Дар Мавритания агар духтар фарбеҳ набошад, мардон ба ӯ таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд. Вазни изофӣ, ба хусус шиками калону равғандор ба зан ҳусн зам мекунад, меандешанд мардони ин мамалакат. Барои фарбеҳ шудани духтарон волидон онҳоро ба фермаҳои махсус мебаранд. Дар ин ҷо ҳаҷми якрӯзаи ғизои онҳо 16 000 ккал –ро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки ҳаҷми якрӯзаи ғизои духтарон бояд 1500 ккал бошад. Баъзе духтарон аз бисёр хӯрдан, ба дарди меъда гирифтор мешаванд.
Дар Эрон дар ҳоли ҳозир «ринопластика» муд шудааст. Новобаста ба гарон будани амали ҷарроҳӣ аксар ҷавонон (ҳам духтарону ҳам писарон) мехоҳанд бинии рост дошта бошанд. Доштани чунин бинӣ гӯиё сатҳи иҷтимоии шахсро баландтар мекунад ва ба духтарону писарон ҳусни иловагӣ зам менамояд. Баъзе духтарон ҷарроҳӣ накарда бошанд ҳам, дар бинӣ бандина мебанданд ва дар хиёбонҳо қадам мезананд.
Дар Африқо дар қабилаи Фулбе ба пешонаи баланд арҷ мегузоранд. Пешонаи баланд доштан дар ин қабила маънии зебо буданро дорад. Ба ҳамин хотир аксар духтарон мӯи пешонаи худро мечинанд. Чунин ҳолат дар Аврупои асримиёна низ ҷой дошт ва пешонаи баланд рамзи зебоӣ маҳсуб мегардид.
Дар Чин ва Таиланд духтарон пӯсти сафедро дӯст медоранд. Дар тамоми малҳамҳои занона ва мардона элементҳое мавҷуданд, ки пӯсти одамро сафед мекунанд. Дар Чин вақти ба соҳили рӯдхона ва ё дарё омадан, писарону духтарон бар рӯй ниқоб мекунанд, то офтоб пӯсташонро насӯзонад. Ҳангоми ба салярий рафтани занони аврупоӣ занони чинӣ ва таиландӣ дар тааҷҷуб мемонанд.
Дар Ҷопон духтарону писарон ба дандонҳои каҷ арҷ мегузоранд. Ин дар ҳолест, ки дар тамоми дунё ба дандонҳои сафед ва ҳамвор бештар таваҷҷуҳ зоҳир мешавад. Ба андешаи духтарони ҷопонӣ вақти хандидан, дандонҳои каҷ ба ҷинси латиф малоҳату зебоӣ меафзояд. Писарон низ ин назарро меписанданд.
Дар Тоҷикистон абрӯвони пайваста миёни духтарон муд шудааст. Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон, агар духтар абрӯвони пайваста надошта бошад, метавонад байни абрӯвонашро бо қалами сиёҳ бикашад ва шакли пайваст диҳад. Ба андешаи баъзе бонувон абрӯи пайваста рамзи хушбахтӣ ва сарсабзии духтарон мебошад.
Қабилаи Мурси дар Эфиопия лабҳои кашидашударо рамзи зебоии занон медонад. Духтарон лабҳои худро бо дискҳои махсус мекашанд, то онҳо калон шаванд. Кашидашавии зиёди лабҳо нишонаи сатҳи баланди иҷтимоии бонувон маҳсуб мегардад ва барои издивоҷ бо чунин духтарон мардон маҳри зиёдтар медиҳанд. Чунин амали бонувони қабилаи Мурси ду сабаб дорад. Бархе бар ин назаранд, ки бо даҳон ба даруни одам неруҳои зишт медароянд ва бо бузург будани диски лабҳо пеши роҳи онҳоро гирифта мешавад. Ба ибораи дигар, чунин лабҳо монеи дуздидани духтарон ба бардагӣ аз ҷониби қабилаҳои дигар мешаванд.
Бонувони баъзе қабилаҳои Бирмаро зарофа мегӯянд, зеро онҳо гарданҳои дароз доранд. Барои дароз шудани гардан занҳо ба он ҳалқа мебанданд. Ин навъи гарданро як навъи зебоӣ баҳогузорӣ мекунанд. Ва бархе бонувон низ бар ин назаранд, ки гардани дароз онҳоро аз ҳуҷуми паланг ҳифз менамояд.
Дар Африқо, ба хусус дар Гвинеяи Нав занҳо бадани худро бо доғи захм пур мекунанд. Доғи захм ба ҳусни занҳо меафзояд, мегӯянд онҳо. Шояд чунин зебоиро мо напазирем, аммо оё шумо боре андешидаед, ки сӯрох кардани гӯш барои овехтани гӯшвор ва ё кафши баланд пӯшидани бонувони моро шояд дигарон напазиранд ва мисли мо онро чун рамзи зебоӣ қабул накунанд?
Фароруни Сабзқадам