Китоби хотироте, ки дар он гардишгарону сайёҳони дохилӣ ва бурунмарзии кишвар назари худро пас аз тамошои Муассисаи давлатии ҷумҳуриявии Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор навиштаанд, бозгӯи ин гуфтаҳост. Яке дарҷ намудааст, ки Ҳисорро модаршоҳи шаҳрҳо ном бурдаанд, ки ин беасос набудааст. «Ҳисор мулкест, ки касе дар ин диёр гушна намемонад», ин андешаи нафари дувумӣ буд. Каси савум ривоятро дар бораи Хоҷаи Хизр, ки гӯё дастархонашро дар сарзамини Ҳисор афшондааст ва дар асри 16 Ҳисорро нондони Бухоро номидаанд, барҳақ мешуморад. Яъне, онҳо бо як нигоҳ ва бо эътимоди хосса аз ривоятҳое, ки дар бораи ин мулки зарнисор шунидаанд, хотироташонро навиштаанд.
Соли гузашта ба ин мавзеи таърихӣ, ки ҳамчун Қалъаи Ҳисор маъруф аст, ба ҷуз аз меҳмонони расмӣ ва ҳарбиён, танҳо бо хариди чипта 29 ҳазору 860 кас ташриф овардааст. Азбаски атрофи қалъа ба истилоҳ чун шаҳри бедарвоза аст, дар айёми иду ҷашнҳо зиёда аз 50 ҳазор кас вориди мамнуъгоҳ мешавад. Ҳамчунин, рӯзҳои истироҳатӣ аз рӯи анъанаҳои солҳои пешин навхонадорон ё арӯсу домод бо дӯстонашон дар дохили қалъа сайругашт менамоянд.
- Эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ боз таконе дар қалби мо, мутахассисони соҳаи таърихшиносию бостоншиносӣ ба вуҷуд овард, то тавонем дар ин самт тадобиру азму амали тозаеро пайдо намоем, ки диққати оламиёнро бори дигар ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳоншумули сарзамини тоҷикон ҷалб созем. Инчунин, чопи буклетҳоро дар назар дорем, то дастраси гардишгарону сайёҳон ва меҳмонони ташрифоварда намоем. Феълан, 40 мутахассиси муассисаи мазкур ба хотири сайқал ёфтани донишу маҳорати касбиашон дар Шӯрои илмие, ки дар назди мамнуъгоҳ таъсис додаем, вобаста ба таъриху фарҳанги миллати тоҷик гузоришҳо омода менамоянд ва дар рӯзномаи ноҳиявӣ нашр мекунанд. Корҳои илмӣ дар хазинаи мамнуъгоҳ нигоҳ дошта мешавад ва мутахассисони соҳаи фарҳангшиносӣ, осоршиносӣ ва таърих метавонанд дар оянда аз онҳо истифода кунанд. Дар ҳамкорӣ бо пажӯҳишгоҳи таърих дар зерсохтори мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор як пойгоҳи илмӣ - омӯзишии таърихӣ ва этнографӣ-бостоншиносӣ низ таъсис дода хоҳад шуд, ки барои дӯстдорон ва шавқмандони соҳаи осоршиносию бостоншиносӣ манбаи пайдо намудани маълумот мегардад, - иқрор меояд Зикрулло Ҷобиров, директори муассисаи мазкур.
Ҳудуди Қалъаи Ҳисор 22 гектарро дар бар мегирад ва бозёфтҳои қадимие, ки бостоншиносон дар ин мавзеъ то ба имрӯз пайдо намудаанд, ба давраи биринҷӣ тааллуқ доранд. Солҳои пеш мардуми аз аслияти хеш бехабар ин мавзеъро ба чарогоҳи гову гӯсфандон табдил дода буданд ва осеби ба иморатҳои қадима расида низ натиҷаи бепарвоии ин ашхос ба гузаштаи худ мебошад.
Мавсуф мегӯяд:
- Мавзеъҳои таърихии Қалъаи Ҳисор ҳазорсолаҳо умр доранд ва ёдгориҳо ҳифзу нигоҳубини махсус аз офиятро тақозо мекунанд. Ростӣ, бо аҳолии маҳал ба хотири нигоҳдошти ҳифзи ин ёдгориҳои беназир даст ба гиребон ҳам шудем ва, хушбахтона, ободонӣ ва бунёдкориҳои солҳои охирро мӯйсафедони деҳа дида, даст ба дуои хайр мебардоранд. Коршиносон таъкид карданд, ки аз садои мусиқӣ биноҳои қадима осеб мебинанд ва гузарондани тӯйҳои навхонадорон берун аз қалъа, дар майдони Регистон сурат мегирад.
Ба гуфтаи Раъно Ашӯрова, мудири шуъбаи тармим ва барқарорсозии муассисаи мазкур, ба хотири ҷалб намудани ҷаҳонгардону сайёҳон ва меҳмонони дохилӣ ба ин мавзеъ ободкориҳо ва созандагиҳои ҷадидро бо ҳамкории рассомон, кулолгарони корхонаи чинивории шаҳри Турсунзода, кандакорон, пайкарасозон ва ҳунармандони маҳаллӣ ба роҳ мондаанд. Муддате онҳо дар дуконҳои худ, ки дар дохили бинои қалъа мебошанд,ба истеҳсоли молу маҳсулоти қадимаи ниёгон машғул буданд ва бо ин васила ҳунарҳои дастии миллиро чун армуғон ба фурӯш мебароварданд. Аммо дарёфти рӯзӣ барояшон чандон ба осонӣ даст надод ва маҷбур шуданд, ки тарки пеша кунанд. Айни замон, дар 10 дукон армуғон аз дастранҷи бонувони маҳаллӣ ва китобҳои шоирону нависандагони тоҷик ба фурӯш бароварда шудаанд.
Муяссара Ёдгорова дар яке аз ин дуконҳо чор сол аст, ки дастранҷи хешро ба фурӯш гузоштааст. Ӯ иқрор меояд, ки қолинбофӣ шуғли дӯстдоштааш мебошад ва рӯзии хонаводааш ҳам аз пушти пешааш бувад. Ифтихор аз он мекунад, ки ҳунари миллии тоҷикон тавассути заҳмати ӯ ба хориҷиён муаррифӣ мешавад.
Директори муассиса Зикрулло Ҷобиров аз мушкилиҳо ҳарф мезанад:
- Бо дастгирии роҳбарони шаҳри Ҳисор ва Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ дар вобастагӣ ба 3000-солагии шаҳри Ҳисор мамнуъгоҳро тавонистем ба талаботи имрӯзаи сайёҳон ва гардишгарон ҷавобгӯ созем. Ҳанӯз ҳам камбудиҳо ба чашм мерасанд, ки шояд боиси нохуш шудани табъи меҳмонон бошанд. Пеши худ мақсад гузоштем, ки дар Ҷашни Наврӯз кормандонро бо либосҳои низомии қадимаи тоҷикон, яъне сипару ҷавшан таъмин намоем, то сайёҳон бо намуди либоси сарбози тоҷикон ошно гардида, худро тавонанд дар шаҳри қадимаи ниёгонамон тасаввур созанд.
Дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мутахассисони мамнуъгоҳ лоиҳае барои ҷалби сайёҳону гардишгарони 52 кишвари мусулмон ба табъ расид, ки мақсад аз таҳияи он ҳавасмандгардонии сайёҳони давлатҳои мусалмон ба мавзеъҳо ва манзараҳои дилфиребу тамошобоби Тоҷикистон, бахусус Қалъаи Ҳисор мебошад. Зеро 75 фисади ёдгориҳои таърихии мамнуъгоҳи Ҳисор мадрасаю мақбара ва ғайра аст, ки ба зиндагии мусалмонон рабт доранд.
Воқеан ҳам, бо ободкориҳою созандагиҳои кормандони ин даргоҳи маърифату фарҳанги тоҷикон -
Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор, ки симои шаҳраки қадимаро гирифтааст, ба сайргоҳи инсон мубаддал гаштааст. Садои зангӯлаи аспу аробаҳо, шодии беғаши кӯдакони болои арғунчакҳо, ки овози хандаашон ба атроф паҳн мешуд, умеди тозаеро ба ояндаи нек дар қалбҳо рӯшан мекард.
Аноҳито Неъматуллоева,
шаҳри Ҳисор