Биёед ҳамроҳ мебинем, ки ҳангоми ҳомиладорӣ риояи кадом қоидаҳо ҳатмист:
* Дар ин давра кашидани сигор, истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ, маводи нашъадор қатъиян манъ аст. Ин маводҳо ба рушди системаи асаби кӯдак зарари ҷиддӣ мерасонанд.
* Корҳои вазнини ҷисмонӣ, бардоштани чизи вазнин мумкин нест.
* Фикрҳои нохушро дар мавриди ҳомиладорӣ ва таваллуд дар саратон ҷой надиҳед. Агар зиёд нороҳат шавед, беҳтараш ба духтури равоншинос муроҷиат намоед. Ё ин ки метавонед аз доруи валерианка истифода кунед.
* Сари ҳар вақт назди табиби оилавӣ рафта, маслиҳат бигиред.
* Сайругашт хуб аст, аммо бо меъёр.
* Ҳар вақте хастагиро эҳсос кардед, истироҳат кунед. Агар шабона хоби бароҳат надоред, рӯзона ҳатман хоб равед. Зани ҳомила дар як шабонарӯз бояд бештар аз 8 соат хоб кунад, хоби кам хатнок аст.
* Атрофатонро бо чизҳои зебо оро диҳед, бештар ба гулҳо назар кунед, мусиқии ороми классикӣ гӯш кунед, кӯдаки шумо орому зебо таваллуд хоҳад шуд.
* Ба истеъмоли ғизо аҳмияти ҷиддӣ диҳед, зеро шумо танҳо худатонро не, балки тифли батнатонро низ бо ғизои солим бояд таъмин намоед. Аз хӯрдани торт ва шириниҳо худдорӣ кунед, истеъмоли зиёди мева хуб аст.
* Ба Варзиши сабук машғул шавед. Шуморо зарур аст, ки қувваю неруи худро ҳифз намуда, бо ин васила гардиши хун ва рушди тифли батнатонро беҳтар созед. Аз ҳама намуди хуби варзиш барои занони ҳомила ин шиноварӣ аст, ҳам ба худатон манфиатбахш аст, ҳам барои тифлатон бехатар.
* Аз ҳама муҳим, модари оянда бояд худ ва тифлашро дӯст дорад. Аз ҳар дақиқаи ҳомиладориатон лаззат баред, зеро шумо ҳеҷ гоҳ наметавонед бо тифлатон инқадар наздик бошед.
Гигиенаи ҳомиладорӣ
Ғайр аз қоидаҳои зикргардида, инчунин ҳангоми ҳомиладорӣ гигиена хеле муҳим аст. Гигиенаро риоя карда, модари оянда на танҳо саломатии худ, балки саломатии тифли ояндаашро ҳифз мекунад.
*Нигоҳубини узвҳои маҳрамона ва ғадуди ширӣ ҳангоми ҳомиладорӣ хеле муҳим аст. Дар ин давра зарур аст, ки пас аз ҳар бори қазои ҳоҷҷат намудан, увҳои маҳрамонаро шустушӯ намуда, пистонҳои худро ҳамарӯза дар оби нимгарм маҳс намояд. Зеро ин амалҳо дар давраи ҳомиладорӣ ғадуди шириро барои ширмаконӣ омода мекунад.
*Либос ва пойафзол – занони ҳомила бояд либоси пахтагин ва аз ҷиҳати экологӣ тоза, пойафзоли сабуки чармин, ки роҳат бошанд, ба бар намоянд. Либоси синтетикӣ ҳам ба худи зан ва ҳам ба тифли батнаш зарари ҷиддӣ мерасонад.
