Ба рӯзи нав, бо андешаи нав
Дар ин корхона мизоҷон имконият доранд, бевосита марҳилаи тавлиди маҳсулоти дилхоҳашонро назорат кунанду мувофиқи завқу хостаҳои худашон ба он тағйирот дароранд ва зуду босифат онро дастрас ва истифода намоянд.
Аммо ҳанӯз чанд сол қабл ороиш додани ҷойи баргузории чорабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ дар маркази вилоят ва ноҳияҳо саргардониҳои зиёд дошт. Шиору овезаҳои рангаро дар маркази ҷумҳурӣ фармоиш медоданд. Агар дар имло саҳве мешуд ва ё вобаста ба дигар намудани рангу тасвири овеза андешаи ҷолибтар ва мақбул ба миён меомад, имконияти ислоҳи он вуҷуд надошт. Назира, ки худ дар шуъбаи иҷтимоӣ-фарҳангии мақомот фаъолият мекард, танқисии маводи чопиро сахт эҳсос карда буд. Ба манзури мусоидат ба ҳалли мушкилот ин бонуи навовару ташаббускор, дастпарвари Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон, ки чанд сол дар мақомот таҷрибаи корӣ андӯхт, бо гурӯҳи ҷавонони болаёқат корхона кушод. Бозомӯзии мутахассисони ҷавони корхона ва афзудани номгӯи хизматрасониҳои соҳаи ороиш ва чоп боиси дар муддати кӯтоҳ афзудани шумораи мизоҷон гардид. Акнун манзили хусусӣ барои корхона тангӣ мекард ва бо ҳисси боварӣ ба муваффақият маблағи қарзи бонкӣ барои хариди бинои мувофиқ дарёфт ва корхона ба он ҷо кӯчонда шуд.
Муваффақияти истеҳсолии ҶДММ «Хушкор» аз фаъолияти бобарори молиявиаш бармеояд. Пардохти намудҳои гуногуни андоз ба буҷети давлат дар давоми сол маблағи зиёда аз 155 ҳазор сомониро ташкил додааст. Дар корхонае, ки Назира бо додараш Носир-ягона мутахассиси соҳаи чоп ва дизайн асос гузоштанд, акнун 16 нафар мутахассиси ҷавон кору эҷод мекунад. Музди заҳмати миёнаи кормандон 900 сомониро ташкил медиҳад. Мутахассисони ҷавон корхонаро боифтихор мактаби рушди касбӣ ва маънавиашон мешуморанд. Варақаҳо, табрикномаҳо, шиору овезаҳо, буклетҳо, брошюраҳо, китоб ва дигар намудҳои маҳсулоти чопии ҳаҷму андозаи гуногуну рангин маҳсули эҷоди онҳост. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ яке аз фармоишгарони калонтарин буда, 40 дарсади маҳсулоти чопӣ барояшон тайёр мешавад, тақрибан 40 дарсади фармоишҳо ба созмонҳои байналмилалӣ ва 20 дар сад ба дархости ашхоси воқеӣ рост меояд. Як дӯсти хориҷиам дар варақсанги кӯҳистон акси манзараи барояш писандомадаи Бадахшонро, ки мутахассисони ҷавон бо усули махсус рӯи он ранг задаанд, барои ёдгорӣ бо худ ба хонааш бурдааст. Хоҳишмандон метавонанд дар ин ҷо рӯйи санг, ҷому табақҳои шишагӣ ва ё карамикӣ ба расми туҳфаю ёдгорӣ акс ва аломати дӯстдоштаашонро фармоиш диҳанд. «Хушкор» дар пешкаш намудани тасвир ва навиштаҷоти гуногуни ҳаҷман калон ба шакли электронӣ ҳам тахассус пайдо мекунад ва нуқтаҳои тиҷоративу идораву муассисаҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ин намуди ороишот ба таври васеъ истифода мебаранд.
– Шоире фалсафаи зиндагиро рӯзи наву андешаи нав баён кардааст. Муътақидам, ки мо, ҷавонон, бояд ҷӯяндаву навовар бошем. Ҳар рӯз бо андешаҳои нави эҷодӣ ба кор омада ва дар роҳи татбиқашон кӯшем, то ҳамқадами талаботи замону рақобатпазир бошем, – изҳор медорад Назира Дилёбова.
Ҷасоратро Назира аз падар мерос гирифтаст. Ҳанӯз чанд даҳсола қабл, падараш-муҳандиси шинохта Султоншо дар нишаст изҳор дошт, ки дар оянда оби тозаи ошомиданӣ қимати нафтро пайдо мекунад ва нақшаи тавассути лӯлаҳо интиқол додани оби тозаи Сарезро ба маркази ҷумҳурӣ ва кишварҳои дигари мувоҷеҳ ба танқисии оби тоза пешниҳод карда буд. Он вақт ин пешниҳоди мутахассисро бо истеҳзо ва тамасхур истиқбол карданд, вале бо гузашти солҳо ва шиддат ёфтани ниёз ба оби тоза мутахассисон бар ин боваранд, ки Тоҷикистон метавонад бо амалӣ гаштани чунин лоиҳа ба ҳалли мушкилоти оби тозаи ошомиданӣ дар минтақа ва соири кишварҳои ҳамҷавор мусоидат намояд.
Ҳар инсон бояд хушкор бошад
Афродеро, ки корро бо салиқа ва сифати баланд анҷом медиҳанд, хушкор меноманд. Аммо мардум чунин сифатро на ба ҳар кас нисбат медиҳаду он нишонаи эҳтироми махсус ба ҳунари шахс аст. Назира падарашро ба ёд овард, ки яке аз чунин шахси ҳалолкору дилсӯз буду иншоотро бо сифати баланд месохт ва барои ҳамин, вақте бознишаста ҳам шуд, ширкатҳои сохтмонӣ вайро ба кор даъват намуданд.
–Вақте ки корхонаро таъсис додем, ба хубӣ дарк кардем, ки дар дизайну полиграфия ва ноширӣ танҳо бо пешниҳоди маҳсулоти чопи сифати аъло ва навоварӣ дар бозор мавқеъ пайдо кардан мумкин аст. Дар Бадахшон ҳунармандони касбу кори гуногун зиёданд, вале байнашон ашхоси хушкор мухлису мизоҷи ҳамешагӣ доранд. Ба ақидаи ман, ҳар инсон бояд кӯшиш намояд, ки хушкор бошаду ҳама гуна корро хубу тоза анҷом диҳад. Барои ҳамин ҳам номи «Хушкор»-ро интихоб ва хушкор буданро шиори хеш қарор додем,– мегӯяд Н. Дилёбова.
«Дар «Хушкор» ташаббус ва андешаи нави ҳар корманд дастгирӣ меёбад. Ман дар ин ҷо мувофиқи табъу завқи худ кор пайдо мекунам ва аз муҳити эҷодӣ, ки ба рушди касбият мусоидат мекунад, қаноатмандам», –баён медорад мутахассиси ҷавон Рустам Хушқадамов.
Давлатбегим Завқибекова ҳанӯз ҳангоми таҳсил дар факултаи математикаи донишгоҳи Хоруғ ба рассомӣ ва графика шавқ дошт. Ба шарофати «Хушкор» соҳиби кор шуду дар маркази ҷумҳурӣ бозомӯзӣ дид ва айни ҳол яке аз мутахассисони касбии соҳаи ороиш дар вилоят маҳсуб мешавад.
Чанде қабл корхона дастгоҳҳои калонҳаҷми чопӣ оварду имконияти полиграфии корхона боз ҳам васеъ гардид. Мутахассисони ҷавони «Хушкор» ба роҳ мондани чопи арзону босифати нашрияҳои маҳаллиро дар вилоят имконпазир мешуморанд ва омодаанд, ки дар ҳалли ин мушкилот саҳм гузоранд.
Таҷҳизоти чопӣ дар корхона бо маблағи фоида аз ҳисоби фаъолиятҳои иқтисодӣ харид шудаанд. Ба бовари бонуи ташаббускор «Хушкор» бо муносибати дилсӯзона ба амволе, ки бо заҳмат ба даст меояд, ҷамъ омадани мутахассисони ҷавон дар муҳити созандаи эҷодӣ, навовариҳо ва сифати баланди иҷрои фармоишҳо ба комёбиҳои истеҳсолӣ ноил гардидааст. Барои фатҳи қуллаҳои нави эҷодкорӣ ва навоварӣ ба «Хушкор» барор орзу дорем.
Ш. Мирзоҷалол