нигораҳо вайрон созанд, бо қатъият маҳкум ва пешгирӣ карданд. Подоши чунин амали нек имрӯзҳо дар он аст, ки сайёҳон сол ба сол бештар ба минтақа меоянду қариб дар ҳар деҳа меҳмонсаройу ошхонаҳо ва нуқтаҳои дигари хизматрасонӣ арзи вуҷуд карда, ба сокинон фоидаи маънавӣ ва иқтисодӣ меоранд.
Дижҳои бостонӣ
Тамошои дижҳои бостонӣ, ки қад-қади роҳи сафар дар Вахон воқеанд, бинандаро ба қарнҳои панҷ ва ҳафти то солшумории милодӣ, ба аҳди давраи Кӯшониён мебарад. Ин дижҳои гирдшакли дорои тиркашҳоро бо мақсади таъмини бехатарии ҳаёт ва ҳаракати корвониён пай афкандаанд.
Яке аз калонтарин иншоот дижи Қаҳқаҳа мебошад, ки дар деҳаи Намадгут ҷой гирифта, 675 метр дарозӣ дорад. Паҳноии байни деворҳои қалъа ба 200 метр мерасад. Диж аз пойдевори сангин ва хишти хом сохта шуда, панҷоҳу шаш манораи чоркунҷа дорад. Диж бо номи охирин ҳокими даври тоисломии он-Қаҳқаҳа боқӣ мондааст. Аз рӯйи суфаи хона ду ходачӯби баланди дароз аз равзана гузашта тамоюл ба осмон дорад, ки дар нӯги ҳарду қуббаҳои биринҷӣ ва гилии осмониранг бо расидани нури офтоб ба ҷило меоянд.
Дар назди диж боғи хуррамест, ки он ба бовари мардум қадамгоҳи Шоҳимардон буда, қадамгоҳ ба андозаи масоҳати як хонаи истиқоматӣ деворбандӣ шудаст ва зоирон барои зиёрат ва мурод хостан ба ин ҷо меоянд.
Боғ ва ҳудуди дохили дижи Қаҳқаҳа ба ҷойи баргузории ҷамъомадҳои фарҳангӣ табдил ёфтааст. Соли гузашта дар ин ҷо фестивали «Табиати ваҳшии Помир-2017» гузашт, ки ҳадафи он ҷалби таваҷҷуҳ ба олами ҳайвоноти нодир буда, алоқамандони зиёд аз дохил ва хориҷи кишварро гирд овард.
Ямчун дижи бузурги дигарест, ки дар нишеби қаторкӯҳҳои Вахон ҷой гирифта, аз пойдевори сангин ва хишти хом бунёд шудааст ва олимон онро ба асрҳои даҳ ва ёздаҳ то солшумории милодӣ нисбат медиҳанд. Ин диж ба феҳрасти ёдгориҳои таърихии ҷаҳонӣ шомил шуда, бо ибтикори Вазорати фарҳанг барқарорсозии диж, ки бо гузашти асрҳо аз боду боронҳо ва таъсири омилҳои инсонӣ рӯ ба харобӣ овардааст, оғоз гардид.
Дар Роҳи абрешими ин ҷо дижҳое ҳам дучор меоянд, ки номи бонувони шуҷоъро гирифтаанд. Қалъаи Кабудсор ба номи чунин як бонуи ҷанговари шуҷоъ ихтисос мегирад. Ин қалъа болои кӯҳпораи азим дар мавзеи Манзилдигари Намадгут сохта шудааст. Тибқи ривояти мардум дар мубориза бар зидди аҷнабиён хурду калон, марду зан ба ҳифзи Ватан бархестанд. Гурӯҳи духтарон бо сарварии ҷавондухтар Кабудсор ин қалъаро истеҳком интихоб карда, бар зидди душман ҷангидаанд. Дар рӯ ба рӯи қалъаи Ямчун дижи Зулхумор мавҷуд аст. Ба Абрешимқалъа-воқеъ дар маҳали Зонг, маликаи зирак ва боадлу инсоф роҳбарӣ менамудааст. Агарчи роҳи алтернативии абрешим тавассути Фарғона рӯи кор омада бошад ҳам, ӯ бо ибтикори худ тавонист тоҷирони зиёдро бо истифода аз ин Роҳи абрешими Вахон ҳавасманд созад. Зимни ҳафриёти илмӣ дар Вахон тӯпхона, маъбадҳои зардуштию буддоӣ ва сангнабиштаҳо кашф шуданд.
Дар роҳи сафар ба Вахон сайёҳон метавонанд дар чашмаҳои гарму сарди обашон маъданӣ табобат гиранду аз он ба нияти шифо нӯш кунанд. Маъмултарини чашмаҳо Гармчашма, Авҷ ва Ямчун мебошанд, вале ба ҳисоби олимон дар минтақа 27 чашмаи шифобахш дар хизмати мардум қарор дорад.
Чашмаҳои гарми дармонбахши Зонг барои рафъи бемориҳои мубодилаи меъда, ғадудҳо ва ҳозима даво буда, ҳанӯз соли 1938 олими рус Э.Э. Крестенс аз лиҳози аҳамияти табобатӣ онҳоро «Баржоми Бадахшон» номидааст.
Фарҳанги мардум-сарвати мардум
-Тоқии вахонӣ аз лиҳози нақшунигор зеботарин дар ҷаҳон эътироф шудааст. Боиси ифтихор аст, ки акси он як гӯшаи асъори миллии 20 сомониро оро медиҳад ва инро эътирофи санъати баланди бонувони ҳунарманд мешуморам,- мегӯяд мудири осорхонаи таърихӣ - кишваршиносии Намадгут фарҳангшинос Одинамамади Мирзо.
Агарчи дар асри бистуяк бозорро молу колои воридотӣ пур кардааст, дар Вахон дучор омадани мард ва ё зани дар сар тоқӣ ва ба тан куртаву камзӯли ҳунармандони маҳаллӣ ҳодисаи муқаррарист. Ҳунари зебои гулдӯзии занон дар тайёр намудани тоқӣ, саростин, гиребону пешбари курта, камарбанд ва пешонибанди атфолу арӯсон истифода мешавад.
Ҳунари зебоофаринии бонувон, бахусус, рӯзҳои ҷашни Наврӯз ва дигар идҳо, вақте зебодухтарон куртаи сафеди гулдӯзӣ, тоқии пурнақшу нигор, мӯйбандҳои сурхи пӯпакдори бо садафу марворид ороёфта ва муҳраҳои аз сангҳои ороишии маҳаллӣ ба гардан меовезанд ва ба ҷашнгоҳ меоянд, ба дидаҳо нур ва ба дилҳо сурур мебахшад.
Дар мағозаҳои ин ҷо маҳсули занони ҳунарманди ҷуробу сабадбоф, газворбофу намадрез ва кулолгар, мардҳои танӯрсозу гилем, палосбоф ва чармгару кандакор ба намоиш ва фурӯш гузошта шуда, ҳар сафарӣ метавонад савғотии дилхоҳе барои аҳли хонавода ва ёру дӯстонаш пайдо кунад.
Иддае аз сайёҳон барои сайёҳии экологӣ ин минтақаро интихоб мекунанд. Тобистони соли гузашта ду ҷавондухтари маҷории ихтисосашон пизишк тайи як моҳ дар ин ҷо дам гирифта, аз гиёҳҳои давоии пуштаҳои гирду атроф истифода бурданд. Теъдоде аз сайёҳон пас аз сафари тӯлонӣ бо нақлиёти автомобилӣ дар Вахон дам мегиранд ва барои саёҳати мавзеъҳои гирду атроф асп киро мекунанд. Дӯстдорони тамошои табиати моҳтобии Мурғоб низ ба воситаи Вахон ба он ҷо мераванд ва дар роҳи ҳаракат аз тамошои Зоркӯл ва олами ваҳшу набототи нодири гирду атроф баҳравар мешаванд.
Рӯзҳои баргузории фестивали «Олами ваҳшӣ» дар Намадгут зану шавҳари белгиягиро дучор омадам, ки боду ҳавои муътадил, ғизоҳои ширӣ ва нони аз орди гандуму боқилои маҳаллиро маводи парҳезии беҳтарин барои давои фарбеҳшавӣ ва ба эътидол овардани гардиши хун медонистанду як моҳро дар ин ҷо сипарӣ карданд.
Вахон сароби рӯди Панҷи пуртуғён аст, ки аз ҷойи баҳамрезии дарёҳои Помир ва Вахон оғоз меёбад. Сароби дарёи Помир аз Зоркӯл ибтидо гирифта, 130 километр тӯл мекашад. Зоркӯл, ки онро Виктория ҳам меноманд, дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ҷой гирифтааст ва маҳз дар ин маҳал ва гирду атрофи он бештар аз сад сол қабл манфиатҳои геополитикии давлатҳои абарқудрат ба ҳам омада, ба марзбандӣ анҷом ёфт ва иддае аз сайёҳон мехоҳанд, ин ҷойи таърихиро бо чашмонашон бинанд. Ҳамчунин, хоҳишмандони сафар ба маҳалҳои амни шимоли Афғонистон аз ду пули марзӣ бар фарози рӯди Панҷ дар ин ҷо истифода мебаранд ва ба ин хотир ба ин ҷо зиёд меоянд.
Осорхонаи шоир, олим ва мунаҷҷими машҳур Мубораки Вахонӣ дар маҳали Вранг ба зиёратгоҳи хурду бузург ва сайёҳон аз мамолики ҷаҳон табдил ёфтааст.Олим ихтироъкори коғази махсус аз набототи маҳаллӣ буда, асарҳои худро бо истифода аз он коғаз навишта, ба мерос гузоштааст.
Сафариён ба санъати меҳмондории вахониён баҳои баланд медиҳанд. Шоир Салимшо Ҳалимшо нигоштааст:
Бувад расму оини халқи Вахон,
Ба имрӯз худ аз гаҳи бостон.
Чу бо соз бар остонаш равӣ,
Сари хони ӯ меҳмонаш шавӣ.
Дараш во ба рӯят бигардад ба соз,
Дари дил, дари хон, дари хона боз.
Қариб дар ҳар хонадони вахонӣ созҳои рубоб, рубобча, қумрӣ, баландмақом ва даф мавҷуд буда, шомгоҳон созу наво танин меандозад ва сафариён аз барномаи ҳунарии дастаи оилавӣ ройгон баҳравар мегарданд.
Боре яке аз сайёҳони испанӣ пас аз сайру саёҳат ба мудири осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии Намадгут Одинамамади Мирзо рӯ оварда пурсидааст: «Чӣ мардуми шуморо дар ин кӯҳсор нигоҳ доштааст» ва чунин посух бишнидааст:
-Расму оини ниёгон, ки мо онҳоро пос медорем ва идома медиҳем.
М. Шоҳҷамол,
Бадахшон