Агар қимати пахта ва нафтро ба тилло баробар ва маҷозан якеро «тиллои сафед» ва дигареро «тиллои сиёҳ» ном мебаранд, аз лиҳози қимат ва аҳамияти ҷангал дар занҷираи экологӣ онро «тиллои сабз» унвон кардаанд. Ҷангал сифатҳои муҳимро дорост, ба мисли истихроҷкунандаи оксигену тозакунандаи ҳаво ва муҳити зист, танзимкунандаи иқлими муносиб дар олами наботот, ҳимоякунандаи хок аз лесидашавӣ бо обу бод ва пешгирикунандаи он аз кӯчиши регзорҳост. Он воситаи ҳифзи гуногуннамудии биологӣ, манбаи муҳими ғизо барои ҳайвоноту парандагон ва ҳатто инсон аст.
Сокинони Ҷамоати деҳоти Барвози ноҳия бар ин андешаанд, ки дар иқлими баландкӯҳи маҳал дарахтони борвар намерӯянд, вале Худованд зеботарин гӯшаи сабзи ҷангалро дар ҳудудашон ҷой додаст ва бо эътиқоду эҳтиром ба ин сарват буридани буттаву дарахтони онро барояшон убол медонистанд. Аммо, вақте ки дар солҳои буҳрони иқтисодӣ ва камбуди шадиди неруи барқ табари «меҳмонони нохонда» аз шаҳру маҳалҳои гирду атроф бераҳмона бар сари дарахтони ҷангал бармехӯрд, дунё дар назарашон торик шуд. Захми табар гӯё ба танашон зада мешуд.
–Ҳеҷ бовар надоштем, ки ҷангалзори қариб пурра харобгашта боз барқарору сабз мегардад. Вале ба шарофати сулҳу ваҳдат ва беҳбуд ёфтани сатҳи зиндагии мардуму хуб шудани таъминот бо барқ шароит барои барқарорсозӣ ва бунёди ҷангалҳои нав падид омад,- изҳор медоранд сокинон.
Барои ҳамин ҳам, вақте идораи хоҷагии ҷангали вилоят дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ бо ҷалби иҷоракорон барномаи барқарорсозӣ ва бунёди ҷангалзорҳоро рӯйи даст гирифт, мардум бо шавқу завқ ба кабудизоркунии диёрашон камар бастанд. Дар қатори мардони деҳаи Шохиризм (Шоҳи Хоразм) Моимсултон, агарчӣ чанд сол қабл шавҳари бар асари беморӣ фавтидаашро аз даст додаву худ ба синни бознишастагӣ расида буд, обод намудани гӯшаи ҷангалзори тахрибшударо ба зимма гирифт. Ӯ бо ёрии фарзандону наберагон гирдогирди ҳудудашро девор зад ва хору сим баст, онро аз сангу рег тоза кард. Дарахтону навдаҳои аз тааррузи чорпо ва инсон эмин дар тӯли чанд сол хуб сабзиш карданд ва бо заҳмати чунин иҷоракорон ҷангалзорҳо боз намуди зебову дилрабо гирифтанд.
Бештари сокинони ноҳия духтарони Шохиризмро келин кардан мехоҳанд, барои қобилу заҳматдӯст ном бароварданашон. Дар деҳа замини корам нисбатан зиёд буда, бори заҳмати мардонаи зироаткорӣ ва чорводориро занон ҳам бар дӯши худ мегиранд. Зеро барои саришта кардани рӯзгордорӣ «бояд чун осиёб аз пайи обу дона рафт» ва ин сифатро табиат дар ниҳоди марду зан ҷой додааст.
Моимсултони ҷавонро аз дигар маҳал ба ин ҷо арӯс оварданд. Бонувони деҳа, ки барои қобилу чобук буданашон дар дигар маҳалҳо ба онҳо ҳавас мекунанд, мегӯянд, дар сабру таҳаммул ва паси сар намудани душвориҳои зиндагӣ ва заҳматдӯстӣ момои Моимсултонро барояшон намуна медонанд.Ӯ ҳанӯз дар вақти ҳаёт будани шавҳараш чор духтарашро ба шавҳар дод. Вале соҳиби хонаву дар ва оила гардидани писарон бар дӯши модар афтод. Лаҳзаҳое мешуданд, ки модар бо дастони худ девор андова мекард.
Ин аст, ки вақте дар бӯрёкӯбони писари хурдӣ бархе ба сифати хона эрод гирифтанд, писар гуфт:
–Барои ман дар ин ҷо ҳама чиз зебо ва азиз аст, зеро нақши дастони модарамро дорад.
