Равзанаи ошноӣ:
Воҳидзода Умеда Сафарӣ,12-уми феврали 1978 дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дохил гардида, онро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ дар соли 2003 хатм намудааст.Дар риштаҳои сохтмону меъморӣ ва ҳуқуқшиносӣ ҳам таҳсилоти олӣ дорад. Феълан, ба таҳияи рисолаи номзадӣ машғул аст.Аз соли 2011ҳамчун унвонҷӯи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳияи рисолаи илмӣ фаъолият мекунад. То 2 сентябри соли 2014 дар вазифаҳои гуногун хидмат намуда, аз сентябри 2014 то имрӯз бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №553 роҳбари Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо»-ро ба зимма дорад.
Чун ба чанд соли қабл назар афканем, хусусан дар бахши роҳбарӣ дар соҳаҳои муҳими ҷомеа, ҳузури бонувон ангуштшумор буд.Ва ё вақти иҷрои корҳои меъморӣ, бонкӣ, саноату кӯҳканӣ ва ғайра бонувон камандар кам ба чашм мехӯрданд. Хушбахтона, тайи чанд соли охир дар мавриди он ки бонувон қобилияти азхудкунии касбҳои дақиқро надоранд, нуқта гузошта шуд. Бонувон бо ҳузур ва кордониашон собит намуданд, ки аз уҳдаи ҳамагуна фаъолият баромада метавонанд.
Ба иқрори Умеда Воҳидзода: «Имрӯз мактабу маориф якеаз самтҳои асосию пешбарандаи ҷомеаи инсонӣ ва пояҳои муҳими давлатдорӣ маҳсуб меёбанд. Аз ин рӯ, рушди ҳар кишвар аз пешрафтҳо дар ин соҳа алоқамандии зиёд дорад».Ин аст, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба ин соҳаи ҳаётан муҳиму пешбарандаи ҷомеа аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти махсус зоҳир шудан дорад. Хусусан дар рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ба дастовардҳои калон ноил гардидем. Дар ин давра заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ таҳкиму тақвият ёфта, муассисаҳои тадрисии наву ба шароити замонавӣ мутобиқ сохта шуданд ва дар қисми зиёди онҳо корҳои таъмиру таҷдид сомон ёфтанд. Воқеан, дар ин замина татбиқи лоиҳаи вижа ба суди соҳаи маориф хидмати босазоро анҷом додан дорад.
Воҳидзода перомуни лоиҳаи муассисаашон мегӯяд: «Лоиҳаи мо яке аз пружаҳое ба шумор меравад, ки мақсади асосии он рушд ва беҳтар намудани таҳсилоти умумӣ ва қонеъ гардондани талаботи мамлакат ба низоми таҳсилот ва шумораи афзуншавандаи хонандагон тавассути сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии чанд мактабҳо дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошад».
Айни ҳол, корҳои сохтмониву васлгарӣ дар понздаҳ иншоот (муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ) аз ҷониби ширкатҳои сохтмонӣ тибқи талаботи Фонди Саудии Рушд, МҚС (Меъёрҳою қоидаҳои сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва талаботи Федератсияи байналмилалии муҳандисон-мушовирон (FIDIC) оғоз гардида, бо суръат ҷараён доранд ва дар сохтмони онҳо зиёда аз 2500 коргари маҳаллӣ ҷалб гардид, ки ин барои паст кардани сатҳи бекорӣ ва камбизоатӣ дар маҳалҳо мусоидат менамояд.
Бо талошҳо ва иқдому ибтикори ин бонуи донистакор танҳо дар соли 2017 даҳ муассисаи таълимӣ, аз ҷумла муассисаҳои №15 деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Фархор, №14 ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, №9 дар деҳаи Сангтӯда ва №8 дар деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Данғара, №26 дар деҳаи Баҳори Ҷамоати деҳоти Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав, №14 дар деҳаи Комсомоли Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар, №16 дар деҳаи Роҳи Нави Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ, №61 дар маркази ноҳияи Восеъ, №1 дар маркази ноҳияи Ш.Шоҳин ва №57 дар деҳаи Зулмободи ноҳияи Ёвон мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки ҳафт муассисаи мазкурро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ намуданд.
Фаъолияти ин бону на танҳо дар сохтан ва таъмири макотиби миёнаи кишвар хулоса мешавад, балки ӯ мекӯшад, ки тарҳҳои миллӣ ва нақшу нигорҳои ниёгони мо низ дар биноҳо истифода шаванд. Ин аст, ки тарҳи биноҳои сохтаи ӯ аз иморатҳои мушобеҳи солҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ мекунанд.
Ӯ мегӯяд: «Имрӯз вақти он расида, ки ба некназариҳо ва дастгириҳои Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳаи муҳими кишвар содиқона хизмат кунем ва на танҳо биноҳои имрӯзаи мо, аз мизу курсиву толорҳо иборат бошанд, балки меъмориҳои фарҳанги гузаштаи мо, ки Ғарбу Шарқ аз он истифода мекарданд,корбурд шаванд. Фаъолияти мо низ ҳамин аст, ки бори аввал тарҳи ин гуна мактабҳоро дар кишвар пиёда кунем ва дар соли равон реҷаҳои зиёдеро амалӣ намоем.»
Абдуҷалили АМОН