Хеди Ламарр
Соли 1942 ӯ ҳамроҳ бо Ҷорҷ Антейл сохтореро ихтироъ кард, ки аз дур парвози ҳавопаймоҳоро идора карда метавонист. Ин усули алоқа имрӯзҳо дар аксарияти соҳаҳо васеъ истифода бурда мешавад, аз ҷумла дар алоқаҳои мобилӣ ва WI-FI.
Арраи мудаввар
Дар аввал ғӯлачӯбҳоро бо арраи дудаста мебуриданд, ки ғӯлачӯб танҳо ҳангоми ба пеш ҳаракат кардан арра мешуду ба қафо на. Табита Беббитт соли 1810 тимсоли арраи мудавварро ихтироъ кард, ки баъдан он дар саноати чӯббурӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Мошинаи зарфшӯӣ
Соли 1886 Ҷозефина Кокрейн мошинеро ихтироъ кард, ки зарфҳоро мешӯсту намешикастанд. Баъди 40 сол дастгоҳи Кокрейн ҳамчун ашёи лозимӣ дар рӯзгор эътироф гардид.
Шишапоккунак
Нахустин шуда соли 1903 Мэри Андерсон шишапоккунаки мошинро ихтироъ кард, ки ҳангоми барфу борон шишаи пеши автомобилро тоза мекунад.
Садонишонак барои автомобил
Чунин садополоро Эл Долорес Ҷонс соли 1917 ихтироъ кардааст, ки садои автомобилҳоро каме фурӯ нишонда, ғалоғулаи шаҳрро андаке сокит намуд.
Кевлар
Соли 1965 олима Стефани Кволек матоъи синтетикии кевларро ихтироъ кардааст. Баъдан аз ин навъи матоъ камзӯлҳои зиреҳдорро таҳия намуданд, ки ҳаёти ҳазорон низомиён ва сӯхторнишононро аз марг раҳонидааст.
Мошини барфтозакунӣ
«На танҳо хона, балки кӯчаҳо низ бояд тозаю озода бошанд»,-чунин гуфт котибаи оддие бо номи Синтия Вестовер ва соли 1892 «бобокалон»-и мошинҳои муосири барфтозакуниро ихтироъ кард.
Перископи киштиҳои зериобӣ
Тимсоли перископро Иоганн Гутенберг соли 1430 ихтироъ карда буд ва соли 1845 зани амрикоӣ бо номи Сара Мэтер барои таҳияи мукаммали он соҳиби патент гардид.
Силикон
Ҳайкалтарош Патрисия Биллингс назди худ вазифа мегузорад, то чизе ихтироъ кунад, ки дастранҷҳояшро минбаъд аз харобшавӣ боз дорад. Баъди якчанд соли озмоишҳо ӯ ниҳоят андоваи вайроннашавандаеро меофарад ва пасон ошкор месозад, ки ин мавод бар оташ хеле устувор аст.
Обполо барои қаҳва
Нахустин обполои махрутро барои қаҳва Мелитта Бентс аз варақи дафтари мактабӣ сохтааст. Ба шарафи ӯ ширкати машҳури Олмон «Мелитта» номгузорӣ шудааст, ки ба истеҳсоли обполои қаҳва даст дорад.
Уребчаҳо
Марион Донован соли 1917 сари мошинаи дарздӯзӣ нишаста, қабати обногузареро барои уребча таҳия намуд, ки он пӯсти тифлро намефишурд. Лек барориши оммавии уребчаҳои яккарата танҳо дар мобайнҳои солҳои 50-уми асри гузашта даст дод, ки муаллифи он – Виктор Миллз мебошад.
Кулчақандҳои шоколадӣ
Ҳангоми тайёр кардани кулчақанд аз рӯи дастури классикӣ Рут Уэйкфилд соли 1930 ба санҷиш шурӯъ кард ва як пора шоколадро об карда ба хамир ҳамроҳ намуд. Дар натиҷа кулчақанди хеле лазиз омода гардид, ки минбаъд Рут ҳамроҳ бо шавҳараш истеҳсоли оммавии онро ба роҳ монданд.
С.Ашӯрова