Ҷангалзорҳо ҷангалбоғҳо мешаванд
Ҷангалзорҳо на фақат манбаи фаровони масолеҳи сохтмонӣ ва ҳезум ҳастанд. Равғани хусусияти табобатӣ доштаи меваи ангат ва шарбати хучи корхонаи коркарди ангат дар Бадахшон талабгорони зиёд доштанду меваи ин рустаниҳо асосан аз ҷангалзорҳо ҷамъоварӣ мешавад. Ба манзури тараққӣ додани боғдорӣ аз ҳисоби ҷангалзорҳо дар вилоят барномаи махсус мавриди амал қарор гирифт.
Ба иттилои оморӣ танҳо соли 2016 дар ҳудуди вилоят 210 гектар ҷангалзорҳои нав бунёд ва барқарор гардиданд.
Дар ин давра бо мадади ташкилотҳои байналмилалӣ 24,2 гектар ҷангалзор ба ҷангалбоғ табдил ёфт. Дар 14 гектар ҳудуди ҷангали ноҳияи Дарвоз ва 10 гектар ҷангали ноҳияи Ишкошим ниҳолҳои мевадиҳанда шинонда шуданд. Дар доираи таъмин намудани амнияти озуқаворӣ табдили ҷангалзорҳо ба ҷангалбоғҳо боз ҳам вусъат меёбад. Дар маҷмӯъ, бештар аз 140 гектар боғҳои омехта бунёд мегарданд.
Ба мақсади таъмини боғҳои бунёдшаванда бо ниҳол дар ноҳияи Ванҷ ниҳолхонаи махсус таъсис ёфта, дар он беш аз 7 ҳазор бех ниҳолҳои себ, зардолу, чормағз, олуболу парвариш меёбанд.Танҳо дар давоми соли гузашта дар ВМКБ 122 гектар ҷангалзорҳо барқарор ва 43 гектар ҷангалзорҳои нав бунёд шуданд.
Бадахшон айни ҳол ба манбаи содироти меваи тару тоза табдил ёфта, васеъ гардидани боғҳо аз ҳисоби ҷангалзорҳо ва афзоиши меваю ба роҳ мондани коркарди саноатии он метавонад минтақаро ба калонтарин истеҳсолкунандаи маҳсулоти тайёр ва нимтайёри кишоварзӣ табдил диҳад.
Рустаниҳо ҳам ба муҳаббат ниёз доранд
Нигаҳбони «тиллои сабз» дили беқарор дорад. Ба ташвишу тараддуди зиёди рӯзгордорӣ нигоҳ накарда, Моимсултон ҳар рӯз аз ҳудуди ҳифзшавандааш дидан мекунад, то мабодо моли мардум ба он роҳ наёбад ва бо ҳар омадан ваҷабе аз онро аз регу санг тоза мекунад. Момои Моимсултонро сари гӯшаи сабзкардааш, ки аз манзилашон дур аст, пайдо кардам.
–Гирдогирди ҳудуди ҳифзшавандаатонро девор задеду хор бастед, чаро боз худатонро ташвиш дода, ҳар рӯз ба ин ҷо меоед?
–Рустаниҳо ҳам ба муҳаббат ниёз доранд, писарам. Вақте ғамхории инсонро ҳис мекунанд, хуб месабзанд. Мардум муътақиданд, ки ба ҷангалзорҳои ҳудудамон файз гузаштасту барои ҳамин ҳам пас аз тахрибшавӣ зуд барқарор шуданд. Ҳақиқатан ҳам аз файзи осмонӣ ва ҳаракати бобаракати мардум ҷангалҳо боз аз нав сабзу хуррам гаштанд, – баён дошт ҳамсуҳбатам.
Дар ҳамин ҳол гурӯҳе аз иҷоракорони деҳаи ҳамсояро дидам, ки хору симҳояшонро аз ҳудудҳои ҳифозатшавандаи ҷангал меканданд. Чун сабаб пурсидам, гуфтанд, ки тибқи шартнома онҳо ҳамасола танҳо ба буридани миқдори муайяни шохаҳои дарахтон барои ҳезум барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ иҷозат медоданду 30 дарсади манобеи даромад ба онҳо мерасид. Вале мудирияти нави ҷангал дар ноҳия ба баҳонаи моликияти давлатӣ будани ҷангал дар истифодаи захираҳои он бидуни ризояти шартнома ва манфиати иҷорагирон амал мекунад.
Ахиран дар ноҳия мудирияти ҷангал барои як хонавода вазифаи меросӣ гардидааст. Сарвати бебаҳои табиии ин ҷо, ки «тиллои сабз» меноманд, мероси ҳазорсолаҳост. Бошад, ки ба ин сарват бо назардошти манфиати иҷоракорони заҳматқарину дилсӯз ба мисли Моимсултон Шукруллоева муносибат шавад, то шукӯҳи ҷангалзорҳои сабзу хуррами водии Шоҳдара кам нагардад.
Ш. Мирзоҷалол,
ноҳияи Роштқалъа