*Дандонҳо. Ҷанин намаки маъданӣ, калтсий ва фосфорро аз модараш мегирад, бинобари ин бештар вақт занҳои ҳомиладор гирифтори бемории дандондард мешаванд. Аз ин лиҳоз бояд дандонҳоро дар як рӯз ду маротиба – саҳару бегоҳ пас аз хӯрок тоза кард. Инчунин, агар модари оянда гирифтори бемории дандон бошад, ҳатман онҳоро табобат намояд, зеро дандони илатӣ манбаи инфексия барои модару тифл аст.
*Мӯйҳо. Ҳомиладорӣ ба мӯйҳо низ бетаъсир намемонад. Дар ин давра мӯйҳо мешикананду мерезанд. Албатта, набояд ғамгин шуд, зеро ин гузаранда буда, баъди семоҳаи дуюм ба ҳолати муқаррарӣ бармегарданд. Дар ин давра ранг кардани мӯй тавсия дода намешавад.
*Нохунҳо. Аз сабаби норасоии калтсий дар давраи ҳомиладорӣ нохунҳо нозук шуда, мешикананд. Барои ин бояд давоми ду ҳафта ҳамарӯза нохунҳоро дар буғи намакоби баҳрӣ ба муддати 20 дақиқа гирифт. Сипас аз малҳаму кремҳои махсус бояд истифода шавад. барои нохунҳо молид. Дар ин давра ранг кардан қатъиян манъ аст.
*Маводи парфюмерӣ. То семоҳаи аввал аз ҳаргуна маводи парфюмерӣ, хусусан аз дезодорант ва маводе, ки дар таркибашон спирт доранд, худдорӣ кунед.
*Пӯст. Дар ин давра пӯсти бадан ба таври аён тағйир ёфта, зуд-зуд арақ мекунед. Аз ин рӯ, дар як рӯз ду маротиба, субҳу шом оббозӣ кардан, манфиатовар мебошад. Дар ҳамин ҳол об набояд аз ҳад хунук ва аз ҳад гарм бошад. Беҳтараш бо оби ҳарораташ 36 дараҷа оббозӣ кунед.
*Худдорӣ аз шахси бемор. Агар дар хона нафаре аз узви оила ба беморие, хусусан зуком, шамолхурӣ ва дигар бемориҳои гузаранда гирифтор гардад, аз ӯ худро эҳтиёт намоед. Ҷои хӯрокхӯрӣ ва табақу косаи хӯрокхуриашро ҷудо кунед, то ин ки ба шумо нагузарад.
Тифл дар батни модар
Барои аксари занон, хусусан, онҳое, ки маротибаи аввал ҳомиладориро мегузаронанд, хеле шавқовар аст, ки бидонанд тифли батнашон чӣ гуна асту чӣ тавр инкишоф меёбад. Дар ин хусус низ хостем маълумоти кӯтоҳе пешниҳод намоем.
Оё тифл дар батни модар мешунавад?
Овозҳо ҳангоми рушди тифл нақши муҳим доранд. дар 25-умин ҳафта узви шунавоии кӯдак пурра рушд мекунад. Дар ин давра бо тифли батни худ суҳбати ором кардан, бисёр муҳим аст. Тифл асосан ҳангоми муноқишаи волидайн, ба ҳаракати якбораи модар, ба занги баланди телефон, ба садои дурударози таҷҳизоти электронии рӯзғордорӣ, ба садои сахти дари машина, ба гиряи модараш аксуламал нишон медиҳад. Аз ҳама бештар муноқиша миёни волидайн ба кӯдаки таваллуднашуда зарари ҷиддӣ мерасонад.
Ба як қоидаи нозуки дигар аҳмият диҳед! Тифл ҳама чизеро, ки дар атрофи модараш рӯй медиҳад, мефаҳмад, таъби ӯро эҳсос мекунад. Ташхиси зиёди ултрасадоӣ (УЗИ) барои тифл онқадар хушоянд нест. Афсона, сурудҳои алла ва мусиқии оромро аллакай дар батни модар эҳсос мекунад.
Ба шумо ва тифли ояндаатон саломатӣ орзу дорем!
Саида Қурбонова