ДАРИЧАИ САФАР
Сафар дар сарнавишти ҳар инсон ҳадяи нодирест, ки ҳар фард метавонад номаи раҳнамои маърифат ва шинохти худро дар он сабт намояд. Ин дафъа сафари мо ба шаҳри Конибодом дар ҳоле сурат гирифт, ки кишвари маҳбубамон - Тоҷикистони ҷаннатмакону марғуб, гавҳари фазилату тамиз, сарзамини ниёгони шарафманди мо дар ин шабу рӯз 21-умин солҷашни Ваҳдати миллиро таҷлил мекунанд. Бале, маҳз шарофати Ваҳдати миллии мост, ки раванди ташаккули наҳзати худшиносии миллии ҷавононро бунёд гузошт ва аз ризоияту Ваҳдати миллист, ки ба шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қавли Қувват Давлат: «Оштӣ оварду оташ кард хомӯш» ва «Миллатеро аз ҷунуни худкушӣ овард бар ҳуш» мегӯем. Чунки аз баракати Истиқлолияти комил, оштии миллӣ Тоҷикистон ободу хуррам ва шукуфо гардида, рушд намуду сарсабз гашт ва кишвари сулҳу ошёни саодат ном баровард.
Конибодом ба гунаи яке аз шаҳрҳои бостонӣ дар идомаи анъанаву суннатҳои тамаддуни шаҳрдориву шаҳрнишинии халқи тоҷик нақши муассир дорад. Дар гузашта он бо мардуми ҳунарманду меҳнатқарин, табиати зебову афсункор, сарватҳои табиии фаровону хоки зархез ва меваҳои шакаринаш шуҳрат дошту имрӯз низ дорад. Беҳуда нест, ки бодоми маъруфи ин куҳандиёр, ки дар осори таърихиву ҷуғрофии асрҳои миёна мавриди ситоиш қарор гирифтааст, дар номи шаҳр таҷассум ёфта.
Имрӯз низ мардуми шарафманди Конибодом бо донишу рой ва кору пайкори худ дар пешрафти кишвари азизамон саҳми арзанда доранд, ки ҳамаи онро дар ин навиштаи кӯтоҳ наметавон рӯи саҳфа рехт.
ИМРӮЗИ ФАРҲАНГ ВА МАОРИФИ КОНИБОДОМ
Имрӯз дар шаҳри Конибодом 56 муассисаи таълимӣ мавҷуд буда, аз ин миқдор 53 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 адад муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва як адад мактаб – парастишгоҳи шифоӣ мебошад. Дар шаҳр 1 литсей, 1 гимназия, 2 муассисаи таълимии хусусӣ (ғайридавлатӣ) рӯи кор бувад. Шумораи умумии муассисаҳои таҳсилоти томактабии тобеи раёсати маориф 14 адад буда, 3 адад муассисаҳои томактабии тобеи ташкилот ва муассисаҳо, 4 адад муассисаҳои томактабии хусусӣ ба таълим ва тарбияи кӯдакони синни томактабӣ ихтисос дода шудаанд.
Ҳамчунин, 51 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 29 китобхона, 15 бошгоҳ, Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Т.Фозилова, мактаби санъати бачагона, осорхона ва боғи фарҳангу истироҳат, инчунин, як қатор дастаҳои ҳунарӣ – «Мақомсароён», «Тарона ва рақс», «Хоҳаракон» ва дар назди театр маҳфили «Актёрони ҷавон» амал менамоянд.
«БОЗОРИ ДӮСТӢ»
Сафари мо пас аз пазироии гарму самимии мардуми хушиқбол ва шаҳрдории Конибодом ба «Бозори дӯстӣ», ки ба шарофати Истиқлолият тоҷирони ду кишвар: Ӯзбекистон ва Тоҷикистон маҳсулоти худро харидуфурӯш мекунанд, оғоз гардид. Дар ин бозор ҳамарӯза харидорони зиёд аз деҳоти шаҳр ва дигар навоҳии кишвар меоянд. Ба гуфти сокинон маҳсулоти аз кишвари ҳамсоя воридгардида, аз қабили маводи шустушӯӣ, либосу пойафзор ва матои абрешимӣ бо нархи арзонтар дастрас мегарданд, ки мардум аз ин хеле шоданд. Тоҷирони ҳамсоя меваи хушкро бештар харидорӣ мекунанд, ки дар бозори кишвари мо арзонтар аст.
ҲУНАР ОМӮЗ К-АЗ ҲУНАРМАНДӢ…
Имрӯз дар шаҳри Конибодом шаш ҷамоат ва зиёда аз 210 ҳазор нафар аҳолӣ ба сар мебарад. Ҷамоати деҳоти Пӯлодонро бо деҳаи Пӯлодонаш, ки ҳунармандони зиёди танӯрсоз дорад, мешиносанд. Зеро тамоми деҳоти Конибодомро мардуми ин деҳ бо танӯр таъмин мекунанд. Ва мо низ бо яке аз устодони ин касб, ки шогирдони зиёде бархӯрдор аз тарбияти ӯ соҳибкасб гардиданд, ҳамсуҳбат шудем.
Санавбар Исроилова яке аз танӯрсозони шинохтаест, ки устоди касби худ мебошад. Ҳамон тавре ки як шоир ба васоити калимаҳо аз хуноби дилаш мисраъ эҷод мекунад, Санавбар низ аз хок гил шӯрида, бо дастони моҳираш танӯрҳои рангоранг месозад. Маҳз аз шарофати ин ҳунараш дар ҳама чорабиниҳои фарҳангии вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок мекунад. Тафовути танӯрҳои сохтаи ӯ аз дигаронро пешавари чирадаст чунин шарҳ дод: «Мо ин касбро аз гузаштагонамон ба мерос дорем. Ва ҳар моҳ зиёда аз 15 дона танӯрҳои гуногунҳаҷм сохта ба мардум дастрас мекунем, ки нархашон аз 150 сомонӣ то 400 сомониро ташкил медиҳанд. Танӯрҳои сохтаи мо дар баробари гулкорӣ ва хаҷм бо мустаҳкамии худ низ тафовут доранд. Зеро мо барои омода сохтани як танӯр аз хоки махсуси тоза, гарди санг, пахоли шолӣ, коҳи гандум ва дигар маҳсулот бо камоли кордониву риояи меъёр истифода мекунем».
Имсол, ки 21-умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодом бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад, Санавбар ният дорад, ки аз хурдтарин танӯри сохтааш то калонтарини онро ба маъраз гузорад.
АДРАСИ КОНИБОДОМ ДАР РОССИЯ
Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо мақсади дастгирии бонувони хонашин ва соҳибкасб тамоми чораҳои судмандро амалӣ мекунад, то онҳо рӯзу рӯзгори хуше дошта бошанд. Маҳз ба ин хотир дар ҳама ҷамоатҳои шаҳри Конибодом имрӯз марказҳои омӯзишӣ-истеҳсолӣ рӯи кор омадаанд, ки бонувони зиёде ҳам касб меомӯзанд ва ҳам маҳсули дасти худро ба фурӯш мебароранд. Мутахассиси пешбари муассисаи давлатии мактаби эҳё ва рушди атласу адраси дастбофӣ ва дигар ҳунарҳои халқии вилояти Суғд дар шаҳри Конибодом Ойқон Исҳоқова, ки зиёда аз 20 нафар ҷавондухтаронро ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ҷалб намудааст, мегӯяд: «Имрӯз ҷавондухтарони мо бо нақшу нигори миллӣ ба сӯзандӯзӣ, юрмадӯзӣ ва адрасбофӣ машғуланду либосҳои миллии моро харидорони зиёд дар Россия гарм истиқбол мекунанд. Мо кӯшиш дорем, ки сехи маҳсулоти хомтайёркуниро таъсис диҳем, то нархи дастбофи мо арзон гардад. Мо ҳоло бисёр ашёро аз тоҷирони ӯзбек харид мекунем, аз ин рӯ, нархи як метр адраси мо то 20 сомонӣ мерасад. Агар ашёи хомро худ омода созем, нарх то 12 сомонӣ поин хоҳад рафт».
Баъди боздид аз марказҳои таълимӣ қаноат ҳосил намудем, ки дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бонувони кордони шаҳри Конибодом ба бозёфтҳои нодир мушарраф хоҳанд гардид.
P.S.
Ҷашни имсолаи ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодом баргузор мегардад. Мардуми сарбаланди Канди бостон мизбони чорабиниҳои ҷашнӣ хоҳанд буд.
Абдуҷалили Амон,
шаҳри Конибодом