Ҳамсуҳбате нақл кард, ки дар шаҳри Теҳрон даҳ сол қабл 2, 5 миллион мошин дар рӯз ба қайд гирифта мешуд, ки дар 1, 5 миллион мошин пушти фармон бонувон менишастанд. Дар ин кишвар, агар бо сабаби заъфи молӣ имкони харидани ду худрав набошад, як мошин харид мекунанд ва идораи онро бонуи хона бар дӯш мегирад. Ҳамзамон бо доштани вақт ва имкон бону фарзандонро то мактаб ва ё кӯдакистон мебарад.
Мантиқан суоле пеш меояд, ки чаро мошинро бонуи хона соҳиб мешавад? Ба он хотир, ки мард аз назари физикӣ ё ҷисмонӣ аз зан қавитар аст ва ба маҳали кор бо нақлиёти ҷамъиятӣ рафтанаш низ хеле осонтару содатар хоҳад буд.
Дар бархе кишварҳо нақлиёти ҷамъиятӣ новобаста ба ҷинсият ва синну сол барои ҳама як аст. Автобус, троллейбус ва ё трамвай вобаста ба иқлим нақлиёти ҷамъиятӣ маҳсуб мегарданд. Бо доштани фарҳанги шаҳрнишинӣ чунин тарзи кор барои ҳич кас мушкил эҷод намекунад.
Дар баъзе кишварҳои дигар аз автобусҳои дуқабата истифода менамоянд ва дар чунин ҳолат бидуни мушкил бонувон дар сатҳи аввал ва мардон дар қисмати дуюм менишинанд.
Ҳамчунин дар баъзе ҷойҳо нақлиёти ҷамъиятӣ барои мардону занон ҷудогона аст ва ин тарзи муносибат ҳам аз аҳамият холӣ нест.
Дар Тоҷикистон муносибат ва интихоби нақлиёти ҷамъиятӣ аз дигар кишварҳои собиқ шӯравӣ як каме фарқ мекунад. Тайи чанд даҳсолаи охир дар шаҳри Душанбе ҷои автобусу троллейбусҳоро мошинҳои сабукрав ва микроавтобусҳо гирифтаанд. Дар ин матлаб мо пиромуни фарҳанги мардумамон дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт чизе намегӯем ва танҳо сари ҳамин нукта ҳарф мезанем, ки на ҳама тобу тоқати ба хона ва ё маҳали кор рафтан бо нақлиёти ҷамъиятиро доранд. Касеро фарҳанги ҳамсафарон қонеъ намекунад, шахсе масъалаи беҳдоштро пеш мегузорад, дигаре аз муносибати ронандаҳо дилгир шудааст, баъзе гармиву хунукиро таҳаммул намекунад ва ғайраву ҳоказо. Ба ҳамин хотир, бо даст додани имкон ва ё доштани он бонувони мо мераванд сӯи солонҳои мошинфурӯшӣ ё бозор ба суроғи мошини табъи дилашон. Хуш ба ҳолашон!
Масъалаи мавриди назари мо ҳунари ронандагии бонувонамон, муносибати онҳо дар роҳ бо ронандагони дигар, пиёдагардон, бо роҳгузарон ва, албатта, бо нозирони БДА мебошад.
Қабл аз матраҳ кардани мавзӯъ бояд ба ёд оварем, ки дар замони шӯравӣ бо танз «зани пушти фармонро бо маймуни дар даст гулуладошта» шабеҳ мекарданд. То чӣ ҳад ҳақиқат доштани ин гуфта то охири ин матлаб рӯшан хоҳад шуд.
Вақти таҳияи мақола мо ба чанд нафар пизишк ва кормандони БДА сари ин мавзӯъ суҳбат кардем, аммо натиҷаи ҷолибу хондание аз ин мусоҳибаҳо ба даст наомад. Сабаб ҳам ин аст, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон ҳуқуқи зану мард баробар аст ва кормандони ниҳодҳои мазбур бо такя ба ҳамин посух доданд ва ҷавобҳо якнавохту дур аз ҳақиқат буданд.
Ба ҳамин хотир, барои кушодани мавзӯъ ба мушоҳидаҳо ва гирифтани назари ронандаҳои дигар (мардҳо), занҳои пиёдагард ва роҳгузарон дар минтақаҳои гуногуни пойтахт такя мекунем.
Баҳриддин (исми мустаор) мегӯяд, ки таҷрибаи зиёд дар ин ришта дорад ва вақте мебинад, ки дар қатори ӯ ё дар пеш бонуе пушти фармон нишастааст, ҳатман ҷои худро дигар мекунад, зеро таҷриба намудааст, ки ҳамсоягӣ дар масир бо як зан хеле хатарнок аст.
Раҳматуллоҳ (исми мустаор) бо ханда ёдовар мешавад, ки соле пеш як ҳамкорашон аз ҷумлаи занон мошин харид. Рӯзе, вақти ба кор омадан дар назди корхона, новобаста ба хеле кушод будани роҳ оинаҳои паҳлуии чанд мошинро шикаст. Ба ҷои сари кор омадан, ӯ ба фурӯшгоҳ рафта, оина мехарад ва бо ёрии муҳофизони корхона ошёна ба ошёна гашта, ба соҳибони мошинҳо оина тақсим мекунаду пузиш мепурсад. Раҳматуллоҳ мегӯяд, ки ҳар вақте суханони ҳамкорашро ба ёд меорад, як шикам механдад. Ин ҳамкорбонуяш ҳамон рӯз бо навбат дар мекӯбаду мегӯяд: «Мебахшед, ман оинаи паҳлуии мошинатонро шикастам. Инро ба сифати ҷуброн бипазиред».
–Дар як субҳ, дар масофаи бист метр шикастани шаш оинаи мошин аз дасти ҳич марде намеояд, – бо танз хулоса мекунад ӯ.
Фурӯзонфар, ки барои чанд рӯз дар Тоҷикистон меҳмон аст, мегӯяд, ки барои ҳаллу фасл шудани ин мушкил дар Қазоқистон бонувон дар оинаи калони пасу пеши мошинҳои худ сурати кафши занона насб мекунанд. «Бо дидани ин расм мо, мардон, бо эҳтиёт мешавем, лабханде зада, роҳро барои онҳо кушода мекунем ё мошини худро ба як тараф мегирем, то беосеб аз наздамон гузаранд», – таъкид медорад ӯ.
Ҳамсуҳбати дигарам ёдовар мегардад, ки дар Русия ронандабонувон барои баъзе кормандони бевиҷдони таъмини амнияти роҳ ба истилоҳ «луқмаи хом» мебошанд ва манбаи иловагии даромади онҳо маҳсуб меёбанд, зеро на қоидаи роҳро хуб баладанд ва на онро риоя мекунанд.
– Вақти гузаштан аз роҳ ба диққат ба мошинҳои дар назди чароғак истода нигоҳ мекунам, – мегӯяд Фарангис. – Зеро чанд сол пеш ҳангоми убур кардани роҳ мошине поямро зер кард. Пушти фармони ин мошин зане менишаст, ки «аз фурсат истифода карда» вақти гузаштани одамҳо лаб сурх мекардааст. Вақте поямро зер карду доду войи ман баромад, ӯ дар ҳайрат монд, чунки тамоми андешааш мутамарказ ба лабсурхкунӣ будаасту ҳаракат кардани мошинашро ҳатто нафаҳмидааст.
«Занҳо хеле меҳрубонанду дилсӯз, аммо вақти пушти чанбари мошин нишастан, на ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва бехатарӣ, балки ба масъалаҳои ҷузъии марбут ба зебоии худашону либоси ҳамон лаҳза дар тан будаашон тамаркуз мекунанд. Аз ин рӯ, бояд хеле эҳтиёт кард», – иброз медорад назари худро мусоҳиби дигарам Назархудо.
Барои расидан ба ҳақиқат бояд бигӯем, ки чанд нафар ронанда (аз ҷумлаи мардон) ва бисёре ҳам аз занону ҷавонон аз пушти фармон нишастани бонувон шоданд ва дар ин амали онҳо камбуде намебинанд.
Омили муҳим ва радношуданӣ ҳам ин аст, ки новобаста ба хости мардҳо тақозои қарни нав суръат дар ҳама кор аст. Омор ва мушоҳидаҳо тасбит мекунанд, ки дар идораи технологияи навин ва мошинолот, парвоз ба кайҳону дигар риштаҳои барои ҳаёт хеле муҳим бонувон ҳамеша дар паҳлуи мардонанд ва ҳич вақт заъфе нишон надодаанд.
Ба ҳамин хотир, агар дар масире ё гузаргоҳе бонуе қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон кард, мо, мардон, бо лабханде сӯяшон бингарем ва агар зарур бошад, ба ёриашон биштобем. Зеро ин ронанда бонуи хонадоне ё модари дилсӯзу меҳрубоне ё духтари нозпарвари яке аз мост, ки хеле дӯсташон дорем!
Эмомалӣ Сайидамирзод