07

Июл, 2025
Душанбе

07

Июл, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ДАЛЕЛҲОИ АҶИБ ДАР ХУСУСИ СОЛИ НАВ

 

2. Аввалин тӯби шишагин барои арчаи солинавӣ дар Тюринг (Саксония), дар асри 16 сохта шудааст. Фурӯши бозичаҳои солинавӣ низ аввалин маротиба дар миёнаи асри 19, дар Саксония ба роҳ монда шудааст. Бозичаҳоро аз шиша ва картон омода намуда, пасон онҳоро бо рангҳои гуногун рангубор менамуданд.

3. Соли 1895, бори аввал бо гирляндҳои электрикии равшандиҳанда дарахти арчаи Кохи Сафеди Амрико оро дода шудааст.

4. Анъанаи ҷашнгирии Соли Нав санаи 1-уми январ, дар Русия соли 1700 бо фармони Петри 1, ба роҳ монда шудааст. То ин замон, соли нави масеҳӣ 1-уми март ва дунявӣ 1-уми сентябр ҷашн гирифта мешуд.

5. Соли 1903, дар маҷаллаи кӯдаконаи «Малютка», аввалин маротиба бахшида ба соли нав шеъри Адамова Раиса Кудашёва бо номи «В лесу родилась ёлочка» нашр гардид. Баъд аз ду сол, оҳангсоз Леонид Карлович Бекман ба матни суруд оҳанг эҷод намуд, ки то ҳол суруди машҳур ва дӯстдоштании ҳамагон аст.

6. Сар аз соли 1918 то 1935, арча ҳамчун рамзи рӯзи Мавлуди Исои Масеҳ манъ карда шуд. Соли 1935, бо фармони Сталин арча ҳамчун рамзи Соли нав дониста шуд ва ситораи Вифлеевӣ бошад, ҳамчун ситораи панҷгӯша шинохта шуд. Ҳамон замон, бори аввал Бобои Барфӣ ва Барфак арзи ҳастӣ намуданд.

7. Шурӯъ аз соли 1949, 1-уми январ ҳамчун рӯзи истироҳатӣ дониста шудааст.

8. Бобои Барфии русиягӣ рӯзи мавлуди худро 18-уми ноябр ҷашн мегирад. Маҳз дар ин рӯз, дар зодгоҳаш Устюги Бузург зимистони қаҳратун омада, яхбандӣ мешавад.

9. Дар Рими қадим Соли нав моҳи март ҷашн гирифта мешуд. Маҳз дар ин вақт корҳои саҳроӣ оғоз мешуданд. Соли 46-и то милод, императори Рим - Юлий Сезар ҷашн гирифтани соли навро ба 1-уми январ гузошт ва дар тақвими юлианӣ ҷой дода шуда, дар тамоми Аврупо паҳн гардид.

10. Дар Англия, солҳои дароз Соли нав 25 март ҷашн гирифта мешуд ва танҳо соли 1752 онро ба санаи 1 январ гузарониданд. Дар Шотландия аз ҳамон замон, Соли нав 1 январ оғоз гардид. Эскимосҳо Соли навро бо боридани барфи аввалин ҷашн мегиранд.

11. Дар Куба, дар Соли нав ҳамаи зарфҳои хӯрокхурии хонаро бо об пур мекунанд, ки пасон дар шаби Соли нав ҳамаи онҳоро ба берун бурда мерезанд, то ин ки тамоми гуноҳҳояшон шуста шавад. Соли навро дар Куба рӯзи Подшоҳон ном мебаранд.

12. Дар Юнон, сардори оила дар шаби Соли нав ба кӯча баромада, аз назди девори хонааш анор ҷамъ мекунад. Бо ин кор барои ӯ шахсони аноргузошта дар ҳамаи самтҳо барор орзу мекунанд.

13. Соли нави мусулмонон Наврӯз аст, ки онро одатан дар баҳор, санаи 21 март ҷашн мегиранд. Ин рӯзро дар кишварҳои мусалмонӣ на камтар аз 5 рӯз ҷашн мегиранд.

14. Дар Италия анъанаи ғайриоддие вуҷуд дорад. Дар арафаи Соли нав тамоми лавозимоти кӯҳнашуда, сар карда аз либос, зарфҳои хурокхӯрӣ ва ҳатто мебелҳоро тариқи тиреза ба берун мепартоянд. Гумон меравад, ҳар қадаре, ки чизҳои кӯҳна дар шаби Соли нав ба берун партофта шавад, ҳамон қадар сарвату боигарӣ ва муваффақият дар Соли нав бештар мешавад.

15. Соли 1843, дар Лондон аввалин табрикномаи солинавӣ чоп шуд, ки ҳамин тариқ анъанаи табрик кардан бо воситаи он ҷорӣ гардид. Анъанаи гузоштани тӯҳфаҳо дар зери дарахти арчаи солинавӣ дар Русия дар асри 18 пайдо шуд, ки то имрӯз идома дорад.

16. Дар афсонаҳои халқии Русия Бобои Барфӣ бо номҳои гуногун навишта шудааст. Аз ҷумла, Мороз Иванович, Мороз Красний Нос, Зимник ва Дед Трескун. Яке аз анъанаҳои қадимаи Русия – оро додани дарахти арча бо шириниҳо ва бозичаҳо бояд дастӣ омода карда шаванд.

Таҳияи Бунафшаи А.

 

:.  Аз ҳар боб 19.12.2017 04:05 2472

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz