Рӯзи таваллуди Барби 16 феврали соли 1959 ҳисоб меёбад. Ҳамон рӯз аввалин маротиба ин зочаро дар намоишгоҳи бозичаи кӯдаконаи Ню-Йорк ба маърази дид бароварданд. Аммо дар аввал намояндагони шабакаҳои тиҷорат ба ӯ аҳамият надоданд. Баъдан, Хендлерҳо бевосита ин лӯхтакро ба мағозаҳои бозичафурӯшӣ барои фурӯш пешниҳод карданд. Танҳо дар соли аввал 350 ҳазор адад лӯхтак ба савдо рафт. Аз ин ба баъд дигар Барби дӯстдоштатарин лӯхтак гашт.
То ҳадде он ба духтаракон писанд омад, ки дигар нафароне ҳам пайдо шуданд, ки чеҳраи худро ба воситаи ороишҳои косметикӣ ба Барби монанд карданӣ мешуданд.
Ҳоло Валерия Валеревна Лукянова бо лақаби Барбии одессагӣ машҳур аст. Ӯ 23 августи соли 1985 дар мавзеъи Тирасполи Молдова ба дунё омадааст. Ин шаҳрванди украинӣ аз сабаби монанди зоҳириаш ба лухтаки Барби шуҳрат ба даст овардааст. Барои шабоҳати бештар доштан ба Барби ӯ аз линзаҳои ранга ва як қатор усулҳои косметикии гаронарзиш истифода менамояд. Соли 2007 Валерия ғолиби унвони «Зебосанами Украина» гардид. Соли 2012 бо шарофати интернет вай дар Ғарб ҳам шинохта мешавад. Бо таклифи маҷаллаи амрикоии муд ӯ ба Ню-Йорк омада, мусоҳибае бо аксҳои қашанг барои ин нашрия таҳия месозад. Худи ҳамон сол Валерия дар шабакаи «Россия-1» дар барномаи машҳури фарҳангию фароғатии «Пахши мустақими Михаил Зеленский» падид омад. 16 марти соли 2013 ӯ дар барномаи пахши мустақими «Ин бегоҳ» иштирок намуд. Ҳамчунин, Лукянова ба сурудани суруд низ майлу рағбат дорад. Моҳи июли соли 2013 маҷаллаи бритониёвии «Vice» филми начандон калонҳаҷмро бахшида ба Валерия Лукянова ба навор гирифт. Бархе бар он назаранд, ки чеҳраи ӯ ба воситаи ҷарроҳии пластикӣ иваз ва шабеҳи Барби гардонида шудааст ва ё аксҳояш дар шабакаҳои интернетӣ гӯё тариқи фотошоп амсоли зоча гардонида мешаванд. Худи Валерия ин ақидаро қатъиян инкор менамояд. Ӯ иброз менамояд, ки тамоми рӯзҳои ҳафта ба толори машқ рафта, барои соҳиб шудан ба вазни мувофиқи мақсад ва даст ёфтан ба зебоӣ ба тамрин машғул мешавад. Вазни ӯ аз 42 то 45 кг-ро ташкил медиҳад. Ҳоло ӯ издивоҷ кардааст, вале иқрор мешавад, ки барои модар шудан омода нест.
Таҳияи Мадина