07

Июл, 2025
Душанбе

07

Июл, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

«САДҚАИ КУРТАЧАКАН САДҚАИ КӮЛОБ ШАВАМ»

Рустам барҳақ чакомаи Ватанро месуруд. Мисли булбули маст аз Ватан, аз Тоҷикистони азиз, аз Кӯлоб, ки як гӯшаи ин Ватани зебою бузург аст, нола мекард. Бо як тафохури беинтиҳо суруд мехонд ва аз сидқи дил мегуфт: «садқаи номи Ватан, садқаи дашту даман, садқаи сози кӯҳан, садқаи куртачакан, садқаи Кӯлоб шавам».

Умари Хонак як шоири меҳан, фидоии шеъру сухан буд. Дар шеърҳояш Ватанро ситоиш мекард. Тарзи нигориши Умар дилрабо буд:

Бӯи ту Ватан, сархушу мастам кардаст,

Зебоии ту ватанпарастам кардаст,

Ман даъвии шоирӣ надорам ҳаргиз,

Ишқи ту Ватан, қаламбадастам кардаст.

Таронаи «Садқаи куртачакан, садқаи Кӯлоб шавам» дар як фурсати кӯтоҳ ҳам ба шоир ва ҳам ба сароянда шӯҳрат овард. Аз дигар ҷониб, ин суруд барои ба образи барҷаста табдил ёфтани духтари чаканпӯш мусоидат намуд. Замоне ҳамин гуна як суруди бисёр зеборо бо номи «Куртасурхак» Раҷабалӣ Назар низ навишта буд ва ин суруд ҳам шӯҳрати зиёдеро касб кард. Сазовори баҳои баланди устодон Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Абдусалом Деҳотӣ гардид. Ҳамон вақт ба ин суруд як зумра шоирони насли калонсоли мо мухаммас сароиданд. Вожаи «куртасурхак» ба як муродифи амиқи духтари тоҷик табдил ёфт.

Шоир Умари Хонак низ тавонист бо ин суруди худ боз як синоними дигари калимаи духтари тоҷикро ба вуҷуд биорад. Дар ҳар маврид ин суруд и зебо чун як хотираи нек аз ин ду эҷодкори ҷавонмарг ба ёдгор монд.

Баъд аз марги шоир Умари Хонак устодаш Хайрандеш, ашъори парешони ӯро дар шакли як китоби мукаммал бо номи «Ёдгори умр» гирд оварада, дар аввалсухан рӯзгори нобасомони шоирро бо чаҳор мисраи зебо таҷассум месозад:

Ташнаи шеър будӣ, тӯъмаи гирдоб шудӣ,

Масти соҳибсуханон, масти майи ноб шудӣ.

Баъди сарсонию оворагият, охири кор

Садқаи куртачакан, садқаи Кӯлоб шудӣ.

А. ЗАРИФӢ

:.  Аз ҳар боб 25.07.2017 11:47 2176

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz