Аммо зиндагонӣ пастиву баландиҳо дорад. Тақдир ҳамин будааст, ки се нафар ҷигарбандамон-Манучеҳри даҳсола, Шаҳлои бистсола ва Аъзамшоҳи сию яксола дар овони наврасӣ ва ҷавонӣ вафот карданд. Аз Аъзамшоҳ панҷ фарзанд ятим монд ва ҳашт сол аст, ки онҳо дар тарбияамон мебошанд. Баъди даргузашти ҷигарбандон зиндагонӣ дар назарамон тираву тор гардид. Фикр ва андешаи зиёде карда, ба хулосае омадем, ки ғаму ғусса хӯрдан суде надорад. Ба хотири ояндаи наберагон масъулияти баланди ба воя расондани онҳоро эҳсос карда, худро ба даст гирифтем ва миёнамонро маҳкам бастем. Ду писари дигарамон -Фирдавсро, ки ҳоло дар шаҳри Москва дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад ва Хотирро, ки алҳол афсари қӯшунҳои сарҳадист, баъди даргузашти се ҷигарбандамон хонадор намудем ва соҳиби панҷ набераи дигар шудем.
Ҳамаи ин ташвишҳои рӯзгори нобасомонамонро мардонавор пушти сар карда, ба қавле зиндагониро аз сар гирифтем. Даҳ нафар набера дар ҳавлии ободкардаи бобову бибии худ шоду хуррам даврони беғами кӯдакӣ меронанд. Онҳо шабонгоҳон бо навои рӯҳбахши рӯдхонаи кӯҳӣ ва шамолакҳои дарёовард, ки бӯи гули камолу торон, чукрӣ ва дигар анвои гиёҳу рустаниҳои пуштакӯҳҳои домони кӯҳсорони мавзеъҳои Лалмига ва Дараи Зингро ба машом мерасонанд, роҳат хоб мекарданд. Солҳо ба ҳамин минвол паи ҳам гузаштанд.
Офати табиӣ
Тобистони соли 2015 ба чанд минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон: Дарвозу Ванҷ, Рӯшону Шуғнон ва то ҳатто Мурғоби баландкӯҳ гармии зиёд овард. Пиряхҳои солори Федченко ва Хирсон, лозурҳои хурди миёни дараҳо ва теғаҳои кӯҳҳои сарбаланд, то лозурҳои тори қуллаҳо бошиддат об мешуданд. Дарёҳои Панҷ ва шохобҳои он: Хумбов, Ванҷоб, Язгуломоб, Оқсу, Бартангу Ғунд ва инчунин дарёчаҳо ва чашмасорон, аз он ҷумла, Рохарвоб низ аз меъёр зиёд сероб шуданд.
Аҳли хонаводаи мо ва боз бист нафар соҳилнишини ҳамсояамон, ки боре ҳам таи солиёни тӯлонӣ обхезии шадиди ин рӯдхонаро надида будем, аз 15 июл сар карда гирифтори сарсониҳо ва ташвиши ҷиддӣ шудем. Зеро сатҳи оби дарёча аз меъёри солиёни пешинаш се баробар зиёд гардид. Шабонгоҳон то дами саҳар вазъияти на дарёчаи пешин, балки як дарёи азими пуртуғёни хоку реголудро, ки сангҳои калон-калони маҷрояшро ба осонӣ ғелонда мебурд, назорат мекардем. Тазоди рӯзгоронро бубинед, ки аввали шаби 20-уми июл сатҳи оби дарё андаке паст гардид. Аҳли оилаамон пеш аз ҳама, ҳамсарам Нигор хурсанд шуд, ки роҳату осуда шабро рӯз мекунем. Вале соате нагузашта офати дигари табиӣ рух дод. Борони сели пуршиддате сар шуд, ки тақрибан сӣ дақиқа давом ёфт. Фурсате нагузашта сели бадҳайбат бо садои ваҳмангези гӯшкаркунандаи худ дарахтони боғоту киштзорони соҳилнишинонро поймол намуда, хонаву дар, ҳавлӣ, боғу обчакории моро низ зер кард. Ҳама ҷо торику ваҳшатсаро гашта буд. Дар чунин вазъият мо - зану шавҳари солхӯрда хайрият, ки худро гум накарда, аз хавфу хатари дар қайди сел афтодан наҳаросида, тариқи тирезаҳои хонаҳо бо мадади сунҳорҳо Шифо, Мутриба, Фирӯза наберагонро наҷот дода, ба ҷои бехавф бурдем. Тамоми шаб мижа таҳ накарда, аз баландии маҳаллаи Гулистон ба хонаву дар, боғу обчакориамон бо ғусса назар мекардем.
Бо дамидани субҳи содиқ дидем, ки аз боғу обчакорӣ, ҳама асбобу анҷому ашё, сарулибосу пойафзол, маводи хӯрокворӣ, ки дар биноҳои ёрирасон ва рӯи ҳавлӣ буданд, ному нишоне намондааст. Лекин шукронаи онро менамудем, ки аҳли хонавода ҷон ба саломат бурдаем.
Муъҷизаи нахустини наҷотбахшои мо
Субҳгоҳон муҷиби наҷоти аҳли хонаводаамон маълум шуд. Сели азим дарахтони боғҳои соҳили рӯдхона ва чӯбу тахтаи дигар биноҳои болотар аз ҳавлиамон воқеъбударо рӯфта оварда, тақрибан бист метр дуртар аз хонаву дарамон миёни беду сафедори калоне маҳкам карда, садди чӯбу тахтагин сохтааст ва самти ҳаракати худро боз ба дарёбод гардондааст. Дарахтон хизмати худро ба ҷо оварда, баъд чаппагардон шуда буданд. Ҳоло он беди наҷотбахш дар ҳамон макон хобидааст. Мардуми бисёре ин ҳодисаро, ки ба муъҷиза шабоҳат дорад, дида, ангушти ҳайрат мегазиданд ва ҳамагон шукрона мекарданд, ки беду сафедор аҳли хонаводаи моро аз марги яқин наҷот додаанд.
Бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ба имдод омаданд
Баъди фаромадани сел оби дарёчаи пуршӯр ба оҳистагӣ бошад ҳам паст мешуд. Рӯзона дар ҳавлии валангорамон қарор доштем, шабона бошад ба хонаи хешу таборон ва ҳамсоягон мерафтем. Аз соатҳои аввалини рух додани ин ҳодисаи ғайричашмдошт ғамхориҳои роҳбарони ноҳияи Ванҷ, пеш аз ҳама, раиси ноҳия Давлатбибӣ Раҷабоваро эҳсос кардем. Ҳамчунин, бо вуҷуди он ки вазъият дар ноҳияҳои Дарвоз, Рӯшон, Шуғнон, Мурғоб ва дигар минтақаҳои Бадахшон, аз ҳама зиёд дар деҳаи Барсеми водии Ғунд басе ташвишовар буд, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед, муовини аввали раиси вилоят Нуралӣ Риоев ба аёдати осебдидагон, аз ҷумла, аҳли оилаи мо омаданд, дилбардорӣ карданд.
Таъҷилан бо дастур ва супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Ванҷ омаданд ва ёрии аввалинро аз ҷониби Сардори давлат ба зарардидагон, аз ҷумла, аҳли оилаи мо супурданд. Аз ин ғамхориҳо ва меҳрубониҳои Роҳбари давлат хеле шоду мамнун гаштем. Итминон пайдо кардем, ки мо дар ин мусибати хеш танҳо нахоҳем монд, зеро пушту паноҳи мо Пешвои миллат буданд, ки дар рӯзҳои сахт ба имдодамон расиданд. Ҳама вақт як байти устод Рӯдакӣ вирди забонам мегашт:
Андар балои сахт падид ояд,
Фазлу бузургвориву солорӣ.
Дар он рӯзҳои пуртаҳлука, сарсонӣ ва саргардониҳоямон аз дастгириҳои сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» Қурбоналӣ Раҳмонзода, муовини сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» Эмомалӣ Сайидамирзод, Нависандаи халқии Тоҷикистон Бароталӣ Абдураҳмон, бонуи ғамхору меҳрубон, корманди Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ Мушаррафа Шарифова, сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Санъат Асо, шарикдарсонам шоир Ҷумъа Қувват ва Қиёмиддин Абдуллоев хурсанд шудем. Ҳамчунин, аз дастгирии чанде аз идораву ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ, дӯстон ва ҳамсабақҳоям ҳоло ҳам аҳли хонавода изҳори ризомандӣ менамоянд.
Ақаллан барои дидани муъҷизаи Худованд наомаданд
Дар он рӯзу шабҳои рух додани офати табиӣ сардорони чанде аз идора ва муассисаҳо, аз ҷумла, раиси Кумитаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ Муҳаббатшо Ғайратов ва инчунин шиносу ношиноси бисёре ба кошонаамон барои таскини диламон меомаданд. Онҳо сабаби аз ҳалокат раҳоӣ ёфтанамонро дида, шодӣ мекарданд.
Лекин ҳоло ҳам озурдахотир ва норизо аз нописандии ходимони масҷидҳои маркази ноҳия ва деҳоти гирду атрофи он ҳастем. Чунки эшон ҳамарӯза дар мавъизаҳо ва баромадҳояшон аз боби хайру эҳсон, имондорӣ, хабар гирифтан аз вазъу ҳоли осебдидагон, дастгирии ятимону маъюбон, беморон, хулоса ниёзмандон ва, инчунин, аз муъҷизаҳҳои Худои мутаол сухан меронданд. Мутаассифона, дар ҳамон рӯзу шабҳои пуризтироб ягон нафарашон манзили истиқоматиам он тараф истад, ба канори дарёча ва гӯшаи ҳавлиам ҳам наомаданд. Ақаллан ба хотири дидани муъҷизаи Яздони пок, ки дар байни ду манзили истиқоматиям он тараф истод, ба канори дарёча ва гӯшаи ҳавлиам ҳам наомаданд. Ҳатто аз дидани муъҷиза, ки дар байни ду дарахт бо хости Парвардигор, сели азиму бадҳайбат оҷиз гашта дармонд, барои худ раво нашмурданд. Ва ин ҳодисаи нодир муҷиби зинда мондани ҳабдаҳ нафар аҳли хонадон ва аз ҷумла, панҷ нафар кӯдаки ятим гардид.
Дар хусуси боз як муъҷизаи дигар
Дар хотима фикру андешаҳои хешро ҳамчун рӯзноманигор, ки чилу панҷ сол боз ба халқу Ватан содиқона хизмат мекунам, бо нақли боз як муъҷизаи шодиовари дигар ба итмом мерасонам. Бист рӯз баъди ҳодисаи табиат ҳамроҳи оилаам Нигор, набераҳоям Шаҳрнозу Фараҳноз ва Шаҳло аз таги селу санг дучархаи набераам Акбарро мекофтем. Тасодуфан вақти ҷустуҷӯямон аз таги селу санг навдаҳои урёни ду буттаи садбарге, ки духтару писари раҳматиам Шаҳло ва Аъзамшоҳ шинонда буданд, намоён шуданд. Аз бегазанд ҳифз шудани садбаргҳо хурсандии аҳли хонавода ҳадду канор надошт. Табъу рӯҳамон аз ин бозёфт кушода шуд. Аз шодмонӣ ҷустуҷӯи дучархаро ҳам фаромӯш кардем, буттаҳои садбаргро аз хоку лой раҳо карда, рост намудем. Дар ҳоле ки қариб бист адад дарахти боровари ҳавлиамонро сел рӯфта бурда буд, аз ин офати азим наҷот ёфтани буттаҳои нозуки садбарг ин худ муъҷизаи ҳайратоваре ба шумор мерафт.
Баъди гузаштани як моҳ, боз аҷоиботи навбатӣ рух дод, буттаҳои садбарг барг бароварда, гул карданд. Шукуфтани буттаҳои садбарги захмин дар фасли тирамоҳи мулки кӯҳистон ғалатӣ буд. Онро мо нишони баҳорону сарсабзӣ, рамзи шукуфоӣ ва саодати рӯзгори ояндаи хонадонамон донистем. Баъди шукуфтанҳои буттаҳои садбарг аҳли оила озурдахотириро аз қалбҳо бурун карда, хурду калон фавран ба кори ободонӣ, азнавбарқароркунии хонаву дар камари ҳиммат бастем. Аз дил гузарондам, ки замину боғот, ҷангалистонҳо ва марғзорҳои пурфайзу баракати ноҳияи Ванҷ, Бадахшон ва саросари кишвар аз осмонҳо наафтидаанд.
Ин киштаҳо ва боғистонҳоро бо заҳмати пурмашаққати чандинасра гузаштагони банангу номусамон, марду занҳо, орёҳои қадим дар ибтидо бо нохун, олотҳои сангин ва минбаъд бо белу каланд бунёд ва обод кардаанд. Онҳо бо тахтапушташон хок кашида сангистонҳо, регистонҳо ва маконҳои селбурдаро ба киштзор табдил додаанд. Ин буд, ки ҳавлиамонро аз кӯҳпораҳо, сангу реги селоварда тоза кардем, на бо пушт, балки бо нақлиёт хоки нав кашонда, ҷои селбурдаҳоро пур кардем. Бо фаро расидани аввалин рӯзҳои фасли баҳори соли 2016 аз сари нав ниҳол шинондем, картошка ва сабзавот коштем. Ин макони зарардидаро чун пештара боз ба киштзор, боғу гулзор ба мисли дигар ҳамсоягон табдил додем. Дар амалӣ гаштани ин иқдомҳо дастгириҳо ва ғамхориҳои ҳамарӯзаи Пешвои арзандаи миллат, Роҳбари ғамхору дилсӯз ва ятимпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро рӯҳу равон мебахшиданд.
Сироншоҳи Диловар, рӯзноманигор