07

Июл, 2025
Душанбе

07

Июл, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ЯХМОС

 

Ҳоло маъмулан на ҳамаи яхмосҳоро аз шир тайёр мекунанд. Ба хотири паст намудани арзиши яхмос солҳои охир онро аз равғани растанӣ, какос ва палма омода менамоянд. Дар Амрико ин гуна яхмосро «мелорин» мегӯянд. Он харидори камтаре дорад.

Дарки аз чӣ омода шудани яхмос осон аст. Барои ин бо худ танҳо пурбин доштан лозим. Ба воситаи пурбин матни тамғақоғази яхмосро бодиққат хонед, зеро таркиби онро махсус бо ҳарфҳои хурд менависанд, ки бе пурбин хонданаш ғайриимкон аст.

Боре ба худ ин суолро, ки чаро яхмосҳо ба тарзи гуногун об мешаванд: зуд, оҳиста, чанд тақсим, баъзеаш ба коктейл мубаддал мегардад, кардед? Яхмосе, ки зуд об мешавад аз чарбҳои растанӣ омода шудааст. Зиёда аз 60 фоизи яхмосҳои имрӯза дар асоси моддаҳои ивазкунандаи равғани ширӣ тайёр карда мешаванд. Ашёи хом барои истеҳсол намудани ивазкунандаи равғани ширӣ, ин равғани растанӣ, какос ва палма мебошад. Истеъмоли як донаи яхмоси аз моддаи ивазкунандаи равғани ширӣ омодашуда баробар ба истеъмоли як истакон равғани офтобпараст аст. Аммо истеҳсолкунанда шуморо бовар мекунонад, ки ин ба манфиати шумост ва агар лозим ояд «асоснок» мекунад, ки калорияи равғани растанӣ кам аст ва он дар меъда зуд мубодила мешавад. Ин «формула» асоси илмӣ надорад. Сабаби аслӣ, арзон будани маҳсулот барои тоҷир аст. Ба андешаи истеҳсолкунандагонаш гӯё тамъи яхмоси аз ивазкунандаи равғани шир истеҳсолшуда аз яхмоси ҳақиқӣ ҳеҷ фарқе надоштааст. Аммо истеъмолкунандаи миёнсол хуб медонад, ки тамъи яхмоси 20-30 сол пеш чӣ гуна буд. Хушлаззат ва безарар.

Яхмоси хубро бо чормағз ва қиёми меваҳо оро медиҳанд. Ҳолатҳое ҳам ҷо доранд, ки баъди харид вақти истеъмол маълум мегардад, ки яхмос талхмазза шудааст. Ин ҳолат дар сурати пурра об шуда дубора ях бастани яхмос рӯй медиҳад, ки дар натиҷа сифат ва тамъу маззаи он дигар, яъне талхмазза мегардад. Истеъмолаш барои организм хеле хатарнок аст. Дар ин ҳолат моли харидашударо ба фурӯшанда бозпас гардонидан мушкил аст, зеро мӯҳлати истифодаи он дар тамгақоғазаш нагузаштааст. Аз ин хотир, дар интихоб ва истеъмоли яхмос эҳтиёткор бошед. Яхмоси болаззату санҷидашудаеро ҷое дарёфтед, нӯши ҷон!

 

:.  Аз ҳар боб 25.04.2017 11:46 2631

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz