07

Июл, 2025
Душанбе

07

Июл, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ҲУҚУҚШИНОС - ФУРӮШАНДАИ «ГАМБУРГЕР»

 

Дили лабрез аз орзуҳои зиёд гом гузоштанд сӯи мақсадҳои худ,падару модар дар назди ҳамсояҳо фарзандам дар фалон донишгоҳ таҳсил мекунад гӯён ифтихор мекарданд.Ва аз ҳақи фарзандон сарфа карда ба фарзанди донишҷӯяшон медоданд.Бехабар аз он ки дар ин базмгоҳи ҳодисахез эшонро тақдир дигар буда.Баъди хатми донишгоҳ бо дипломи олӣ ҳамроҳи занаки ҳамсоя дар як «корхона » кор мекунад.Пас куҷо шуд он заҳматҳои падару модар ва бедорхобиҳои 4-5 сола?

Лайлӣ Содиқова 8-марти соли 1987 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст.Дар оила 4 фарзанд мебошанд , Лайлӣ бошад фарзанди якуми оила ба ҳисоб меравад.Баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дохил мешавад.

Ӯ мегӯяд, ки баъди хатми Донишгоҳ дар мактаби миёна муддати 3-сол ба ҳайси муаллима дарс гуфтам ва бо эътино ба вазъи оилавӣ тарки кор гуфтам. Баъди чанде хостам дубора ба кор дароям ва касби интихобкардаи худро идома диҳам , аммо маро ба кор қабул накарданд ва то ҳол ҷои кор наёфтам.Маҷбур шудам омада дар ин нуқтаи «тезтайёр» кор намоям.Дар шаҳри Душанбе бомодари дардмандам иҷора мешинем.Барои зиндагӣ бояд зинда монд.

Ҳабиб Давлатов сокини шаҳри Душанбе. Ихтисосаш ҳуқуқшинос, оиладор соҳиби ду фарзанд аст.

Ҳабиб иброз дошт,ки ман дар шаҳри Москва таҳсил намудаам. Ба ватан омадам,то ҷои кор пайдо созам.Барои бо ихтисосам фаъолият намуданам ба се нуқта муроҷиат намудам,вале то ҳол маълум нашудааст.Барои зиндагӣ дар ягон ҷой бояд кор намуд.Дар хона 2 фарзанд дорам , ба хотири ризқу рӯзӣ ин заҳматро ба дӯш гирифтам.Ба ҳамин нуқтаи «Гамбургер» омада кор карда истодаам.

Назира Ҳоҷиева таҳсилоташ миёна буда,дар шаҳри Ҳисор таваллуд шудааст. Дар оила 5-фарзанданд Назира фарзанди дуюми хона ба шумор меравад.

Назира мегӯяд падару модарам розӣ набуданд ман таҳсиламро идома диҳам.Имрӯз зиндагӣ маҷбурам намудааст, ки дар ин ҷой кор намоям.Падару модарам низ пушаймонанд, ки чаро нагузоштанд ман ба донишгоҳ дохил шаваму соҳиби касбе гардам.

Умар(аз гуфтани насабаш худдорӣ намуд) сокини шаҳри Душанбе ихтисосаш ҳисобдор.

Умар иброз дошт ,ки ман пеш аз ин корам дар маркази хизматрасонии Мегафон кор мекардам.Ин корам муваққатист ҳамин ки бо ихтисосам кор ёбам меравам.

Сироҷова Ҷонона соли 1999 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.

Ҷонона мегӯяд: Ман худам нахостам ба ягон донишгоҳ ҳуҷҷат супорам,зеро корёбӣ душвор аст.Ҳамкорони ман чанд нафар диплом доранду дар ин ҷо заҳмат мекашанд. Корам дар ин нуқтаи «тезтайёр» ба ман писанд аст. Маошамро мегирам, ба худам сарф менамоям.

Ҳангоми суҳбат бо Ҳабиб Давлатов, Умар, Лайлӣ Содиқова маълум шуд ,ки онҳо нафаронеанд касби интихоб кардаашонро дӯст медоранд,агар имрӯз ҷои кор пайдо шавад, аз ин нуқтаҳои савдо мераванд.Зеро медонанд,ин кор ба нафъашон нест.Баъди ин матлаб шояд Ҳабиб Давларов бо касбаш кор ёбаду ба мардум маслиҳатҳои ҳуқуқӣ диҳад.Умар ҳам сармуҳосиби корхонае шаваду маблағҳоро сафакорона ба нафъи беҳбуди коргоҳ ва ҷомеа сарф созад.Лайлӣ Содиқова низ аз вазифаи ишкамсеркунии донишҷуёну хонандагон ба вазифаи аслиаш омӯзгорӣ гузарад.Вақте ки ақлу донишу кӯшиш тавъам оянд, пур кардани ишкам осон мегардад.

Фарзона Восеева

 

:.  Аз ҳар боб 16.11.2017 04:48 1862

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz