Таҳияи субҳонаи гарм барои тамоми афроди хонавода, аз мавридҳое ҳаст, ки занони ҷопониро водор месозад, то ҳар рӯз 5-и субҳ бархезанд ва баъд аз таҳияи субҳона фарзандони худро ба мактаб равон кунанд.
Пас аз мураттаб кардани хона, занон худро барои кор дар муҳитҳои иҷтимоӣ – корхонаҳо ва ширкатҳо омода мекунанд. Ҳар зани ҷопонӣ баъд аз тамом шудани кори худ, ҳангоми бозгашт ба хона, ҳатман ба супермаркети маҳалла даромада, барои таҳияи шом ва субҳонаи фардо харидорӣ мекунад.
Онҳо то бозгаштани шавҳарашон аз кор ба хона, ба таҳияи ғизо машғуланд. Дар баробари он ки корҳои хонаро анҷом медиҳанд, аз тарафи дигар ба дарсҳои фарзандон низ кумак менамоянд. Воқеият он аст, ки занони ҷопонӣ аз мардони ин кишвар бештар заҳмат мекашанд ва фаъолият менамоянд.
Занони ҷопонӣ мӯйҳои нарм доранд. Бонувони ҷопонӣ ороишро бисёр сода анҷом медиҳанд. Дар ин кишвар мардон мӯйҳои худро чарб мекунанд ва занон мӯйҳои кӯтоҳ доранд. Аммо мӯйи духтарон баланд ва ҳамроҳ бо чатре аст, ки ин тафовути ороиши мӯй яке аз аломатҳои издивоҷ дар миёни бонувони ҷопонӣ аст.
Кимоно либоси суннатӣ ва расмии мардуми Ҷопон аст. Кимонои занҳо умдатан аз ҷинси абрешим аст ва шалвори он рангҳои равшан дорад. Ин либос дар занон тавассути шолҳои паҳни абрешимӣ (камарбанд), ки нақшу нигор дорад, баста мешавад.
Остинҳои он кушод аст ва ба унвони ҷайб истифода мешавад. Ба ин тартиб, ки дар он дастмол ё кифи пули махсуси худро, ки аз порчаи зарбофт аст, қарор медиҳанд. Кимонои занҳо аз абрешим аст ва бояд дар зери он зерпӯши абрешимӣ ва сафед пӯшида шавад.
Он чи барои ҳам мардон ва ҳам занон муҳим аст, ин пӯшидани ҷӯробҳои сафед аст. Пӯшидани кимоно ба маҳорате хос ниёз дорад ва аз ин рӯ омӯзиши он тавассути бобову бибиҳо анҷом дода мешавад. Навъи ороиши мӯй ва шеваи бастани шолҳои паҳн ба даври камар, занон ва духтарони ҷопониро аз якдигар фарқ мекунонад.
Шахсияти занон ва духтарони ҷопонӣ дар либосҳои кимоно бисёр мутафовиттар аз он аст, ки ҳар рӯз дар иҷтимоъ зуҳур доранд. Зеро роҳ рафтан, нишастан, бархостан ва одоби муошират дар ин либос бисёр вижа ва хос сурат мегирад. Муҳимтарин мавзӯи одоби муошират дар либоси суннатии Ҷопон тариқи нишастан аст, ки ба он «ясзо» гӯянд. Ба иллати бастани шол ба рӯи шикам даври камар, бадан комилан мустақим аст ва ҳаргиз набояд хам шавад. Мактабҳое махсус вуҷуд доранд, ки шеваи зиндагии суннатӣ, аз ҷумла пӯшидан, роҳ рафтан ва одоби муошират марбут ба либоси кимоноро меомӯзанд.
Ҷопониҳо ғизои худро бо ду чӯби нозук, ки онро «ҳошӣ» мегӯянд, тановул мекунанд, ки дарвоқеъ нақши қошуқ ва чанголро дорад. Ғизои гарм, ки тавассути зани хонавода таҳия ва пухта мешавад, биринҷ аст. Ҷопониҳо дар хона умуман аз зарфҳои кучак (хурд) барои сарфи ғизо истифода мекунанд.
Таҳияи Бунафша А.