Ба Кумитаи рушди сайёҳӣ супориш дода мешавад, ки барои инкишофи намудҳои гуногуни сайёҳӣ, таъсиси инфрасохтори зарурӣ, омода намудани маводи иттилоотӣ ва хатсайрҳои нав дар мавзеъҳои гуногуни кишвар, инчунин, такмили қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти соҳа чораҳои зарурӣ андешида, лоиҳаи Стратегияи рушди сайёҳиро барои давраи то соли 2030 омода ва барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Эмомалӣ Раҳмон
(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон»)
Вуруди сайёҳон ба ВМКБ одатан ба моҳҳои июл - август рост меояд. Зеро ҳавои гарми муътадили тобистон беҳтарин фурсат барои давр задани минтақа аз Дарвоз то Мурғоб мебошад. Ба гуфтаи бархе аз сайёҳон дар назарашон Боми Ҷаҳон ягона гӯшаи олам аст, ки дар ин ҷо дар тобистон нишонаҳои чор фасли солро мушоҳида кардан мумкин бувад ва онҳо барои тамошои ин рангорангии шигифтангез ба ин ҷо меоянд. Аммо солҳои охир баргузории фестивалҳои ҳунар ва созу суруд маҳз дар ҳамин давра расм шудааст, ки сайёҳон мехоҳанд бо як ҳаракат 2 корро анҷом диҳанд, ҳам аз тамошои табиат ва ҳам аз ошноӣ ба ҳунарҳои мардумӣ бархӯрдор шаванд. Тобистони гузашта фестивалҳои суруду мусиқии «Боми Ҷаҳон» ва «Табиати ваҳшии 2017», ки дар Хоруғу Ишкошим сурат гирифтанд, меҳмонони зиёдро аз дохилу хориҷи кишвар гирд оварданд. Ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои вилоят ин гуна чорабиниҳоро фурсати хубе барои тарғиби анъанаҳо ва намоишу фурӯши маҳсулоти бофандагӣ, пазандагӣ, дӯзандагӣ, кандакорӣ ва амсоли инҳо медонанду корхонаҳои истеҳсолӣ, кишоварзӣ, муассисаҳои маориф ва фарҳанг низ барои муаррифӣ намудани дастовардҳояшон аз онҳо самаранок истифода мебаранд.
Ба гуфтаи бонуи ҳунарманд Бибиноз Мирзоева муаррифии фарҳангу ҳунар рӯзҳои махсус надорад, чаро ки он ҷузъи ҳаёти рӯзмарра ба шумор рафта, бояд ворисони миллати соҳибтамаддун будани худро ягон лаҳза фаромӯш насозем.
Тасаввур мекунам, сайёҳ вақте дар майдони ҳавоӣ фуруд меояд, ҳанӯз аз муҳити ин ҷо, аз чеҳра ва тарзи муомилаи марзбонҳо хидматгузорони дигар нахустин тасаввуроташро дар бораи мардуми кишваре, ки ба он қадам мегузорад, ҳосил мекунад. Агар баробари берун шудан аз толори фурудгоҳ ронандагони зиёде ба меҳмон «ҳуҷум» оранду ҳар касе ӯро ба тарафи худ кашола кунад ва талош варзад, ки «сайд»-ро аз даст надиҳаду аз ҳисобаш роҳкирои баландтар ба даст орад, бо эҳтимолияти зиёд бо ин муносибат пиндори меҳмонро дар бораи мамлакат ва сокинони он то андозае хира месозад.
Маъмулан, чунин муносибат ба мизоҷ ба бештари ронандагони тоҷик хос аст. Ба иқрори як тан сайёҳи фаронсавӣ чизе, ки дар Тоҷикистон барояш хуш меояд, ин аст, ки ронандагону фурӯшандагон байни худӣ ва бегона фарқ намегузоранд ва барои хизматрасонӣ дар масофаи муайян ва фурӯши моли худ ҳаққи баробар талаб мекунанд.
- Оре, ҳолатҳое буданд, ки ронандагоне масруфи хизматрасонӣ ба сайёҳон дар хатсайри даврӣ ба самти Вахони Ишкошим ва Мурғоб бо баҳонаҳои гуногун худсарона нархро боло мебардоштанд. Ин воқеият нигаронии мизоҷонро бармеангехт. Бо чунин афрод ҳамкориро қатъ намуда, дар назди ассотсиатсия гурӯҳи касбии ронандагонро таъсис додем, ки дар ифои вазифа масъулиятшиносанду ҳалолкор бошанд. Ин аст, ки танҳо соли гузашта бештар аз 2600 нафар сайёҳ расман аз намудҳои гуногуни хизматрасонии ассотсиатсия истифода бурд,- нақл мекунад роҳбари созмони экологӣ ва фарҳангии «Помир» Асадшо Зоолшоев.
Бино ба маълумоти мавҷуда, сайёҳоне, ки бо воситаҳои нақлиётии худашон Помирро сайр карданд, ба маротиб афзуда, шуморашон сол ба сол боло меравад. Дижҳои бостонии аҳди Кӯшониён, чашмаҳои гарм, маъбадҳои ориёӣ ва буддоӣ, табиати дастнахӯрда, қуллаҳои баланд, пиряхҳо, табиати шигифтангезу нотакрор, фарҳангу ҳунари мардум сайёҳонро мисли оҳанрабо ба сӯи худ мекашанд.
Бо ёрии роҳбарияти давлат маҳдудияту масдудаҳо, ки дар роҳи густариши сайёҳӣ ҷой дошт, бартараф гардид. Аз ҷумла, маҳдудияти сафари сайёҳони хориҷӣ ба кӯли Сарез лағв шуда, акнун ширкати маҳаллии «Сарез Травел» метавонад сайри хоҳишмандони тамошои ин кӯли афсонавиро аз маркази вилоят ташкил намояд.
Имконияти густариши сайёҳӣ дар Бадахшон хеле зиёд аст. Агар фақат кӯлҳоро гирем, ба иттилои мутахассисон дар ҳудуди Бадахшон бештар аз 140 обванди хурду бузург мавҷуд мебошад. Ин воқеият сарзамини пурасрор ва биҳиштосоро ба чашми бинандагон боз ҳам зеботар ҷилва медиҳад. Яке аз нахустин сайёҳони рус бо таассуроти амиқ аз шукӯҳи кӯлҳои минтақа онҳоро «чашмони нилгун»-и Помир унвон намудааст.
Ин кӯлро кӯҳҳои осмонбӯс дар баландии 3200 метр аз сатҳи баҳр бо захоири 17 миллиард метри мукааб оби ширин дар каф гирифтаанд. Сарезро бархе аз мутахассисон барои эҳтимолияти хатароти рахнашавӣ «аждаҳои хуфта», аммо иддае барои зебоӣ ва табиати нотакрораш «нозанини хуфта» унвон мекунанд. Кӯли Сарез ба яке аз ҷойҳои диданӣ барои дӯстдорони зиёди сайёҳии экологии дохилу хориҷи кишвар табдил ёфтааст.
Аммо бузургтарин кӯли Бадахшон Қаракӯл бо ғунҷоиши 27 миллиард метри мукааб дар ноҳияи Мурғоб, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон доман густурдааст. Ин кӯли обаш шӯру намакин ва сокиту ором дар назари роҳгузарони масири Хоруғ-Уш пораи афтодаи осмонро мемонад. Чанд сол боз дар ин кӯли баландтарини ҷаҳон мусобиқаи байналмилалии заврақронӣ доир мешавад ва сол ба сол шумораи иштирокдоронаш меафзояд.
Яшилкӯл ва Зоркӯлу Рангкӯл ҳавзҳои калони дигари Бадахшон маҳсуб мешаванд. Захираи оби Яшилкӯл баҳри ҳалли мушкилоти энержӣ дар истифода аст. Оби он дар мавсими камобӣ рӯди Ғундро, ки дар соҳили он НБО «Помир-1» бунёд ёфтааст, пур мекунад.
Аммо олами набототи нодири Зоркӯл беш аз пеш таваҷҷуҳи сайёҳонро ҷалб менамояд. Қариб ҳар як сайёҳи хориҷӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ба мамнӯъгоҳи Зоркӯл сафар кунад ва олами вуҳушу туюри онро бо чашми сар бинад. Кӯл дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ва дар масири Роҳи абрешим ҷой гирифта, сайёҳон то расидан ба он ҷо аз тамошои дижҳои бостонӣ ва чашмаҳои шифоӣ баҳравар мешаванд. Ба гуфтаи номзади улуми биологӣ Абдулназар Абдулназаров дар масири парвози парандагони кӯчӣ қарор гирифтани Зоркӯл боис шудаст, ки дар ҷазирачаҳои он ва гирдогирдаш селаи парандагони гуногуну нодир лона мегузоранд, ки маликаи Зоркӯл ва ё ғози ҳиндӣ яке аз онҳост.
Қуллаҳои бовиқору сарафрози Бадахшон рамзи мардуми сарбаланди ин сарзамин буда, «чашмони нилгун» ба ин пайкар шукӯҳ ва зебоии бештаре мебахшанд. Баландтарин қуллаҳои Осиёи Марказӣ Исмоили Сомонӣ (собиқ Коммунизм) ва Истиқлол (собиқ Ленин), пиряхҳои Федченко ва Грум-Грижимайло дар Помир ҷой дошта, ҳамасола кӯҳнавардони зиёд ба манзури фатҳи онҳо ва пажӯҳишу тамошои пиряхҳо ба Тоҷикистон меоянд. Бо ибтикори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ тарҷумонҳо дар забонҳои гуногун ва роҳбаладони сайёҳӣ омода гардидаанд. Вале дар Бадахшон, ки 97 дар садаш кӯҳсор аст, ҳанӯз мактаби кӯҳнавардӣ вуҷуд надорад. Шуъбаи навтаъсиси сайёҳии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ дар садади он аст, ки дар оянда ин нуқс бартараф шавад.
Ҳукумати кишвар барои густариши сайёҳӣ тамоми имкониятро фароҳам сохта. Ҳамакнун истифодаи оқилонаю самарабахшаш бар дӯши мост. Меҳмонхонаҳои замонавӣ, бошишгоҳҳои тафреҳи ошхонаҳо, боло бурдани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар онҳо ва фарҳанги баланди миллӣ аст, ки Тоҷикистон дар радифи давлатҳои ҷолиб барои сайёҳӣ қарор гирифтааст.
Чанде қабл шаҳрвандони итолиёвӣ: ҷавон ва духтари дӯстдоштааш маросими ҷашни арӯсиашонро, ба хотири ғалатӣ будан ва мондагорӣ, бо расму русуми маҳаллӣ ва дар хонаи урфии помирӣ баргузор намуданд. Ба бовари фарҳангшиносон дар қатори дигар имконияти сайёҳӣ фарҳанги помирисур ҳам метавонад бомуваффақият «содирот» шавад ва даромад оварад.
М. ШОҲҶАМОЛ,
шаҳри Хоруғ