Тасмими ногаҳонӣ
Падар аз интихоби пешаи духтараш хурсанд буд. Одинамоҳ ба суоли падар, ки: „Акнун, мактаб ҳам тамом шуд, тасмимат чист?“ посухашро гуфт: „Ҳуқуқшинос шудан мехоҳам!“. Бо хайрухуш намудан бо аҳли хонавода Одинамоҳу қиблагоҳаш аз ноҳияи Совет (имрӯза Темурмалик) роҳи Душанберо пеш гирифтанд. Раҳораҳ ӯро андешаи чӣ тавр ба падар асли гапро гуфтан, ором намегузошт. Агар ӯ миёни хонавода мегуфт, ки ҳадафаш ҳавонавардист, аз ду сар розӣ намешуданд. Бародарро розӣ кунондан амри маҳол буд, модарро бошад, душвортар аз ҳама. Охир, кадом модар мехоҳад, духтараш чунин як пешаи ба истилоҳ „хатарнок“ - ро интихоб кунад?! Аз як тараф тарс аз ҷони фарзанд, аз сӯи дигар диди маҳкумкунандаи мардуми маҳал. Барои дарёфти таҳсилоти олӣ аз ноҳияҳои дурдаст ба шаҳр рафтани духтар ба масал „қаҳрамонӣ“ буд. Ӯ оҳи сабуке кашиду бо дидаҳои нимроғ ба теғи офтоб, ки шишаи автобусро шикофта, гармӣ мепошид, назар андӯхт. „Тамоми қувваро ҷамъ мекунаму диламро холӣ мекунам. Мегӯям, ки ҳавонавард мешавам. Ҳар чӣ бодо, бод!“, ба дил қарор дод Одинамоҳ. Бо расидан ба шаҳри Душанбе аз дидани биноҳои серошёна хаёлоти мағшуш ӯро аз банд раҳо кард.
Онҳо ба қароре омаданд, ки фардо барои ҳуҷҷатсупорӣ ба донишгоҳ мераванд, зеро имрӯз аз дурии роҳ хеле хаставу лакот шуда буданд. Гӯё барои Одинамоҳ ин лаҳзаҳои мувофиқу муносиб барои пайдо кардани ҷасорат буд, ки ба маслиҳати падар розӣ шуд. Ӯ намедонист, ки суханро аз чӣ оғоз кунад ва аз мақсадаш падарро дар ҷараён гузорад. Пайт дар ҷараёни суҳбат мекофт. Билохира, падар аз чӣ гуна пайдо шудани орзуи ҳуқуқшинос дар дили духтараш пурсон шуд. Одинамоҳ бо каме ҳарос, ки мабодо қиблагоҳаш тасмимашро рад мекунад, забон хоида, ба ифшои рози дилаш сар кард:
– Медонед, падарҷон, вақте дар синфи ҳафтум мехондам, боре муаллимамон аз интихоби касб моро пурсон шуд. Гуфтам, ки ҳавонавард мешавам. Парвоз карданро дӯст дорам…
Падар аз тасмими „ногаҳонӣ“ - и духтараш дар ҳайрат уфтоду суоли дигареро раво нашмурд.
„Летать хочу…“
Пас аз се рӯзи ғарқи андешаҳо будан, ниҳоят падар ба хулосае омад, то худ барои амалӣ гаштани орзуҳои Одинамоҳ қадами нахустинро гузорад. Ба сӯи бозори „Шоҳмансур“ раҳ бурд, ба умеди он ки шояд дар бораи қабули довталабон ва мактаби ҳавонавардӣ аз фурӯшандагони чиптаи ҳавопаймо маълумоте пайдо кунад. Он ҷо се марди русро, ки ба тан либоси ҳавонавардӣ доштанд, вохӯрд, ки бо ҳам гарми суҳбат буданд. Ӯ пас аз риояи одоби салом дар бораи чӣ гуна шомили мактаби ҳавонавардӣ шудан пурсон шуд. Як нафаре аз онҳо аз макони қабули ҳуҷҷатҳо дарак дод. Одинамоҳ рӯзи дигар ҳамроҳи падар ба фурудгоҳи Душанбе ба қасди ҳуҷҷатсупорӣ омад. Вақте вориди қабулгоҳ шуданд, аз дидани духтари деҳотии атласпӯш аъзои комиссия чашм намеканданд. Одинамоҳ аз ин нигоҳҳои ҳайратбор дасту по гум кардаву ба дил андешид, ки шояд танҳо шаҳриҳо имкони дохил шудан ба мактаби ҳавонавардонро доранд. Зеро бонуеро бо либоси тоҷикӣ он ҷо намедид. Аммо баъд аз суҳбат бо намояндагони омӯзишгоҳи ҳавонавардии шаҳри Рилскии вилояти Курски собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ умеди нав барои амалӣ шудани орзуҳо дар қалбаш шуъла афрӯхт.
– Ба суолҳояшон ҷавоби амиқе гуфта наметавонистам, чунки забони русиро чандон хуб балад набудам. Ёд дорам, ки ба аксари саволҳо ҷавобам як буд: „Летать хочу!“. Муошират бо хонаводаи дӯсти русзабони падарам, ки дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекард, барои бурро шудани нутқи шифоиям маро хеле кумак намуд, то тавонистам дар омӯзишгоҳ барои фаро гирифтани дарсҳо ва ҳам дар суҳбат бо миллатҳои дигар озод бошам, – ёд аз он рӯзҳо карда, мегӯяд Одинамоҳ Тағоева.
Соли 1990 бо хатм кардани факултаи сохтори мухобироти радиоии парвози ҳавопаймоҳо ва таҷҳизоти радиоии фурудгоҳҳои хатсайрҳои ҳавоии маҳаллии шабакаи алоқаи телефонии баландсадои омӯзишгоҳи ҳавонавардии вилояти Курск Одинамоҳ ба Ватан баргашт ва фаъолияташро аз фурудгоҳи Кӯлоб оғоз намуд. „Лаҳзаҳои аз ҳавопаймо поин шуданамро ҳеҷ гоҳ наметавонам фаромӯш кунам. Тамоми хешу пайвандон, намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ бо шодбошиву гулдастаҳо маро истиқбол гирифтанд. Он ақидаҳои пешинаам, ки маро қабл аз расидан ба ҳадафҳоям азоб медоданд, ботил баромаданд. Акнун медидам, ки бонуи соҳибкасб чӣ эҳтироме миёни мардум доштааст. Аз ин тантанаҳо фахр мекардаму меболидам“, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Соли 1995 ба ҳайси танзимгари таҷҳизоти барқӣ-радиоии парвоз ва фурудоии тайёраҳо ба Ширкати давлатии ҳавопаймои „Тоҷикистон“ ба кор омада, баъдан дар вазифаи муҳандиси ин ришта дар ҶСК „ТоҷикЭйр“ фаъолияташро идома додан дорад. „Сари чанбари тайёра нишастан боре ҳам насибам нашудааст ва то ҳанӯз он армон дар дилам боқист. Умедворам, ки писарам Муҳаммадалӣ роҳи маро давом медиҳад. Ӯ шояд ҳавонавард мешаваду орзуҳоямро ба парвоз мебарад“, - хаёлмандона ба гӯшае назар намуда, мегӯяд Одинамоҳ Тағоева.
Қутбияи Неъматулло