07

Июл, 2025
Душанбе

07

Июл, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МОДАР

 

Меҳру самимият ва ғамхориву меҳрубонии модар нисбати фарзанд аз замони дар батнаш будан зоҳир мегардад. Домони модар биҳишти воқеии инсон ва равшангари роҳи зиндагӣ аст. Ӯ дарахтест, ки решаҳояш дар қалби фарзандонаш ҷой дорад. Маҳз дунёи кӯдак аз модар ибтидо мегирад. Модар сароғози ҳамаи оғозҳо, бахшандаи меҳру муҳаббати бепоён ва раҳнамои мо фарзандон аст. Аз рахҳои чеҳрааш метавон тамоми қитъаҳои оламро дид. Ларзиши дастонаш ларзиши оламро ёдрас мекунад. Модар саропо хираду муаммост. Модар поягузори достони ҳаёт ва сароғози китоби зиндагист. Ҳамаи сахтиҳои зиндагиро бо як табассуми ширини тифлаш фаромӯш намуда, бори зиндагиро бар дӯши худ мегирад. Дар шоми торикӣ чароғи фарзандон ва дар рӯзи накӯ шамси тобон мегардад. Замоне ки ҳамаи олам дар хоби ғафлатанд, модар дар фикри гузаштаву имрӯза ва фардои ҷигарбандонаш бедорхобӣ мекашад. Қалби модар зеботарин ва ҷовидонтарин кулбаи фарзанд аст, ки онро наметавон дигаргун сохт. Фарзандон то охирин нафас барои модар кӯдак мемонанд, ҳатто он замоне ки мӯйҳои сарашон сафед шуда бошанд.

Зиндагӣ чор фасл дорад. Фасли зардаш хазон мегардонаду сардаш мемиронад, баҳораш месабзонаду тобистонаш месӯзонад, вале Модар ба ҳамаи ин сӯхтанҳову зинда шуданҳои зиндагӣ тоб меораду дар талоши ҳаёти орому осудаи фарзандонаш мудом ҷоннисорӣ намуда, даст ба дуо мебардорад. Маҳз бо дуои неки Модар фарзандони барӯмандаш оламгир шудаанд. Зиндаву ҷовидон бимон, Модари меҳрубон!

Гулшан Қосимзода

 

:.  Аз ҳар боб 29.03.2018 11:40 1706

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz