Дар Олмон
Сарфи назар аз он, ки дар рӯзномаҳо 8 март ба сифати Рӯзи байналхалқии занон ишора мегардад, дар Олмон, Иди Модарон дар моҳи май ҷашн гирифта мешавад. Дар Рӯзи Модар, занону модарони ин кишвар аз корҳои хона озод карда мешаванд.
Дар Ветнам
Мардони ин кишвар ҳамеша бонувони худро дар ин рӯз табрик менамоянд. Қаблан, 8 март дар Ветнам Рӯзи хотираи хоҳарон Чинг номида мешуд. Инҳо духтарони бениҳоят ғайюр буданд, ки ҳангоми ҷанг барои озодии Ветнам бар зиди Хитой мубориза бурдаанд. Дар ҳоле, ки артиши онҳо ба дасти душманон афтода буд, онҳо худашонро ба дохили дарё меандозанд, то ин ки таслим нашаванд. Пас аз ғалабаи сотсиализм дар ин кишвар, Рӯзи хотираи хоҳарон Чинг тадриҷан ба маросими 8-ум март табдил ёфт.
Дар Фаронса
Дар Фаронса, 8 март ба таври оммавӣ таҷлил намегардад. Ҳарчанд дар ВАО-и ин кишвар зери унвони Рӯзи Байналмиллалии занон маводҳо чоп мешаванд. Ин ҷашнро танҳо коммунистҳо ва рӯҳониҳо таҷлил менамоянд. Фаронсавиҳо Рӯзи Модарро дар моҳи май ҷашн мегиранд. Аммо аҷобаташ дар он аст, ки ин рӯз ба духтарони ҷавон ҳеҷ рабте надорад. Онҳоро танҳо дар Рӯзи Валентин табрику таҳният мегӯянд.
Дар Италия
Итолиёвиҳо ин ҷашнро мисли мардуми рус таҷлил менамоянд. Вале дар он ҷо низ ба монанди Полшаву Олмон 8 уми март рӯзи истироҳатӣ дониста намешавад. Ҷолибаш он аст, ки занон 8 мартро аз мардон ҷудо қайд мекунанд. Занҳо гурӯҳ-гурӯҳ ҷамъ шуда, бидуни мардон ба қаҳвахона ва тарабхонаҳо мераванд.
Дар Булғория
Рӯзи 8-уми март дар Булғористон ҳанӯз ҳам ҳамчун иди миллӣ ҷашн гирифта намешавад. Ҳамчун рӯзи корӣ буда, мардон дар баробари хонумҳои хеш метавонанд, ҳамкасбони ҷинси латифашонро бо ин рӯз табрик бигӯянд, вале танҳо дар корхона. Пас аз хӯроки нисфирӯзӣ, танҳо занҳои коргар метавонанд ба қаҳвахона ва тарабхона раванд, ё ин идро дар ҷои корӣ ҷашн гиранд.
Дар Чин
8-уми март дар Хитой рӯзи муқарарӣ буда, ноайён мегузарад. Дар арафаи ин рӯз дар Пекин гулҳо ва тӯҳфаҳоро аз мағозаҳо танҳо шаҳрвандони хориҷӣ, асосан сокинони ИДМ харидорӣ менамоянд. Зеро шаҳрвандони муқими ин кишвар рӯзи 8-уми мартро бидуни тӯҳфа сипарӣ менамоянд.
Дар Люксембург
Ҳанӯз дар Рими қадим аз Рӯзи Зан ҷашн гирифта мешуд, ки онро бештар Матронҳо таҷлил мекарданд. Матронҳо – заноне буданд, ки озод таваллуд ва издивоҷ кардаанд. Маҳз онҳо дар ин рӯз аз шавҳаронашон тӯҳфа мегирифтанд. Ҳамчунин, ғуломон низ дар ин рӯз соҳиби тӯҳфа мегардиданд. Ғайр аз ин, соҳибони хона ба ғуломон рӯзи истироҳатӣ эълон мекарданд. Занҳо бо либосҳои зебо ва атрҳои хушбӯй вориди маъбад мегардиданд.
Дар Тоҷикистон
Дар кишвари мо 8-уми мартро «Рӯзи Модар» ном мебаранд. Дар ин рӯз ҷинси латиф аз мардони хонадон ва ҳамкорони мард тӯҳфа аз қабили, гул, атр ва ҷавоҳироту дигар намуди онро қабул мекунанд. Рӯзи Модар ҳамчун рӯзи истироҳатӣ буда, дар ин рӯз тамоми корхонаҳо дари худро мебанданд ва коргаронаш ба истироҳат фаро гирифта мешаванд. Аммо, мағозаву фурӯшгоҳҳо ба кори худ идома медиҳанд.
Таҳияи
Бунафша Раҳмонова