07

Июл, 2025
Душанбе

07

Июл, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ШУСТАНИ ТӮР

 

Тарзи бо даст шустани пардаи тӯрӣ

Тӯрро баъди аз тиреза гирифтан ҳатман чангҳояшро афшонед. Онро дар намакоби ҳарораташ 36 дараҷа муддати 1–1,5 соат тар кунед. Намакоб ранги онро рӯшан менамояд. Бояд дар хотир гирифт, ки ҳеҷ гоҳ тӯрро дар оби гарм ё ҳарорати баланддошта начайқонед, зеро он шахшӯл шуда, рангаш зардча мешавад ва ҷилояшро гум мекунад.

Бо оби сиркодор низ (дар як литр об як қошуқ сирко) метавон пардаҳои тӯриро шуст, он маторо ҷилодор менамояд. Агар каме хокаи либосшӯӣ, ки махсус барои мошинаҳои либосшӯӣ тавсия шудаанд, илова кунед, боз ҳам сифати кори шумо беҳтар мешавад. Зеро ҳангоми шустани дастӣ ва чайқондан хокаи либосшӯӣ барои мошинаҳои автоматӣ камтар кафк мекунад. Дар ёд доред, ки пардаи тӯриро набояд сахт ҷабид, матои он нозук асту ҳарир. Пардаҳоро дар ҳолати намдориаш ба пардаовезак овезед, то қатҳои пайдошуда ҳамвор гарданд.

 

 

НИГОҲУБИНИ МЕБЕЛ

Нигоҳубини доимӣ чиркиншавии мебелро пешгирӣ менамояд.

Агар касе аз узви оила аллергия дошта бошад, ҳангоми тоза кардани мебел аз маводи шӯяндаи кимиёвӣ истифода набаред.

Барои тоза кардани мебел аз матоъҳои патдори мулоими пашмӣ ё пахтагӣ истифода баред, то ки болои онро нахарошад.

Агар мебелатон кандакорӣ дошта бошад, чанг­ро аз болои он бо чуткаи мулоим тоза кунед.

Барои корношоям накардани миз аз тагмонакҳои махсус барои чойник, дарзмол ва кас­трюлка истифода намоед.

Барои тоза кардани доғҳо аз атсетон, атр ва спирт истифода набаред, онҳо рӯйи мебелро хира мекунанд.

Мебели ҷилодорро пеши батареяҳои гармидиҳӣ нагузоред. Аз он ҷилои мебел хира мегардад.

Агар мебели ҷилодор рангашро гум карда, хира гардад, чунин бояд кард:

чангро аз болои мебели сайқалшуда тоза карда, онро бо об бишӯед ва бо латтаи мулоим хушконед. Сипас ду ҳисса скипидару равғани зағир ва як ҳисса сиркоро бо ҳам омехта маҳлул омода намоед. Ба маҳлул латтаи пахтагинро тар карда, мебелро пок кунед. Ин амалро бо суръати тез анҷом додан лозим аст, то ки болои мебел гарм шавад. Дар ин ҳол равғани маҳлул таҷзия гардида, ба мебел аз нав ҷило мебахшад.

аноҳита

 

:.  Аз ҳар боб 13.09.2017 11:04 1997

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz