07

Июл, 2025
Душанбе

07

Июл, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ФАРБЕҲӢ ВА ОҚИБАТИ ОН

 

Қаблан чӣ гуна метавон бо вазни зиёдатии бадан мубориза бурд, зеро фарбеҳӣ намудҳои гуногун дошта, сабаби аслии он истеъмоли нодурусти ғизо мебошад. Вақте инсон хӯроки зиёд истеъмол менамояд, вале дар буния сарфи калорияи ғизо кам аст, яъне, аз камҳаракат будан ҷараёни фарбеҳшавӣ оғоз меёбад. Ва бешак, сабаби фарбеҳӣ дар байни занҳо ин вайрон шудани ҷараёни мубодила дар буния, вайроншавии ҳормонҳо ва камҳаракатӣ мебошад.

Пештар аз бемории фарбеҳӣ шахсони сарватманд азият мекашиданд, чунки имконияти зиёди пулию молии онҳо нисбат ба нафарони камбизоат бештар буд. Ғизои истеъмолшавандаи сарватмандон асосан гӯшти серравған, намудҳои гуногуни ширинию кулчақандҳо, орди ба истилоҳ сафед ва дигар маҳсулоти аз карбогидратҳо бой, инчунин мавриди истифода қарор додани нӯшокиҳои спиртӣ буда, хавфи зиёди гирифторшавӣ ба бемории фарбеҳиро ба миён овардааст, бахусус байни бонувон.

Албатта, таркиби он маҳсулоте, ки ба мо табиат ҳадя намудааст, ба мисоли маҳсулоти лӯбиёгӣ, ғалладона ва меваю сабзавот аз витамину моддаҳои минералӣ бой мебошанд ва мусаллам аст, ки истеъмоли ҳаррӯзаи ҳамин намуд маҳсулот ба саломатии инсон аз фоида холӣ набуда, ҳатто бемории фарбеҳиро пешгирӣ менамояд. Сабаби дигари фарбеҳӣ миёни одамони аз нигоҳи иқтисодӣ таъминбуда нарасидани витаминҳои табиӣ ва микроэлементҳо мебошад, ки дар сурати зиёд истеъмол намудани шириниҳо аксарашон ба бемориҳои диабети қанд, вайроншавии тартиби кори рагҳои хунгарди қалб, ва дарди ғадуди зери меъда мубтало мегарданд.

Ғайр аз ин, инсон дар буния нигоҳ доштани мувозинати калорияҳоро ба воситаи корҳои ҷисмонӣ риоя намояд. Зеро риояи мувозинат шахсро чусту чолок ва мавзунқомат мекунад.

Баъдан, асоси маҳсулоти истеъмолшавандаи бештари одамон имрӯз картошка, равған, биринҷ, намак, хӯришҳои тунд ё худ бо истилоҳ приправа байни мардум маъмул аст, мебошад ва хеле иштиҳоовар ҳам ҳаст, боиси фарбеҳӣ шуда метавонад.

Барои он ки вазни инсон ба як меъёри муқаррарӣ расад, бояд қаблан меъёри вазнашро донад, вале на ба он ҳолате, ки барои эмин мондан аз бемории фарбеҳӣ бояд пӯст болои устухон шуд. Зеро медонем, ки аз ҳад лоғар будан ҳам чун бемории фарбеҳӣ ба инсон маризиҳои дигарро ба бор меорад. Ва ҳамчунин, лоғарӣ низ аз вайроншавии кори меъдаю рӯдаҳо дарак медиҳад.

Чуноне қайд кардем, маҳсулот аз ғалладона, ҳамаи намудҳои лӯбиёгӣ, инчунин меваю сабзавоти тару тоза, пиёз, сирпиёз, чормағз ва нони сабӯсдор бунияро аз моддаҳои заҳрдор ва дажғол (токсинҳо ва шлакҳо) тоза мекунанд, ки садди роҳи вазнгирии зиёдатӣ дар организм мебошанд.

Аз истеъмоли фаст-фуд, ки имрӯз аксари одамон, махсусан ҷавонон аз он бештар истифода мекунанд, бояд худдорӣ намуд. Зеро онҳо дар таркибашон рангҳо ва хушбӯйкунандаҳои кимиёвӣ, хокаи соя (соевый порошок) ва оҳари картошка доранд, ки ба хотири хуштаъму лазиз шудан ва барои пешрафти тиҷораташон онро пешкаши истеъмолкунандаҳо менамоянд. Аз ин рӯ, вазъи ҳормонҳо дар бунияи инсон тағйир ёфта, бо мувозинати туршшавӣ иваз мегарданд ва аз организм тамоми моддаҳои фоидабахшро мешӯянд. Дар натиҷа қанд ва оҳар дар бадани одам ба чарбу табдил ёфта, бо мурури вақт қабат-қабат зиёд мешавад.

Хӯрок бояд аз маҳсулоти табиӣ омода шуда бошад ва нӯшидани нӯшокиҳо низ аз фоида холӣ нест. Бахусус, чойи кабуд бо лимон барои вазни зиёд нагирифтан кӯмак мерасонад. Дар сурати баръакс, оби тоза нӯшед. Машқҳои ҷисмонӣ барои мубориза бо фарбеҳӣ қулай мебошад, чунки тамрин гардиши хунро ба танзим дароварда, рагҳоро аз холистерин пок месозад.

Қутбия

 

:.  Аз ҳар боб 20.12.2017 11:01 2831

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz