„Зарур аст, ки дар оянда дар муассисаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ бештар занону духтарон ба кор ҷалб карда шаванд“.
Аз паём
Барои зодмандон ӯ кӯдаки нозпарваре буд. Зеро пас аз 10 соли ба дунё омадани бародараш ва интизориҳои зиёде таваллуд шуд.
– Ягон вақт аз мавқеъ ва ҷойгоҳе, ки пеши падару модар доштам, суистифода накардаам. Баръакс, як кӯдаки орому маъмулӣ будам. Мактабро дӯст медоштам, ҳар субҳ бо шавқ ба дабистон мерафтам. Он солҳо хусусиятҳои лидерӣ дар ман эҳсос намешуданд, – мегӯяд ӯ.
Ба омӯзиши фанҳои дақиқ рағбати бештаре дошт. Дар дил як орзу мепарварид, иқтисоддон бошаду чун мутахассиси хуби соҳаи бонкдорӣ шинохта гардад. Аз ин хотир, соли 2004 ба факултаи умури бонкии Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон ҳуҷҷат супурду донишҷӯ гардид. Солҳои омӯзишу таҳсил дар донишгоҳ зери назорати қатъии зодмандон қарор дошт. Чӣ мехонад, кадом мавзӯъҳоро меомӯзад, чиро аз худ кардаасту аз кадом фанҳо душворӣ мекашад, санҷишу имтиҳонҳоро чӣ гуна месупурад, хулоса, ҳамаро назора мекарданд. Соли 2009 Адолат донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуд.
То ин замон волидон дар наздаш танҳо як вазифа гузошта буданд, таҳсили хуб бо интизоми намунавӣ. Ҳоло, ки соҳиби диплом гардида буд, дигар зудтар мехост соҳиби коре бошад. Бештар вақт бузургсолон восита мешаванду барои ҷавонон ҷои коре муҳайё месозанд. Аммо вай худ аз пайи ҷустуҷӯ афтод. Волидон то ин вақт бознишаста шуда буданд. Аз ҳар имконе истифода мекард, эълону реклом мекофт. То он замоне, ки фаҳмид Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия барои ишғоли мансабҳои холӣ озмун эълон кардааст. Рӯзи муайяншуда ҳозир шуд ва ба пурсишу суолҳои зиёди вазиру муовинонаш, ки довталабонро худ имтиҳон мекарданд, посухҳои қонеъсозанда пеш овард. Чанд рӯзи пас хабар расид, ки ӯро ба ҳайси мутахассис пазируфтаанд.
– Мутахассиси шуъбаи алоқаи почта будам. Аввалҳо кор бароям вазниниҳо эҷод мекард. Сахт буд фаъолият дар риштаи ноошно. Ба худ пайваста сабуриро талқин месохтам. Кӯшидам то нозукиҳои фаъолиятро аз таҷрибадорон биомӯзам. То ҳадде ба кор ворид шудам, ки дигар касе наметавонист бигӯяд, ки Адолат аз дигар ришта аст. Ман ба қисмату сарнавишт сахт эътимод дорам. Бовар доштам, ки чун тақдир маро ба ин соҳа овард, пас он ҳикмате дорад. Баъди 5–6 моҳи фаъолият маро ба вазифаи сардори шуъбаи коргузорӣ гузаронданд, ки он ҷо нозукиҳои ҳуҷҷатнигориву ҳуҷҷатгузориро пурра омӯхтам.
Соли 2011 сохтор иваз шуд. Хадамоти алоқа чун ниҳоди мустақил таъсис ёфт. Адолат ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи сертификатсияи воситаҳои алоқа ба хадамоти навтаъсис гузашт. Соле пас зарурати дигар, ташкили раёсати танзиму назорати соҳаи алоқа ба миён омад. Адолатро аввал ба ҳайси муовини сардори раёсати навтаъсис ва баъдан чун сардори раёсати танзиму назорати соҳаи алоқа таъйин карданд. Соли 2016 муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.
– Ростӣ, вақте ба вазифаи муовин таъйинам карданд, каме ҳаяҷон доштам. Ин бисёр мақоми ҷиддӣ асту ман хеле ҷавон. Тарс надоштам, чун корро хуб омӯхта будам. Медонистам аз куҷо шурӯъ кунам. Ҳоло назорати бевоситаи фаъолияти почтаҳо, муроҷиати шаҳрвандон, мухобирот ва доду гирифти мактубҳо дар шакли асл, назорат ва амалӣ намудани раванди барномаи гузаштан ба ҳукумати электронӣ бар дӯшам вогузор шудааст, –ёдрас мегардад мусоҳибам.
Адолат иқрор аст, ки малакаҳои роҳбариро зина ба зина дар ҳар мақом, аз таҷрибаи бевоситаи роҳбари болотар аз худ омӯхтааст. Мегӯяд, ӯ роҳбари сахтгир нест, аммо серталаб аст. Бар ин бовар аст, ки муваффақият ба суроғи зане, ки дар хонавода аз ҷониби шавҳару наздикон дастгирӣ меёбад, зудтар меояд. Хусусан, дар вазифаҳои роҳбарӣ, ки вақту соати муайяни корӣ ва рӯзҳои истироҳатии муайяне надорад.
Пешрафти соҳаи алоқаро Адолат дар электроникунонии фаъолияти зерсохторҳояш медонад. Ба гуфти ӯ, ҳоло мардум дар тамоми манотиқи кишвар дастрасӣ ба алоқаи мобилиро доранд. Ташкили почтаи фаврии EMS-ро, ки муштарӣ дар фурсати кӯтоҳе метавонад мактуб ё ҳуҷҷаташро ба ҳар гӯшаи дунё ирсол кунад ва тавонад тариқи интернет ҳар лаҳза то куҷо расидани онро назора кунад, аз дастоварди беназири соҳа меҳисобад. Чун роҳбари бевосита аз фаъолияти зерсохтори Хадамоти алоқа – ҶДММ „Тоҷиктелеком“, ки корҳои арзишмандеро дар самти рушди соҳаи алоқа, аз ҷумла дар ташкил ва роҳандозии ҳукумати электронӣ анҷом медиҳад, изҳори қаноатмандӣ менамояд. Марҳилаи якуми ин барнома бомуваффақият анҷом ёфта, 25 вазорату идораҳои давлатӣ аллакай ба шакли нав, додугирифти электронии ҳуҷҷатҳо гузаштаанд. Марҳилаи дуюму сеюми ин раванд дар пайи амалишавист. Мувофиқи талабот ва супориш имрӯз ҳар ниҳоди давлатӣ бояд сомонаи расмӣ ва кормандонаш дастрасӣ ба компютеру интернет дошта бошанд.
–Масъалаи дигар, ки имрӯз маро чун масъули соҳа сарбаланд мегардонад, ин рӯи кор омадани ҷавонон - мутахассисони сатҳи баланд аст. Онҳо дар соҳаи омӯзиш, азхудкунӣ ва идораи технологияи муосир хеле пешрафт кардаанд. Мо коршиносони сатҳи ҷаҳонии соҳаи ай-тӣ (IT) технологияро дорем, ки бехатариву амнияти соҳаро мешавад дилпурона ба онҳо бовар кард. Вақте Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин солро „Соли ҷавонон“ эълон карданд, бештар аз пештар сарбаланд гаштам. Ифтихор мекунам. Ин беҳтарин дастгирӣ дар сатҳи олист, – таъкид медорад ӯ.
Нақшаҳои кориаш зиёданд. Орзуяш якто, парафшон дидани парчами Тоҷикистон чун рамзи сулҳ ва озодии ҳамешагии кишвар. Истироҳати як бонуи ҷавон ва мақомдор чӣ гуна мегузарад, шояд суоле пеш меорад хонанда? „Замоне ҷиддӣ бо варзиши теннис машғул будам, ҳоло дигар ба он вақт намеёбам. Дар ҳамон лаҳзаҳои хеле ками фориғ аз кор бо фарзандам Сумая, ки 3 сола аст, ба марказҳои кӯдакона меравам. Мекӯшам вақтҳои холӣ бештар бо ӯ бошам“, –посух медиҳад Адолат.
Ҳоло дар нигоҳубину тарбияи кӯдаки онҳо бибиву бобо саҳм доранд. Падару модар бештар пайи масруфияти коранд. Хусуру хушдоман, ки ҳар ду табибанд, ҳамаҷониба Адолатро дастгирӣ мекунанд. Вай дилпур аз хона бадар мераваду бегоҳ кӯфти корро бо хандаву бозии кӯдакаш раҳо месозад. Ба ҳайси як бону зебоиро дӯст медорад. Гул барояш беҳтарин туҳфа аст. Ба оилаи серфарзанд авлавият медиҳад. Шикебоиро дар оила асоси хушбахтӣ меҳисобад. Ба андешаи вай хушбахтии ҳар кас дар дасти худи ӯст. Ва ӯ хушбахт аст!
Гулноза БОБОМУРОДОВА
Омор: Дар маҷмӯъ ба ҳолати марти соли 2017 дар сохтори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 ҳазор нафар кор мекунанд, ки аз ин шумор 1500 нафарашон бонувонанд. Аз ҳисоби умумӣ 730 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз 239 вазифаи роҳбарӣ 83- тоаш ба занҳо рост меояд. 85 нафар роҳбарон аз ҳисоби ҷавонон таъйин гардидаанд.