Маҷалллаи «Бонувони Тоҷикистон» тасмим гирифт, ки назари чанде аз сокинони кишварро дар робита бо ин сол бифаҳмад.
- Пешниҳоди хуб аст, ба ҳамин баҳона соҳа рушд мекунад, инфросохторҳо таҷдид гардида, меҳмонхонаҳои минтақавӣ ба тартиб дароварда мешаванд. Дар баробари ин, роҳнамоҳо таҳия мегардад ва ҷойҳои сайёҳӣ эътирофгардида обод хоҳанд шуд. Тоҷикистон имконияти олии ҷалби сайёҳонро дорад. Бояд кишвар тарғиб шавад, давлат, ширкатҳо маблағҳои иловагӣ барои рушди ин соҳаро дарёфт намоянд.
Директори Китобхонаи ба номи А.Лоҳутӣ,
Абдуқодири Абдуқаҳҳор
- Мамлакатҳои мутамаддини дунё аз ҳисоби сайёҳӣ ҳамасола фоидаи зиёд ба даст меоваранд. Хусусан кишварҳое, ки таърихи куҳан доранд барои рушди сайёҳӣ корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонанд, ки диққати сайёҳонро ба мамлакати худ бештар ҷалб намоянд. Тоҷикистони азизи мо низ яке аз кишварҳое мебошад, ки мавзеъҳои зиёди таърихӣ ва куҳҳои сарбафалаку дараҳои хушобуҳавои зиёд дорад. Дараҳои зебои Варзобу Ромит, кӯлҳои Искандаркӯлу Кӯли Калон, Ҳафткӯлу Чилучорчашма ҳамеша барои қабули сайёҳони дохилию хориҷӣ омодаанду кӯҳҳои осмонхароши Бадахшону Зарафшон гӯшаҳои зеботарини кишвари азизамон маҳсуб меёбанд. То ба даст овардани истиқлолият ин мавзеъҳои биҳиштосои сайёҳӣ ба сатҳи ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида нашуда буд. Соли 2018-ро «Соли Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон айни муддао буда, барои ободу зебо гардонидани мавзеъҳои туристии кишварамон ва бо ин роҳ ба кулли ҷаҳон шинос намудани ҳар гӯшаю канори кишвари азизамон, муфиду саривақтист.
Абдувоҳиди Зевар
- Иқдоми раисиҷумҳур дар мавриди эълон намудани соли 2018 – «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» хеле саривақтист. Аммо эълон намудани сол ба унвоне танҳо як паҳлӯи масъала аст, паҳлӯи дигар чигуна амалишавии чорабиниҳо баҳри беҳбуди ин ду бахш- ҳам сайёҳӣ ва ҳам ҳунарҳои мардумист. Мо умед дорем, ки имсол соли "коғазӣ" нашаваду балки як соли комилан "амалӣ" ба анҷом бирасад.
Дӯстмурод Саид
- Тоҷикистон аз ҷиҳати зебоӣ, дар дунё ҳамто надорад ва дорои экосистемаи табиӣ мебошад. Барои ҷалби сайёҳон табиат ба сарзамини мо ҳадяҳои фаровон ва имкониятҳои зиёд додааст. Танҳо лозим меояд, ки дар ин замина инфрасохтори сайёҳиро ҳарчӣ зудтар бояд тарҳрезӣ намуду бунёд. Дар ин росто, бо пайдо шудани харидор, ҳунарҳои мардумӣ ва молу колои хотиравӣ (сувенир) беш аз ҳарвақта рушд хоҳанд кард. Бисёр мехостам, ин сол ба соли шиорҳо табдил наёбад, балки дар ин самт корҳои амалӣ бештар шавад.
Муовини ректор оид ба илм,
инноватсия ва робитаҳои байналмилалии
Донишкадаи куҳӣ-металлургии Точикистон,
номзади илмҳои геология ва минералогия
Замониддини Зайниддин
- Бисёр ҳам пешниҳоди хуб ва саривақтист. Зеро бо дарназардошти он ки табиати Тоҷикистон нотакрор аст, мардуми мо қариб, ки дар бораи сайёҳӣ таасуроте надоранд. Онҳо намедонанд, ки сайёҳӣ ба кишвар миллионҳо доллар фоида меорад ва метавонад ба иқтисодиёти кишвар фоидаи ҳангуфте ворид намояд. Ҳамчунин дар натиҷаи рушди соҳа мардум муносибат бо миллатҳои гуногунро ёд мегиранду забон меомӯзанд ва дарк хоҳанд кард, ки роҳнамоӣ ба онҳову бо ҷой додани сайёҳон дар хонаҳояшон ба иқтисоди оилаашон маблағи хубе ворид хоҳад гашт. Дар баробари ин, тараққиёти соҳа метавонад сафи бекоронро дар кишвар кам созад.
Маҳдӣ Собир
Таҳияи
Бунафша Раҳмонова