07

Июл, 2025
Душанбе

07

Июл, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

НОБИҒАЕ, КИ НОБИНО ВА НОШУНАВО БУД

 

Ба нобиноиву ношунавоии худ нигоҳ накарда Ҳеллен бисёр кӯдаки зиндадил ва хушҳол буд. Вале Ҳангоми бозӣ бо кӯдакон, ӯ ба ҳаракати даҳони онҳо таваҷҷӯҳ мекард, мехост худаш ҳам чизе бигӯяд, аммо ҳарчанд кӯшиш ҳам мекард чизе гуфта наметавонист ва ҳамон лаҳза эҳсоси нороҳатӣ мекард, ки аз дигарон фарқ дорад. Аз ин хусус асабӣ мешуд ва ҳар чизи дар атрофаш бударо зада мешикаст.

Падар ва модари Келлер бо Александр Гроҳом Бел, ки омӯзгори ношунавоён буд тамос гирифтанд. Вақте Гроҳом Бел Ҳелленро дид аз ҳуши зотии ӯ пай бурд. Ба хонаводаи Ҳеллен пешниҳод кард, ки омӯзгори ҷавон ба номи Эн Салливанро ба хидмат бигиранд, то ба Ҳелан дарс биёмӯзад. Вазъияти молии хонаводаи Келлер хеле хуб буд ва онҳо метавонистанд барои фарзандашон омӯзгори хусусӣ бигиранд, аз ин рӯ бо хонум Салливан тамос гирифтанд.

Энн Салливан худ низ аз биноии каме бархурдор буд. Ӯ дар институти Перкинса дар Бостон, ки барои нобиноён ва ношунавоён буд ба таҳсил пардохт. Хонаводаи Ҳеллен ӯро дар 21-солагӣ ба хидмат гирифтанд то бо онҳо зиндагӣ кунад ва ба Ҳеллен дарс бидиҳад. Салливан роҳеро ба кор бурд, ки Ҳелен битавонад онро дарк кунад. Ин роҳ шомили нишонаҳое буд ва бо гузоштани ин нишонаҳо рӯйи кафи даст вай онҳоро дарк мекард.

Баъд аз се моҳи омӯзиш ӯ тавонист ба дӯсташ бо хатти Брайлӣ мактуб ирсол намояд. Ӯ ба китобхонӣ он қадар шавқу рағбати зиёде пайдо карда буд, ки ҳатто шабҳо рӯи рахти хобаш китобҳоеро, ки бо хатти Брайлӣ навишта шуда буд мутолиа мекард.

Бо баҳрагирӣ аз ин равиш, духтари ҷавон ба таври беназире қодир ба ёдгирӣ шуд. Вай бо кӯмаки Энн Салливан ба яке аз бузургтарин занони дунё табдил ёфт.

Марк Твен – нависандаи бузурги амрикоӣ, ки навиштаҳояш ҷонибдорони бешуморе дорад, дар яке аз осарҳои худ навишт:

«Ҷолибтарин шахсиятҳои қарни нуздаҳум ба назари ман ду нафар буданд – Напалеон Бонапарт ва Ҳеллен Келлер»

Замоне, ки Марк Твен ин суханонро ба забон овард, Ҳеллен Келлер 15 сол дошт ва ҳанӯз машҳур нашуда буд. Ба иборати дигар, Марк Твен бо тезҳушии хоси худ фаҳмида буд, ки рӯзе Ҳеллен яке аз ҷолибтарин ва шигифтангезтарин занони қарни бистум хоҳад шуд. Ҳеллен Келлер ба коллеҷи Рэдклифф рафт ва бо кӯмаки Салливан, ки суханрониҳоро рӯйи кафи дасташ нишон медод коллеҷро хатм кард. Ҳангоми таҳсили ӯ Маҷаллаи «Ladies Home Journal» аз Ҳеллен дархост кард то зиндагиномаи худро бинависад ва аз ин роҳ ба кунҷковиҳои беинтиҳои мардуми саросари ҷаҳон посух диҳад. Ӯ зиндагиномаи худро навишт ва онро «Достони зиндагии ман» номид. Ва соли 1903 «Достони зиндагии ман» ба шакли китоб аз чоп баромад. Ҳеллен ҳамчунин омӯхт, ки чи гуна бо даст расондани ангуштонаш рӯйи гулӯи хонум Салливан ва пайравӣ аз ларзишҳои он сухан бигӯяд. Ӯ нахустин нобино ва ношунавое буд, ки ба унвони донишҷӯйи беҳтарин коллеҷро дар 24-солгиаш соли 1904 хатм кард.

Ҳеллен Келлар дар саросари зиндагии худ бо шумори зиёде аз афроди номӣ ва саршинос ва ҳамчунин афроде, ки дар даврони зиндагии ӯ ба Раёсати Амрико расида буданд, дидор кард. Ҳеллан бо ҳис кардани ларзишҳои скрипка метавонист бигӯяд, ки оҳангсози мусиқии навохташуда кист.

Ӯ бештари вақташро бо ширкат дар суханрониҳо ҳамроҳи Энн Салливан, омӯзгор ва дӯсти азизаш сипарӣ кард. Ҳамон сол омӯзгори Ҳелан – Салливан издивоҷ кард, аммо бо гузашти муддати замони кӯтоҳе аз ҳамсари худ ҷудо шуд ва назди Ҳеллан бозгашт. Келлар китобҳои гуногунеро мунташир кард.

Ба он нигоҳ накарда, ки Ҳеллен наметавонист худаш чизе бинависад ӯ муаллифи 7 китоб аст. Вай дар баробари маҷмӯаи «Зиндагии ман» мақолаҳои бешумор дар заминаи нобиноӣ, ношунавоӣ, масоили иҷтимоӣ ва ҳуқуқи занҳо ба риштаи таҳрир даровардааст.

Ӯ 1-уми июни соли 1968 дар сини 87-солагӣ аз дунё чашм пӯшид.

Таҳияи Бунафша

 

:.  Аз ҳар боб 08.12.2017 10:07 1576

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz