07

Июл, 2025
Душанбе

07

Июл, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ЗАНИ ХУРДТАРИНИ САЙЁРА

 

Шаҳодатномае, ки аз ҷониби масъулини китоби рекордҳои Гиннес ба ӯ тақдим гардид, имконият дод, ки Ҷиотӣ Амге дар доираи барномаи сайру сайёҳат аз кишварҳои Япония ва Италия дидан намояд. Дар он ҷо ӯро қаҳрамонҳои дигари китоби рекордҳо Гиннес пешвоз гирифтанд ва аз наздик бо онҳо шиносоӣ пайдо намуд.

Ҷиотӣ айни ҳол 25 сол дошта, орзу дорад, ки дар оянда яке аз моделерони шуҳратманд гардад. Мавсуф ба мӯд завқи беандоза дорад. Барои худ либосҳои шинаму зебо ва мувоффиқу замонавӣ омода менамояд. Дар баробари ин, ҷавоҳиротро низ дӯст медорад, барои худ аз нуқра ҳар гуна ороишот меофарад.

Дар хонаи Ҷиотӣ ҳама чиз ба андозаи мувофиқ карда шудааст. Ҳатто рахти хоби махсус дораду тамоми ашёи истифода мекардааш сар карда аз қошуқу табақча то чойнику пиёла барояш махсус омода шудаанд. Ҷиотӣ то андозае хурд аст, ки ҳангоми сайру гашт хоҳараш ӯро дар корзинаи велосипед ҷой менамоянд.

Имрӯз ӯро дар тамоми ҷаҳон мешиносанд. Дар чандин шоу-барномаҳои телевизионӣ низ ширкат варзидааст. Ба ҷуз ин, телевизиони «National Geographic», филми ҳуҷҷатии як соатинаро аз ҳаёту фаъолияти ин бону омодаву манзури тамошобинон намудааст. Коргардонҳои болливудӣ барои нақшофарӣ дар филмҳо даъваташ намудаанд. Ҷиотӣ Амге дар чанд сериалҳо низ нақш офаридааст. Дар оянда ният дорад, соҳибмаълумот ва фаъоли соҳаи сиёсат бошад. Тибқи баъзе сарчашмаҳо Ҷиотӣ бо хурдтарин марди ҷаҳон, Чандра Бахадур Данг оиладор мебошад, аммо ин иттилоъ тасдиқи расмӣ надорад.

 

:.  Аз ҳар боб 06.06.2018 11:21 1687

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz