Аз сабаби дар оила фарзанди ягона будан таваҷҷуҳи волидайн тамоми умр ба ӯ буд. Баъд аз ба балоғат расиданаш Моника иқрор шудааст, ки маҳз модараш аз хурдӣ муҳаббати ӯро ба муд бедор намуд. Аллакай дар солҳои мактабӣ Моника бо чеҳраи зебояш аз дигар ҳамсолонаш фарқ менамуд. Моника бо баҳои аъло мактабро хатм намуда, соли 1986 тасмим гирифт, ки ба факултаи ҳуқуқи донишгоҳи Перуҷ ҳуҷҷатҳояшро супурад. Барои ба даст овардани маблағи таълим ӯ фаъолияташро ҳамчун модел оғоз намуд. Сараввал Моника ин намуди фаъолиятро ҷиддӣ қабул накарда, танҳо воситаи ба даст овардани пул мешумурд. Аммо бо гузашти чанд муддат ӯ пурра худро ба соҳаи муд бахшида, аз хондан даст кашид ва бо агентии Милан Elite Model Management шартнома баст. Аз сабаби ба ин кор саропо ворид шудан, дар як муддати кӯтоҳ таваҷҷуҳи муҳаррирони маҷаллаҳои муд ва беҳтарин таҳиякунандагонро ба худ ҷалб намуд. Дар байни ширкатҳои ҷаҳонӣ муди бонуфузи Долче ва Габанноро интихоб кард.
Бо вуҷуди он аллакай дар оғози фаъолияташ ба Моника муяссар гашт, ки бо суратгирҳои боистеъдод Оливеро Тоскани ва Ричард Аведон ҳамкорӣ намояд. Соли 1989 ӯ ғайр аз Милан дар пойтахтҳои муди ҷаҳон - Париж ва Ню-Йорк низ кор кардааст. Ягон ҳафтаи муд бе ӯ намегузашту ду маротиба дар тақвими машҳури ҷаҳонии PIRELLI сураташ чоп шуда буд. Бояд гуфт, ки муҳаррирони он барои саҳифаҳои тақвим ҳамасола 12 духтари ҷолибро аз тамоми ҷаҳон интихоб мекарданд.
Оғози кори Моника аз нақшҳои хурд дар филмҳои «Зиндагӣ бо писарон» ва «Роҳзанҳо» шурӯъ шуд. Он замон дар гузоштани аввалин қадамҳо дар нақшофарӣ ба ӯ коргардони машҳури синамои итолиёвӣ Дино Ризи ёрӣ расонд.
Чанде пас аз нав дар саҳифаҳои яке аз маҷаллаҳои бонуфузи муд ӯро яке аз наздикони коргардони кино Френсис Коппол ба мушоҳида гирифт. Моника то он дараҷае дили ҷавонро тасхир намуд, ки ӯ амакашро розӣ кунонд, то дар филми ояндааш ба ӯ нақше ҷудо намояд. Ба вай дар филми «Дракула» нақши арӯси Дракуларо доданд. Моника аз соли 1992 то соли 1995 дар филмҳои «Тақдири якрав», «Қаҳрамонҳо», «Иосиф» нақш бозидааст. Ин филмҳо дар Итолиё ба навор гирифта шуданд. Аммо баъдтар ӯ барои тасхир намудани коргардонҳои кинои фаронсавӣ роҳ ба сӯи Париж гирифт. Соли 2001 пас аз офаридани нақши асосӣ дар филми «Малена» шуҳрати Моника якбора боло рафт.
Дар маҷмӯъ дар муддати фаъолияташ дар соҳаи кино ӯ дар зиёда аз 50 филм нақш офаридааст. Бештар бо бозидан дар филмҳои «Бебозгашт» (2002), «Астерикс ва Обеликс: рисолати Клеопатра» (2003), «Матритса - 3» (2003), «Бародарон Гримм» (2005), «Баария» (2009), «Ишқ: дастурҳо барои истифода» (2011) машҳур гаштааст.
Феълан Моника Беллуччи 52 сол дошта, ҷавонии зоҳириро ба воситаи хӯроки солим ва равиши косметикӣ нигоҳ медорад. Ягон узви бадани ӯ то ҳол зери теғи ҷарроҳон қарор нагирифтааст. Моника иқрор шудааст, ки ба таври табиӣ пир хоҳад шуд.
Соли 1990 Моника аввалин бор бо Клаудио Бассо ақди никоҳ баста, баъд аз чанд муддат аз ӯ ҷудо шуд. Соли 1996 бо бозидани нақш дар филми «Хона» ӯ бо ҳунарманди синамо Винсан Кассел шиносоӣ пайдо намуд. Пас аз се соли шиносоӣ онҳо соли 1999 издивоҷ карданд. Давоми зиндагии якҷояашон соҳиби ду духтар гардиданд. Аммо соли 2014 ин ҷуфт қарор дод, ки аз ҳам ҷудо шавад. Моника Беллуччиро дар бештари вақт Софи Лорени дуюм низ ном мебаранд. Ҳунарпеша танҳо дар сурати зарурӣ барои офаридани нақш парҳез менамояд. Моника Беллуччи давоми фаъолияти эҷодиаш ба як қатор ҷоизаҳои ҷаҳонӣ сарфароз гашта, на танҳо дар кишвараш, балки дар сар то сари ҷаҳон машҳур шуд.
Таҳияи МАДИНА