Соли 2013, Ҷолӣ тасмим гирифт як мактаб барои духтарон дар минтақаи Қалъаи Гадар, дар ҳошияи шаҳри Кобул, пойтахти кишвари Афғонистон таъсис диҳад. Ӯ барои таъмини хароҷоти сохтмон ва муҷаҳҳаз кардани ин мактаб, ки ҳамакунун 300 донишомӯзро фаро гирифтааст, яке аз арзишмандтарин ҷавоҳироти худро ба ҳароҷ (аукцион) гузошт.
Қалъаи Гадар, ки дар наздикии Кобул воқеъ шудааст, маъмулан ба далели зиёд будани паноҳандагон дар ин маҳалла, шинохта мешавад. Ин минтақа дар фасли баҳор пур аз гулҳои саҳроӣ аст ва сабзаҳои зебоаш чашмнавоз мешавад. Бо ин вуҷуд рустои воқеъ дар ин маҳал, дар миёнаҳои даҳаи 1990 шоҳиди низои хунин байни Толибон ва Иттиҳоди шимолӣ будааст ва то замони суқути Толибон дар соли 2001 ин раванд идома дошт. Ҷанг ва даргириҳои доимӣ сабаб шуда буд, ки тақрибан тамоми хонаводаҳои ин русто ба кишварҳои ҳамсоя паноҳ бибаранд ва дар воқеъ чизе аз зерсохтҳои ин русто боқӣ намонда буд. То пеш аз соли 2013 ва бо вуҷуди гузаштани 12 сол аз суқути Толибон, Қалъаи Гадар мактаб надошт ва кӯдакон, бахусус духтарон қодир ба саводомӯзӣ набуданд. Саранҷом бо кумаки Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон, паноҳандагоне, ки аз хонаву дари худ гурехта буданд, дубора ба онҷо боз гаштанд. Бо вуҷуди вайрон шудани русто, яке аз нахустин чизҳое, ки онҳо дархост карданд, ин мактаб буд.
Ҷолӣ хароҷоти сохти ин мактабро аз тариқи баргузор намудани ҳароҷӣ бар арзишмандтарин ҷавоҳири Голливуд таъмин кард. Мактаб се сол қабл такмил шуд ва аз он замон то кунун духтарони ҷавони сокини Қалъаи Гадар аз имконоти омӯзишии муносиб баҳраманд шудаанд. Мактаб дар ду баст - субҳ ва баъд аз нисфирӯзӣ кор мекунад.
Ин иқдоми Ҷолӣ танҳо бахше аз маҷмӯаи иқдомоте аст, ки ӯ дар назар дорад бо фурӯши ҷавоҳироти худ амалӣ менамояд. Ӯ ба ин бовар аст, ки дар канори боло бурдани тавоноиҳои худ дар сохти ҷавоҳирот ва лаззат бурдан аз ҷанбаҳои ҳунарии ин кор, ӯ метавонад дар беҳбуд бахшидани шароити зиндагӣ барои духтарони ҷавон дар гӯшае аз ҷаҳон низ муассир бошад. Маҷмӯаи ҷавоҳироти нави Ҷолӣ, ки бо номи «Модели Ҷолӣ» шинохта мешавад, маҷмӯае аз гарданбандҳои тиллоист, ки ҷавоҳироти аслии сиёҳранг рӯи онҳо барои ороиш гузошта шудааст. Ин маҷмӯа дорои дастбанд, ангуштар ва гӯшвораҳо мебошад, ки аз тарафи бисёре аз расонаҳои муд дар ҷаҳон, мавриди истиқбол қарор гирифтааст.
Анҷелино Ҷолӣ аввалин бозигаре нест, ки фаъолиятҳои башардӯстона ба монанди таъсиси мактаб дар нуқоти фақир ва даргир дар ҷанги ҷаҳон барои ӯ дар авлавият қарор доранд. Апро Венферӣ, баранда ва барномасози барҷастаи телевизионӣ, ки солҳо ба далели фаъолият бар зидди нажодпарастӣ дар Амрико дар расонаҳо фаъол будааст низ бештар дар Африқои Ҷанубӣ мактаб таъсис додааст. Ҳамчунин Мадонна, сарояндаи машҳури амрикоӣ низ бо иҷрои корҳои хайриявӣ машҳур аст. Ӯ низ дар Молове, ки яке аз фақиртарин кишварҳои ҷаҳон аст, мактаб таъсис додааст.
Анҷелина Ҷолӣ, бозингари синамо ва хайркунандаи амрикоӣ пеш аз ин низ ба воситаи иқдомоти башардӯстонааш шинохта шуда буд. Ӯ дар ҳоли ҳозир аз 30 хайркунандаи фаъол дар сатҳи ҷаҳон, аз ҷумла, аз Созмони кумакрасони Афғонистон ва Бунёди «Ил-Ҳаити»-ро ҳимоят мекунад. Ӯ бо истифода аз шуҳрату маҳбубияти ҷаҳониаш саъй дорад зиндагии камбизоатон ва бебизоатонро беҳбуд бахшад. Дар ҳоли ҳозир мактаби Анҷелино Ҷолӣ дар Афғонистон ба садҳо духтари афғон кумак мекунад то ба омӯзише, ки эҳтимолан орзуи деринаи онро доштанд, даст ёбанд.
Анҷелино Ҷолӣ 4 январи соли 1975 таваллуд шудааст. Ӯ кори ҳунариро аз соли 1982, вақте 7 сола буд, дар канори падараш оғоз кардааст. Сипас, дар соли 1999 дар филми «Духтари аз ҳам гусехта», ки маҳсули муштараки синамои Амрико ва Олмон буд, нақш офаридааст. Ҷоизаи беҳтарин ҳунарпешаи занро дар Оскар аз они худ кард, сипас бо бозӣ дар филми акшен (ҷинояткорӣ)-и «Оқо ва хонум Смит» хуш дурахшид ва ду сол қабл дар филми дигар бо номи «Молифисент» бештарин даромадро аз тариқи реклама дарёфт кард.
Таҳияи
БУЗУРГМЕҲР