06

Сентябр, 2025
Шанбе

06

Сентябр, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

КУШКИ «ЗАНОНИ ВАФОДОР»

 

Тарафи душман сахт ҳайратзада буданд, вақте диданд, ки занон шавҳарони худро ва духтарони муҷарад падарон ё бародарони худро пушти худ бардошта аз қалъа берун мешаванд.
Шоҳ дастур медиҳад, ки ваъдаашонро нашикананд ва иҷоза медиҳад, ки бираванд. Ва ин қалъа аз он дам то ба ин замон бо номи "Қалъаи занони вафодор" шинохта мешавад.
Ин ки боарзиштарин чизи мардуми онҷо пул ва чизҳои модӣ набуд ва ин ки ин қадар содиқ буданд, ки азизони худро наҷот диҳанд, таҳсинбарангез аст.

Ин таърих замони ҷанги дуюми ҷаҳонро ба хотир меоварад. Дар он замон занону духтарон ва ҳатто кӯдакони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз субҳи содиқ то фаро оасидани шом алаф медаравиданд ва ё пахта мечиданд. Шиори онҳо ҳама вақт ин буд: «Ҳама чиз барои фронт!», «Ҳама чиз барои ғалаба бар фашизм!»

Таърихнигорон ва шоҳидони ҳол нақл мекунанд, ки ҳатто занони ҳомила то расидани вақти таваллуди тифл аз кор даст намекашиданд, онҳо бар чунин андеша буданд, ки бо зиёд шудани маводи хӯрока ва лавозимоти ҳарбӣ бародарону падарон ва ҳамшаҳриҳою ҳамсояҳои онҳо бар душман ғолиб хоҳанд шуд. Ба ҳамин хотир, шабро шаб нагуфтаву рӯзро рӯз нагуфта, заҳмат мекашиданд.

Илова бар ин, бонувону духтарон гӯшвору дастпона ва дигар ҷавоҳироти худро ҷамъ карда, ба намояндагони давлат месупурданд, то бо ин маблағ танк ё ҳавопаймо ё дигар лавозимоти ҷангӣ харидорӣ намоянду мардон бар зидди аду мубориза кунанд.

Ҳамчунин донандагони таърих ёдовар мешаванд, ки модарону духтарон барои мардони разманда ҷӯроби гарму дигар намуд либосҳои зимистона дӯхта, онро бо почта ба ҷабҳа интиқол медоданд.

Қисмати дигари бонувон, ки аҳли ҳунару санъат буданд, барномаҳои махсус таҳия намуда, новобаста ба хавфу хатар ва мушкилоти зиёд ба хатти фронт мерафтанд ва дар назди мардону лашкариён ва сарбозону афсарон барномаҳои консертӣ иҷро мекарданд.

Ин тарзи муносибати занони ақибгоҳ барои сарбозону афсарон неруву қувваи тоза мебахшид ва онҳо новобаста ба мушкилот ва сардиҳо алайҳи душман мардонавор ҷанг мекарданд ва натиҷа ҳам пирӯзӣ шуд, пирӯзии сафедӣ бар торикӣ, пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ бар Германияи фашистӣ!

Метавон аз ин ҳодиса ҳам натиҷа гирифт, ки барои модарону духтарон дар ҳолатҳои ҳалкунанда ва ҳассос арзишмандтарин чиз ин меҳри бародариву модарӣ ва зану шавҳарӣ аст. Ба ин хотир, онҳо омодаанд аз баҳри гаронарзиштарин ҷавоҳирот бароянд ва саломатии азизону пайвандони худро дар меҳвар қарор бидиҳанд.

Пас, биоед, дар рӯзҳои маъмулӣ низ ҳамчун гавҳари ноёб инсонро интихоб кунем ва ӯро арҷ бигзорем. Зеро ҳич дороие наметавонад ба як хандаи тифл ва ё як нигоҳи пур аз меҳри шавҳару бародар ва ё зану хоҳар баробар шавад.

Фароруни Сабзқадам

 

:.  Аз ҳар боб 21.06.2017 10:47 1446

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz