–Чаро ситеза мекунӣ, азизам,- гуфт зан ва сари бабрро сила кард. –Медонам, дар қафас зистан бароят мушкил аст, аммо чӣ илоҷ! Қонуну қоидаи боғи вуҳуш ҳамин аст.
Зан пораи гӯштеро ба даҳони бабр андохт. Бабр гурусна буд, ки гӯшти серравғанро бо ҳирс фурӯ бурд. Шикамаш сер шуд, ки дигар пораҳои гӯштро назараш нагирифт. Зан сару гардани бабрро хорумол кард. Ҳайвони далер ҳомила буд. Дар боғи вуҳуш ин ҳодисаи нодиру аввал аст, ки бабр обистан гардидааст.
Бабри нарина соли гузашта ба ҳалокат расида буд. Аз он рӯзе, ки модабабр танҳо мондааст, ягона ҳамдилаш ҳамин зан аст. Вай оҳистаю боэҳтиёт бабрро сила дошт. Хаёле бабр мехост ҳарчи бештар дар миёни кафҳои дасти зан роҳат кунад. Ногаҳон садои одамони бегона бабрро безобита кард. Зан дид, ки аз паси панҷара тамошогарон онҳоро назора доранд.
Писараке бепарвоёна ба қафас наздик шуда гуфт:
– Апа, аз паланг наметарсӣ?
–Не,аз чӣ тарсам,охир паланг ҳайвони даранда ҳам бошад, рамузфаҳм
ва одилу нотарс аст.
–Чаро вай доимо хоб асту хафа, ҳа?
–Шумо вореҳо хафааш мекунанд, – гуфт зан.
–Чӣ гуна, - китф дарҳам кашид писарак.
–Шумо ҷониби вай ҳар гуна ширинӣ партофтед, ӯ хафа шуд.
–Шояд вай гурусна бошад,– афзуд писарак.
– Бабр ҳайвони зукахӯру бовиқор аст, ҳаргиз ба ғизои партофтаи шумо нигоҳ намекунад.
Тамошогари дигар, ки нисбатан калонсолтар менамуд, нохост сангеро ҷониби бабр ҳаво дод. Ҳайвони ваҳшӣ ғурроси бадхашмонае намуда, дар як мижа задан боло ҷаҳид ва ба оҳани қафас ханҷол зад.
Бабр ба ғазаб афтода, сахттар оҳанҳоро фишурд, ки қафас ларзид ва боз ба худ печида, бо нигоҳи таҳқиромезе ба ҳамон тӯдаи одамон нигарист. Агар зан намебуд, шояд фалокате рух медод, аммо ӯ бабрро ором кард. Панҷаҳои хуншорашро ба каф гирифта, зорӣ намуд:
–Азизам, ором шав, ба ту мумкин нест асабӣ шудан, мефаҳмӣ?
Бабр андаке қарор гирифт, аз ларзидан монд, аммо косахонаи чашмонаш машки хун метофт. Мушоҳидеро ҷасорати зан ба тааҷҷуб оварда буд, ки гуфт:
–Апа, чӣ хел ин ҳайвони бадҷаҳлро ором кардӣ?
–Вай ҳаргиз ҷоҳил нест, балки шумоед махлуқи нодон, ки сӯи вай санг меандозед. Магар ин амали шумо шоиста аст!
Мард хандид ва нописандона гуфт:
–Хайр чӣ, як паланг будааст, одамӣ не - ку? Осмон омада ба замин намечаспидагист.
Зани рамузфаҳм дид, ки одам чизеро сарфаҳм рафтан намехоҳад, ғамгин гашт ва зери лаб ӯро накуҳиш карда, бо дили афгору хаста аз қафас берун омад.
–Сифла!
Ӯро ҳайвоноти дигари боғ интизор буданд.
Даме, ки зан дохили қафаси хирсҳо шуд, боғи ҳайвонот моломоли тамошогарон буд. Зан бо шавқ ба хирсҳо ғизо дода, онҳоро силаву хору мол кард.
–Оҳ, паҳлавоне, чӣ ҳол дорӣ! Маро ёд кардӣ, росташро гӯй.
Хирси азимҷуссаи малла дастафшону пойкӯбон гирди зан чарх мезад.
Аз дасташ ғизо хӯрда, овозашро баланд мекард ва гӯё суруди миннатдории худро замзама дошт.
–Ба номи Худо ин зан қаҳрамон аст, - мегуфтанд ҳозирин. Сафи онҳо меафзуд.
Хирсҳо ҳамоно рақсу бозӣ доштанд. О ин хел ҳунарнамоиро ҳатто дар сирк намебинӣ.
Зан зарфи холиашро гирифта берун шуд. Дидам, ки парастори бабру хирсҳо як зани лоғару хаёлӣ аст. Гӯё вай болои шонаҳояш бори ғаму андуҳи гаронеро мебардошт. Боз омада назди қафаси бабр қарор гирифт.
–Ғам нахӯр, азизам, туро танҳо намемонам, албатта, таваллуд мекунӣ ва ман худам бачаатро нигоҳубин хоҳам кард. Бабр гӯё чизеро фаҳмид, ки худашро ба оҳанҳои қафас зада, каллаашро ҷунбонд ва ноумедона ба кунҷе рафта ором гирифт.
„Чаро дар боғ дигарҳо мисли ин зан нестанд? Одамон баъзан ҳамроҳи кӯдаконашон омада,ҷониби маймуну дигар ҷонварон сангу чӯб ҳаво медиҳанд“,- аз дил гузаронд бабр. Ба қафаси рӯ ба рӯяш назар андохт.
Дид, ки гурӯҳи бачаҳо ҷониби маймунҳо ҷуворӣ мепартоянду механданд, шодӣ мекунанд. Бӯзинаи калонӣ ҷувориро дар ҳаво дошта, забонашро мебарораду онҳоро сӯз медиҳад. Маймунҳо чор тарафи қафас ҷастухез доштанд. Қафас барояшон тангӣ мекард, вале онҳо ба хотири тамошогарон ҳунарнамоӣ доштанд. Бабр аз ин муомилаи одамон хафаву малул шуд, ки ҷониби гузаргоҳ нигарист. Мехост парастори худро бубинад. Аммо аз зан дарак набуд.
Рӯзи охири ҳафта сардори боғи ҳайвонот занро наздаш ҷеғ зад ва гуфт: –Бабр кай мезояд?
–Рӯзҳои наздик.
–Бисёр хуб, - табассум кард вай. Сипас ба зан маънидорона нигоҳ карда гуфт: „Як илоҷ кун, ки сиҳату беҷурм таваллуд кунад, охир, ин муъҷиза аст, ки дар боғи ҳайвонот дар ҳолати ғайритабиӣ бабр бача мезояд.
–Бабр бисёр ҳассосу рамузфаҳм аст. Баъзан аз муомилаи сарди бархе ба ғазаб меояду беқарор мегардад. Саломатияш ҳам он қадар хуб нест. Охир, зиёда аз бист сол дар як қафас зистан магар осон аст?
Сухани зан нотамом монд, ки якбора сарвари боғ нидо кард:
–Корат чӣ ба ҳаёти бабр, дар ҳамаи боғи вуҳуши дунё ҳайвонот чунин зиндагӣ ба сар мебаранд.
–Не! –гуфт зан ва афзуд,– ман дар телевизион дидам, ки дар боғҳои ҳайвоноти дигар мамлакатҳо барои бабр ҷангалакҳо сохтаанд, то тавонад озодона сайругашт намояд.
–Ин суханҳоятро як тараф мону гӯш кун, ҳамин ки бабр таваллуд кард, бачаашро ба дигар боғи ҳайвонот месупорем.
–Чӣ хел? Ба тааҷҷуб омад зан!
–Маслиҳат шудагӣ. Ҳатто мо маблағи муайянеро аз боғи ҳайвоноти кишвари ҳамсоя гирифтаем, –гуфт сарвари боғ.
–Кори хуб накардед, тифлро аз модар ҷудо кардан гуноҳ аст ва хосияти нек надорад.
–Мисле ки дар бораи инсон гап мезанӣ, охир, мо дар бораи бабр баҳс дорем,ба худ ой!
–Ман ҳамаашро мефаҳмам,- гуфт маъюсона зан ва ғиҷовак гулуяшро гирифт, ки базӯр суханашро давом дод:
–Наход оқибати ин амалатонро ҳис накунед, охир бабр дар ғами бачааш ғамбемор гашта мемирад.
–Медонам, ту ин бабрро дӯст медорӣ, вай ба ту сахт унс гирифтааст, аммо чӣ илоҷ, қонуну қоидаи боғи ҳайвонот ҳамин аст?
–Қонуну қоидаи инсонӣ чӣ, магар мо раҳму шафқати худро гум кардаем,- гуфт зан ва ночор берун баромад…
Дигар гӯё ҳаёт барояш мазмуне надошт, ки бо қалби шикаста боз хоначаву қафасҳоро гузашта назди лонаи оҳанпечи бабр таваққуф намуд. Бабр сарашро аз болои пойҳои пешаш боло карда, ба зан нигарист. Нахустин маротиба пай бурд, ки зан сахт ошуфтаю парешон аст. Аз ҷояш хест ва шиками вазнинашро кашида ба панҷараи оҳанин наздик шуд. Зан дасташро дароз кард ва оҳиставу боэҳтиёт аз кисааш пораи ҳасиберо берун оварда ба даҳони бабр гузошт.
Вай фикр кард, ки ашки чашмашро бабр надид, аммо ҳайвони рамузфаҳм кайҳо дар умқи нигоҳи зан пешомади бадеро ҳис кард ва гиряашро фоли наҳс донист. Аммо бабр забони гӯё надошт, то ҳиссиёташро баён созад, танҳо пой заду сахт – сахт нафас кашид. Ва то ҳадди беҳолӣ аз дидори зан қаноатманд гашт.
Бабр танҳо монд. Шаби дароз чор тараф лағзид. Гӯё он оташаке, ки вуҷудашро гарм мекард, хомӯш гашт. Ҳар замон дидаи ғамбори занро пеши рӯ меоварду вуҷудаш ба ранҷу шиканҷа мепечид ва ништари сӯзноке дилу ҷигарашро мешикофт.
Дар шикамаш тифл ҷунбидан дошт. Лаззати ин ҳис неруяш бахшид ва ҳамаи дарду ғамашро гӯё фаромӯш кард, ки боэҳтиёт худашро такон дод. Аз фарши сангии қафас танҳо нафаскашии якмароми бабр ба гӯш мерасид. Бабр дар орзуи фарзанд печутоб мехӯрд. Вай ҷасораташро аз даст надода, комилан омодагӣ мегирифт ва ба дарду ранҷ тоқат мекард.
Шаби зебои баҳорӣ буд. Аз атроф бӯи алафҳои навруста меомад ва нури моҳтоб аз панҷараҳои қафас гузашта, рӯи бабрро равшан мекард. Бабр шикамашро ламс кард ва аз ғояти ширинии дард наъраи пасте кашида якпаҳлу лағзид. Ва масту бехуд шуд. Такон хӯрд ва дар ҷисмаш сабукие давид. Дид, ки тифлаш, бабрбачаи нозанин, канораш хур-хур дорад. Вай хушҳолона ӯро навозиш кард. Бабр чунон шоду мамнун буд, ки дар тӯли умри бистсолаи дар боғи ҳайвонот зоеъ намудааш, ин хел соати фараҳбахшро надида буд. Бабр бачаашро лесид ва завқ бурд. Намехост фикрҳои мағшуш ба дилаш роҳ ёбанд, аммо боз аз як гӯшаи қалбаш изтиробу нохушиеро ҳис мекарду озор мекашид.
Ин дам яке охирин нигоҳи маъюсонаи занро ба хотир овард.
–Чаро вай он рӯз ашк рехт, охир ӯ ҳам чашм ба роҳи фарзандор шудани ман буд-ку?- аз дил гузаронд бабр, - чаро зан чизе нагуфт? Дар ҷавоби ин суол нотавон монд ва боз гиряи занро пеши рӯ овард ва дилаш таҳ кашид.
Ду рӯзи дигар зан дар назди қафаси бабр падид наомад. Бабр ғам мехӯрд ва бо тифли навзодаш роҳи занро мепоид. Рӯзи сеюм одамон омаданд, аммо миёнашон зан набуд. Онҳо бабри навомӯхтро таърифкунон даст ба даст мегардонданд. Модабабр бехабар аз ҳилаи одамон аз чунин муомила хурсанд шуд. Охир, онҳо гӯё ба табрики модабабр омада бошанд, ки тифлашро ситоиш доштанд.
Нохост нафари охирин бабрбачаро таги бағал гирифта ғайричашдошт аз қафас якбора берун рафт. Бо амри сардори боғ зуд дари қафаси оҳанинро бастанд. Бабри навзод ҳайрон-ҳайрон ба ин амали одамон сарфаҳм нарафт. Баъд якбора ғирев бардошта, хост аз одам фирор намояд, аммо дасти тавоное ногаҳон бераҳмона як зарбааш зад. Бабрбача чунин амали зиштро интизор набуд, ки гиҷу гаранг шуд.
Ногаҳон садои бадхашмонаю ҷонхароши бабр баланд шуд. Чунин наъраи сахту ҷонкоҳро тамоми ҷонварони боғи вуҳуш аввалин маротиба шуниданд. Ҷонварони дигар қафасҳо ҳам ноором гаштанд. Хирсҳо аз бозию шодӣ монданд ва гургҳо уллос кашиданд. Аз қафаси маймунҳо овози ғиреву садои имдодталабонае паҳн гашт. Хаёле ҳамаи ҷонварон исён доштанд…
Ҳамааш беҳуда буд. Тамошогарон аз назди қафасҳо дур шуданд. Атрофро торикӣ фаро печид. Танҳо сардори боғ тарсидаю ларзида ҳукм кард, ки дарвозаро банданд ва боз қафасҳоро аз нав бинанд. Мабодо қуфле шикаста монаду ҳайвоне фирор кунад.
Баъди соате дар фазои боғи ҳайвонот сукут ғолиб омад. Ҷонварон акнун ором гирифтанд. Танҳо модабабр роҳаташро тамоман гум карда буд. Ӯ девонавор худашро ба панҷараҳои қафас мезад ва навҳа мекашид. Дигар дардеро ҳис намекард. Сару рӯяш аз ҷаҳишу чанголи хафақон пурхун гардид. Бо панҷаҳои шикастаю нимҷонаш худашро кӯр кард. Акнун бабр аз дидаҳояш ҳам маҳрум гашта буд ва талвосаи ҷонканӣ дошт.
Бабр ҳатто ҳис накард, ки он зан дар паҳлуи қафас ашкрезон ин манзараро мебинад. Бабр девона шуда буд ва мисли сайди тирхӯрдае якбора боло ҷаҳид, сараш ба сақфи оҳанин бархӯрд ва поён афтида ҷон дод.
Маҷид Салим