Русҳо ин моҳро «грудень» ё «груздень» (грудьн) меномиданд, ки бо лою барфи яхбастаи тӯда ё хирворшуда дар иртибот буд. Ҳамзамон, дар асрҳои ХVI-ХVII маънии «роҳи вайрони яхбаста»-ро низ медод.
Ноябр дар мардуми славян, аз русҳо кашида то лаҳистониҳо, сербҳо, чехҳо, булғорҳо бо номҳои хазонрез (листопад, листогной), бадроҳ (бездоржник), пурлойу чан (слякоть), моҳи ало (чёрнотроп), сарахбори сардиҳо (запевка холодов), шум ва ғ. унвон гирифта буд. Бурятҳо бо ях кардани об ин моҳро мешинохтанд ва бо тақвими эвенкҳо оғози шикор ба шумор мерафт.
Дар бештари аз мардумон 1-уми ноябр гусели тирамоҳ ва ҳаштум-Рӯзи волидайн, яъне поси хотир маҳсуб меёфт. Занон либосҳои ҳунармандона дӯхтаашонро намоиш дода, барои ҳамсарони оянда фол мекушоданд. Ноябр ҳини бекорист ва намоиши арӯсон низ буд.11-уми ноябр ҷашни шубонон ба ҳисоб мерафт. Рӯзи парандаи кучак – соч (момоҷурғотӣ), ки дар нест кардани ҳашароти зиёновар мададгори инсон аст, шинохта мешуд. Барояшон лона месохтанд.
Миёни халқҳо ривояте вуҷуд дошт, ки зимистони ҷавонбахт бо аспи аблақ (холдор) меояд, ҳама ҷоро сафед мекунад, пулҳои булӯрӣ дар рӯду толобҳо бунёд месозад. Дар сар тоҷ аз булӯр, ангуштарии аз қирав, дар миён камарбанди садафӣ дорад. Лаҳнаш ширин, дилаш пурсӯз ва нигоҳаш сард аст. Дар шимол амали сардиҳо бо оҳангарӣ шабеҳ дониста мешуд. Ноябр оғози шабнишиниҳост. Суруд мешуниданду қиссаву ривоятҳо ва достонҳои халқӣ аз паҳлавонону родмардон ва ошиқони нокому саодатманд.
Аз 22-юми ноябр Офтоб аз бурҷи Тарозу (Мизон ) ба бурҷи Ақраб роҳ мепӯяд, ки занҷираи ситорагони зеборо пайвастааст. Санги моҳ забарҷад ва рамзаш гули довудӣ мебошад.
Обонмоҳ
Моҳи ҳаштум аст, ки аз 22-юми октябр (мутобиқ ба соли 1396 ҳиҷрии хуршедӣ) шурӯъ мешавад. Ба мушоҳидаи мардум дар ин моҳ обҳо аз боронҳо зиёд мешаванду захира. Аз баҳри кишт Офтоб дар бурҷи Ақраб бошад. Аз ин рӯ, Обонро фариштаи Об г????ӯянд. Аз Масъуди Салмон?
Моҳи Обон чу оби ҷӯй бибаст,
Оби ангур бояд андар даст.
Он накутар, ки шод бошӣ, шод,
В-он накутар, ки маст хусбӣ, маст.
Шод бинишину бода хӯр, к-имрӯз
Гетӣ аз ранҷ расиду аз ғам ҷаст.
Дар ин миён рӯзе ҳам ҳаст, бо унвони Обонрӯз, ки 10-уми ҳар моҳи хуршедӣ бошад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ «Ва он идест, ки барои тавофиқи ду ном «Обонгон» гӯянд. Ва дар ин рӯз Зав писари Таҳмосп ба шоҳӣ расид ва мардумонро ба кандани ҷӯйҳо ва таъмири он амр кард. Ва дар ин рӯз ба кишварҳои ҳафтгона хабар расид, ки Фаридун Биюраспоро асир кардааст ва ба салтанат расидааст. Ва мардумро амр кардааст, ки дубора хонаҳою аҳли худро молик шаванд».
Ҳам ривоятест, ки муддати ҳашт сол дар Эрон борон наборид. Хушкӣ ва қаҳтӣ ба андозае зоҳир шуд, ки мардуми зиёде талаф ёфтанд ва як қисмат ба мулкҳои дигар рафтанд. Ва ба хости Худованд дар ҳамин рӯз борон шурӯъ шуд. Бад- ин далел ин рӯзро муборак донанд. Ва ид кунанду бигӯянд: «Нек аст дар ин рӯз ҳоҷат аз Парвардигор ва султонҳо ва бузургон хостан». Таърихномаҳо гувоҳанд, ки размоварону далерони зиёде муқобили душманон муқовимат карданд. Кори ҳунармандон буд тиру ҷавшану сипару кулоҳу худ сохтан. Чаро ки дастур буд дар ин рӯз силоҳ сохтан хуб бошад».
Аз ахбори пешиниён аст, ки агар дар ин рӯз борон биборад, Обонгоҳи мардон аст ва мардон ба об дароянд ва наборад, Обонгоҳи занон аст ва эшон ба об дароянд. Ва ин амал ба худ шугун ва муборак донанд. Аз Масъуди Саъд аст:
Обонрӯз аст, рӯзи Обон,
Хуррам гардон ба оби раз ҷон.
Биншин ба нишоту дӯстонро,
Аз дӯст ба иззу ноз биншон.
То бода хӯрему шод бошем
Бар ёди Худойгони Гайҳон.
Ва ин рӯзу моҳро мавсими майкашӣ гуфтаанд, чуноне Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мегӯяд:
То нахӯрад шир ҳафт моҳ ба тамомӣ,
Аз сари Урдубиҳишт то сари Обон
Нахустин мазҳари офаридаи Худованд Об аст ва ободии олам аз он. Ва аз Қуръон аст: «Ҳама мавҷудотро ҳаёт дар об ниҳодем». Ба вижа поксозандаи кулли мавҷудот аст. Бинобар навиштаи Ҳеродот «Ориҳо дар об ифлосҳо, туф ва бавл намекунанд ва ба дигарон низ имкон намедиҳанд». Об азиз аст. Аҳмади Тӯсӣ менависад: «Об ғизоҳоро ба аъзо расонад ва тарбият кунад ва оби хуш рӯйро неку ва тандуруст кунад. Ва накутарин обҳо он аст, ки аз он ноҳияти Машриқ ояд ва зуд сард гардад ва зуд гарм. Ва бадтарин обҳо оби барф ва ях бувад, ки сармо латофат аз вай ситонда бошад ва аъзои ғализ монда. Ва оби сард музир бошад ба димоғ ( мағзи сар) ва ба асабҳо ва ба дандон, зеро ки табъи ин узвҳо сард аст».
Обон ва фариштаи он Ноҳид (Аноҳит) ҷалолу азамати дигар дошт ва ӯ покдорандаи рӯду чашмасорон ва пуштибони занҳо буд.Тасвири зебои Ноҳид ба шакли зани зебо, хушқаду қомат, дилрабо, дар тан пироҳани нафис, бар пой мӯзаи заррин, савор ба гардунаи заркӯби чораспа, дар осмон муқобили девҳо меҷангад ва обҳоро пок ва зоидани занонро осон мегардонад.
Рӯзу моҳи шодию нишот аст. Манучеҳрӣ ба табъи дили маликону тавонгарон суруда:
Оби ангур биёред, ки Обонгоҳ аст,
Кор якрӯя ба табъи дили шоҳаншоҳ аст.
Анқариб як ҷо ба Обонмоҳ моҳи Сафар (21-уми октябр), тибқи солшумории ҳиҷрии қамарӣ (соли 1439), ворид мешавад. Моҳи маъмул аст бо вижагиҳош. Дар ин моҳ шикастани шиша ва чиниворӣ боиси фалокат қаламдод мешавад.То ислом ин моҳро Хаввон меномиданд, ки ба қавли Берунӣ аз «Хиёнат» сохта шудааст.
Бурҷи Обонмоҳ Ақраб (каждум) аст.
Марди ин моҳ зоҳири ороста ва зебо дорад. Эшонро Ақраб нигаҳбон аст. Ва каждум боэҳтиёт буда, худро хуб идора мекунад. Аз газанди дигарон эмин буда, чашмони ҷаззоб, нигоҳи муассир дошта, дар амал ҳассосу ташаббускоранд. Шаҳвонияти баланд доранду матонати комил, вале на ҳамеша суханонашон ба аъмолашон мувофиқат мекунанд.
Бонуи ин моҳ иштибоҳоти марди ин бурҷро дорад.Ҷаззобу дилрабоянду дилкаш ва худхоҳ. Гоҳҳо хислати мардона дар эшон зоҳир мешавад. Лаҳну рафтори ширину дилчасп дошта, ба дигарон бадгумонанд. Ғайбатро дар мавриди дӯстонашон дӯст доранд. Вале бо боло рафтани сол беҳтар мешаванд.
Ҷонибек Асрориён