Чанд саволи соддаи дигар дорам, ки аз инҳо иборатанд:
- ҷойи ҷавонони муҷаррад ва пулдор куҷост?
- бо марди чандсола издивоҷ кунам беҳтар аст?
- меъёри худи Шумо барои интихоби зан чист?
Раиси ширкати «ҶП Морган» чунин ҷавоб медиҳад: «Номаи Шуморо бо шавқи зиёд хондам ва чунин посух мегӯям. Духтарони зиёде саволҳои монанд ба Шуморо дар сар доранд. Иҷозат диҳед ҳамчун як сармоягузор мавқеиятатонро таҳлил намоям. Даромади солонаи ман беш аз 500 ҳазор доллар аст, ки бо шартатон мувофиқ аст. Вале аз назари як тоҷир издивоҷ бо Шумо мувофиқи мақсад нест. Он чӣ Шумо дар сар доред, мубодилаи «зебоӣ» бо «пул» аст. Нозукии мавзуъ ҳам дар ҳамин ҷост. Зебогии Шумо баъди 10 сол кам-кам аз байн меравад, аммо пули ман на. Даромади ман сол ба сол бештар хоҳад шуд, аммо зебогии Шумо баръакс, ожангҳои пирии зудрас ҷойгузини он хоҳад шуд ва асаре аз зебоӣ боқӣ нахоҳад монд. Аз назари илми иқтисод, ман як «сармояи афзоишёбанда» ҳастам, аммо Шумо «сармояи коҳишёбанда». Ба гуфтаи Уолл Стрит «ҳар тиҷорат мавқеият дорад». Издивоҷ бо Шумо ҳам. Агар арзиши тиҷорат коҳиш пайдо кунад, онро нигоҳ набояд дошт ва бо аввалин фурсат онро ба дигаре бояд вогузор кард. Ва ин мисол дар мавриди издивоҷ бо Шумо низ ногузир аст. Бинобар ин, ҳар одаме бо даромади солонаи 500 ҳазор доллар нодон нест, ки бо Шумо издивоҷ кунад. Ба ҳамин далел бо духтароне амсоли Шумо мо фақат қарор мегузорем, ҳаргиз издивоҷ намекунем.
Аммо агар Шумо илова бар ҷавонию зебоӣ чизи дигаре дошта бошед, ки мисли сармояи ман рӯ ба афзоиш бошад, ҳадди ақал фоидаи он қатъ нашавад, чизҳои бо арзише мисли: инсоният, покдоманӣ, шуур, ахлоқи нек, садоқат, вафодорӣ, дӯст доштан, ишқ ва ғайра, он вақт эҳтимолан ин муомила барои ман ҳам суд хоҳад дошт, чун мумкин аст ман барои доштани ин арзишҳо пули зиёде харҷ кунам. Чун баъди издивоҷ беш аз зебоӣ, андому қадду қомат ман ба чизҳое, ки дар боло зикрашон рафт бештар ниёз пайдо хоҳам кард. Ба ҳар ҳол маслиҳат медиҳам, ки аз издивоҷ бо одамони сарватманд худдорӣ кунед. Ба ҷои ин каме кӯшеду барои даромади 500 ҳазор доллар дар як сол худро ба қатори ашхоси сарватманд дохил намоед. Ин амал ба воқеият наздик аст, назар ба пайдо кардани як пулдори аҳмақ. Умедам ин аст, ки посухи ман барои ёфтани роҳи дуруст дар зиндагӣ ба Шумо кӯмак намояд».
ТАҲИЯИ БУЗУРГМЕҲР