Деҳа кайҳост, ки масоҳати худро тағйир дода ба се қисмати алоҳида Қаромиқ, Қарасақал, ва Қулҷуҷай, ки чойхонаву мактабҳои алоҳида дорад, тақсим гардидааст. Вале расман ҳамчун як деҳа - деҳаи Қаромиқ дар қайд аст. Манзараи зебо, нотакрор ва тасхиркунандаи ин гӯшаи биҳишосо одамро дар ҳайрат мегузорад. Ин ҷо мавзеҳои зиёди таърихӣ низ мавҷуданд, ки яке аз онҳоро «Чилтанҳо» ва дигареро «Қочқорташ» ном мебаранд. Бахусус, «Чилтанҳо» барои мардуми таҳҷоӣ чун макони муқаддас арзёбӣ гардида, аҳолии деҳаҳои гирду атроф ва ҳатто он сӯи марз низ ба зиёраташ меоянд. Аз рӯи ривоятҳо, замонҳои пеш 40 нафар ҷавонмард садди роҳи душман мисли қалъа истодагарӣ намуданд ва аз Худованд илтиҷо кардаанд, ки сари роҳ онҳоро санг бигардонад, то душман натавонад марзро убур бикунад. Илтиҷои онҳо қабул ва эшон ҳама ба санг мубаддал гаштанд, ки душман ҷасорати гузашитанашро надошт.
ЗАНОНИ ЧИРАДАСТ
Дар баробари мавзеъҳои таърихӣ ва табиати зебову нотакрор Қаромиқ бо дигар дастовардҳо низ дар ноҳия ва берун аз ӯ маълуму машҳур гаштааст. Вақте шахс вориди хонаҳои қаромиқиҳо мегардад, аз нақшу нигор, гилему гулдӯзӣ, қуроқу бурё ва намаду сӯзаниҳои хоси бонувони гулдасташ шефтаву ҳайратзада мешавад. Бурёе, ки занони ин маҳал мебофанд, бо забони қирғизӣ «таар» меноманд.
- Ман ин касбро аз модарам омӯхтаам ва модарам бошад дар баробари худ аз модари худаш. Ҳоло барои духтаронам тарзи тайёр намудани намаду бурё, шолчаву таар ва гилему гулдӯзиҳоро меомӯзам. Аз насл ба насл ин ҳунари қадимаи мардуми қирғизро давом дода истодаем, – мегӯяд ҳамсуҳбатам бону Гулоим Абдуллоева.
Тавре Гулоим Эҷе (эҷе - апа бо забони қирғизӣ) мегӯяд барои тайёр намудани як таар, ки ягон тӯи арӯсӣ бе он намегузарад, 12 кг пашми тоза ва коркардшудаи гӯсфанд ва як моҳ вақт лозим аст. Барои омода намудани як гилем, ки он ҳам яке аз ҷиҳозҳои асосии арӯс маҳсуб меёбад, 45 кг пашми гӯсфанд ва якуним моҳ вақт мерафтааст.
Бону Ҷипек Мирзабекова бошад, бо ҳунари пӯстиндузӣ дар ноҳия машҳур аст. Пустинҳои бо санъати баланд ва сифати аъло тайёр намудаи Мирзабековаро мардум аз дурӣ дар тани якдигар дида мешиносанд.
- Барои тайёр намудани яу пӯстин ба мо аз 5 то 7 пӯсти гӯсфанд лозим меояд. Мо қирғизҳо, ки бештар ба чорводорӣ машғулем, дар дарёфти пӯст танқисӣ намекашем. Албатта тайёр намудани пӯстин меҳнат ва вақти зиёдро талаб мекунад, вале дар як моҳ 2 то пӯстин омода мекунам. Ин ҳунарро ба ман модарам ва бибиям омӯзонидаанд. Ба хотири ҳунарманд шудан, бибиам номи маро Ҷибек - яъне тори абрешим ниҳордааст, - мегӯяд Мирзабекова.
ОМЕЗИШИ АНЪАНАҲО
Гилему «таар», «даврӣ»-ву, «туштурдуқ», «ҷукалдӣ»- ву «кошого» (гулдузиҳои хоси ин маҳал), пӯстину намад ва дигар маҳсулотҳое, ки занони мо истеҳсол мекунанд нақшу нигори миллии ҳам тоҷикӣ ва ҳам қирғизро дар бар мегиранд. Ин нақшу нигорҳои миллӣ, ки бо як омезиши хос рӯи ҳунари мо ҷило медиҳанд, онҳоро боз ҳам рангинтар намуда, аз маҳсулоти дӯзандаҳои Бишкеку Ош фарқкунанда мегардонанд, иброз медоранд ҳунармандон.
Фолклору этнографияи омехтаи мардумони ин русто, ки фарҳанги ду миллати бо ҳам дусту бародар тоҷику қирғизро инъикос мекунад, якдигарро боз ҳам хушрангтару зеботар намудаанд. Намунаи беҳтарини дустиву бародарии миллатҳоро инҷо дидем. Тоҷикону қирғизҳо ҳангоми гуфтор ногаҳон аз забони тоҷикӣ ба қирғизӣ ва аз қирғизӣ ба тоҷикӣ мегузаранд. Эшон бо ҳам хешу табор шудаанд, духтар додаву духтар мегиранд.
ҲУНАР БЕҲ АЗ СИМУ ЗАР
Ҳунармандии занони ин деҳа кайҳост, ки манбаи хуби даромад ва сабаби боло бурдани сатҳи зиндагиашон гардидааст. Меҳмонони хориҷӣ ва кӯҳнавардоне, ки ҳамасола барои фатҳи қуллаҳои сарбафалаккашидаи кишварамон ба ин мавзеҳо меоянд, маҳсулотҳои тайёрнамудаи занони қаромиқиро бо асъори хориҷӣ харидорӣ намуда, буҷаи оилавии сокинони ин деҳаро ғанӣ мегардонанд.
Агар қисме аз маҳсулоти истеҳсолнамудаи моро, ки аз оғоз то ба анҷом дастӣ иҷро мегардад, меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ ба сифати армуғон ё чиҳози ороишӣ харидорӣ намоянд, қисмати дигарашро ҳамчун ашёи рӯзгор барои хонаашон харидорӣ мекунанд.
Тавре Гулоим Эҷе ва Ҷибек хонум дар охири суҳбат қайд карданд, маҳсулоти тайёрнамудаи онҳо аз 20 то 100 доллари америкоӣ арзиш доштааст. Онҳо кайҳо байни сокинони пойтахт низ шинохтаву дар Душанбе мизоҷ дарёфтаанд.
Ҳар зани ин деҳа бо ҳунаре шинохта гаштааст. Агар Ҷибеку Гулоим дар тарроҳиву дӯзандагӣ ва гилембофиву намадрезӣ маъруфанд, пас Турдигулу Айсулу дар омода ва захира намудани маҳсулоти ширӣ ба мисли қуруту панир, равғани зарду чакка ва маскаву қаймоқи боллазат, Гулмираву Алмахан дар пухтупази хӯроку анвои маҳсулоти нонии миллии қирғизӣ ба монанди бешбармақ, қуурма, комоч, петир ва қалинану ҷуқанан шуҳратёр гаштаанд.
Деҳаи ободе, ки мардумаш саодатмандан, хушбахт аз онанд, ки сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумати Тоҷикистон нисбати ҳама миллату халқиятҳо баробаронаву бародарона аст. Ва давлати Тоҷикистон имрӯз имкон фароҳам овардааст то ақалиятҳои миллӣ дар ин сарзамин бо забони модариашон озодона муошират намоянд, таҳсилу тадрис кунанд ва дар фазои сулҳу амният ва ваҳдати комил кору зиндагӣ намоянд.
Далер САФАР