07

Июл, 2025
Душанбе

07

Июл, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ДОСТОНИ ИШҚИ БЕМИСЛ

 

Муҳоҷирзани нозукандоми рангинхаёл, ки шефта ва парваришёфтаи осору ашъори Пушкину Тютчев буда, шеъри бофта аз мафҳуму вожаҳои чортароши дурушту мустаҳками шоири шуҳратдори шӯравӣ, «яхшикане» аз кишвари Шӯроҳоро хеҷ қабул надошт. Дунёи пуршарру шӯри беҳадду ҳудуд, неруи саршор аз эҳсосоти сӯзону саркаши ӯ занро метарсонд. Нигоҳҳои гарму муҳаббати бемислаш суханони танида аз ишқи сӯзон ва пур аз рамзу розаш ба дили ӯ роҳ наёфтанд. Маяковский тани танҳо, маъюсу ноумед ба Маскав баргашт. Ишқи ногаҳонӣ ба хонаи дилаш як дунё андуҳ овард, сӯзи ниҳони қалбашро муҳаббатномае кард бо нидои «Нома ба Татяна Яковлева» бо сатрҳои зер:

Ҳароина туро рӯзе ба даст орам,

Туро танҳо ва ё ҳамроҳ бо Порис…

Назди зан дастагул­ҳо монданд… аниқтараш ГУЛҲО. Маяковский маб­ла­ғи шеъру суханрониҳояшро дар маҳфилҳои шаҳри Порис бо шартнома ба суратҳисоби фирмаи гул­фурӯшӣ гузаронд ва хоҳиш намуд, ки ҳар ҳафта аз зеботарин гулҳои олам, бунафшаҳои пармӣ, сад­баргҳову лолаҳои сиёҳ, гулҳои довудию миноӣ ва аз саҳлабгул дастагуле созанду ба Татяна Яковлева бубаранд.

Ва минбаъд он фирмаи шуҳратдор мувофиқи фармудаи муштарии шӯридадил бетаъхир супоришро иҷро мекард: чаҳор фасли сол аз гулҳои гуногун дастагули бошукӯҳи афсонавӣ сохта, ангушт ба дари Татяна Яковлева мезад ва мегуфт: «Аз Маяковский!».

Соли сӣ Маяковский дун­ёро падруд гуфт ва хабари маргаш занро ба гунае ошуфтаю парешону маъюс кард, ки гӯё замин зери пояш фурӯ рафт. Аз дунёи рангини дастагулҳо зан симову ҳузури ӯро ҳамеша эҳсос мекарду ба ҳақиқат будани ин афсонаи зебо бовар дошт. Бидуни хостаи зан, ҳарчанд онҳо якдигарро намедиданд, вуҷуди як тане, ки ӯро аз самими дил дӯст медошт, бар ниҳоду бунёдаш ҳар замон такон мезад, ба ҳама рагу пайванди зиндагияш тори заррини муҳаббат кашида буд. Он чуноне ки Моҳ бо будану чархиданаш дар наздикиҳои Замин ба зиндагии он дахл мекунад.

Идомаи зиндагияшро зан бидуни он ишқи омехта ба ҷунун, ки пайваста ба сурати гулҳо ба суроғашу дидораш меомад, ҳеҷ тасаввур карда наметавонист. Алорағми ҳама аз боби марг ҳарфе набуд, дар қарордоди шоири ошиқ бо гулфурӯш. Ва рӯзи пас аз марги шоир фирис­тода бо дастагули зебо ва хитоби «Аз Маяковский!» дар остонааш пайдо гашту хонаи дили зан дигарбора пурнур шуд.

Ишқи ростин фаротар аз марг аст, гуфтаанд, вале на ҳар кас қодир аст ин фармударо дар зиндагӣ амалӣ созад, аммо Владимир Маяковский тавонист! Ҳатто пас аз ин дунёро тарк кардани шоир дастагули пуршукӯҳи муҳаббат бо бастаи ишқ солҳои 30 ҳам меомаду ҳангоме, ки номи шоир кам–кам аз ёдҳо фаромӯш шуда буд, низ пайваста меомад. Солҳои ҷанги ҷаҳонии дуюм Порисро фашистҳо истилоъ карданд, хавфи гуруснагию қашшоқӣ муҳитро фаро гирифта буд. Зан дастагулҳои бемонандро дар хиёбонҳо мефурӯхт ва худро аз чанголи гуруснагӣ раҳо месохт. Агар ҳар гул вожаи «дӯст медорам» буд, ҳамин вожа солҳо занро аз марг наҷот дод. Баъд артиши иттифоқчиён Порисро озод кард ва андак пас, ки русҳо вориди Берлин шуданд, ӯ ҳамроҳи ҳама аз хушбахтӣ ашк рехт, аммо гулдастаҳои беҳамто ҳамоно меомаданд ба суроғу дидорбинии он зане, ки ишқи Маяковскийро замоне рад карда буд. Пеши чашми зан фиристодаҳои ҷавони гулфурӯш пир мешуданду ҷои онҳо ҷавонҳо меомаданд ва ин тозаомадаҳо нағз медонистанд, ки онҳо ҳиссае аз он қиссаи бузург ҳастанд.

Ва чун рамзе, ки ба онон иҷозаи вориди абадият шудан медиҳад, бо табассуме роздоре мегуфтанд: «Аз Маяковский!» Гулдастаҳои Маяковский дигар бахше аз таърихи Порис шуда буданд. Ин ҳақиқат аст ё бофтае зебо? Анҷоми солҳои ҳафтод, муҳандис Аркадий Ривлин ин дос­тонро аз модараш шунида буд ва орзу мекард, боре ба Порис биравад ва……Тат­яна Яковлева зинда буду ӯро ба хушнудӣ пазируфт. Гирди хон то дер аз ину он гуфтанд. Ин хонаи озодаву роҳат ба поси он афсонаи зебо пур аз гул буд. Ривлин натвонист нохун ба тори эҳсосоти пирзани бовиқор занад, ин корро рафторе дур аз одоб донист. Аммо дар кадом лаҳзае забон аз фармонаш бадар рафт:

- Рост аст, ки солҳои ҷанг дастагулҳои Маяковский Шуморо аз марг наҷот доданд? Мешавад, тӯли ин ҳама солҳо…

Татяна гуфт:

- Чоятонро нӯшед. Ё шитоб доред?

Ва ин дам садои занги дар баланд шуд. Ин гуна гулдастаи пуршукӯҳро Ривлин хеҷ гоҳ надида буд, чун ҳамеша дастагуле аз довудигулҳои японӣ, ки як бағал офтобро мемонду фиристода аз бузургии он пасаш дида намешуд. Ва аз паси ин «як бағал офтоб» садо омад: «Аз Маяковский!»

Таҳияи
Лутфия Қурбонова

 

:.  Аз ҳар боб 09.01.2018 09:42 1992

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz