07

Июл, 2025
Душанбе

07

Июл, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

САРВАТМАНДТАРИН ЗАНОНИ ҶАҲОН

 

Лилиан Беттенкоурт (Liliane Bettencourt)

Арзиши холиси дороияш: 38,3 миллиард доллар.

Син: 94 сол.

Тобеият: Фаронса.

Навъи фаъолият: саноеи беҳдоштӣ ва ороишӣ.

Аз сарватмандтарин занони дунё метавон ба Лилиан Беттенкоурт ишора кард. Ӯ сарватмандтарин зан дар Аврупо ва ҷаҳон ба шумор меояд, дар ҳоли ҳозир симати мудириятӣ дар «Лурёл» надорад. Лилиан Беттенкоурт яке аз коллексионерони муваффақи осори ҳунарӣ ва ороишӣ мебошад, ки даромади зиёди дороияшро ташкил медиҳанд.

 

Алис Велтун (Alice Walton)

Арзиши холиси дороияш: 34,2 миллиард доллар.

Син: 67 сол.

Тобеият: ИМА.

Навъи фаъолият: хӯрда­фурӯшӣ.

Алис Велтун яке аз пулдортарин занони ҷаҳон мебошад. Бештар вақти худро барои ҳимоят аз ҳунар ва ҳунармандон сарф мекунад. Соли 2011 бо хазинаи 50 миллион доллар осорхонаи Кристол Бриҷ Орконзосро таъсис дод, ки наққошиҳои машҳур ва гаронқимат дар он ба намоиш гузошта мешаванд.

 

Мариа Фаронко Фисоло (Maria Franca Fissolo)

Арзиши холиси дороияш: 23,3 миллиард доллар.

Син: 98 сол.

Тобеият: Италия.

Навъи фаъолият: хӯрдафурӯшӣ.

Мариа Фаронко Фисоло, яке аз бузургтарин ширкатҳои тавлидкунии ширинӣ ва шоколадро бар уҳда дорад. Ин ширкат шохаҳои дигаре назири «Киндер» ва «Тик-так»-ро низ ахиран ба маҷмӯи худ афзудааст. Мариа Фаронко Фисоло ва писараш дар маҷмӯъ 23 миллиарду 300 миллион доллар сарват доранд. Дар ҳоли ҳозир миёни занони сарватманди чаҳон ҷои чахорумро ба худ ихтисос додааст.

 

Сусане Клотан (Susanne Klatten)

Арзиши холиси дороияш: 19,8 миллиард доллар.

Син: 54 сол.

Тобеият: Олмон.

Навъи фаъолият: худрав ва саноеи беҳдоштӣ.

Манбаи сарват: коргоҳи BMW

Сусане Клотан бо сарвати муодили 19,8 миллиард доллар дар қатори панҷумин зани сарватманди ҷаҳон қарор дорад. Ӯ яке аз саҳомҳои бузурги тамғаи нақлиётии БМВ (BMW) ва ширкати дорусозӣ мебошад.

 

Серена Уилямс (Serena Williams)

Арзиши холиси дороияш: 12, 6 миллиард доллар.

Син: 35 сол.

Тобеият: ИМА.

Навъи фаъолият: варзишкор

Манбаи сарват: тенниси кушод

Серена Уилямс бо сарвати тозааш аз сарватмандтарин варзишгардухтарони сайёра муаррифӣ шудааст. Ва ҳамасола як фисади даромадашро ба ятимхонаҳои кишварҳои гуногун мебахшад.

 

:.  Аз ҳар боб 18.10.2017 06:13 2163

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz