Бананҳоро дар қуттӣ ба «камераи газӣ» ҷой мекунанд ва дар ҳарорати +18 градус гарм намуда, гази бонанӣ, яъне омехтаи «азот» ва «этилен»-ро сар медиҳанд. «Этилен» пайвастагии химиявӣ буда, «фитогармон» ба ҳисоб меравад. Он меваҳоро маҷбур месозад, ки пухта расанд. Пас аз якчанд соати «камераи газӣ», то ду ҳафта ин бананҳоро дар офтоб нигоҳ медоранд.
Ибораи «камераи газӣ» каме гӯшхарош ба назар расад хам дар таркиби ин меваҳо ягон чизи зараровар ворид намешавад, аммо фоида ҳам дар ин гуна меваҳо кам аст. Витаминҳои меваву сабзавотҳо дар зери таъсири муттақобалаи нурҳои офтоб ба вуҷуд меоянд, аммо дар «камераи газӣ» офтоб нест, то ин меваҳоро бо витамин таъмин намояд.
Дар бозору мағозаҳо себро қариб дар тамоми фасли сол дар фурӯш мебинем, аммо аз таҷрибае себро то моҳи феврал-март нигоҳ доштан мумкин аст. Пас чӣ тарз ин себҳо нигоҳдорӣ мешаванд?
Ҳама фикр мекунанд, ки меваҳоро бо «парафин» коркард менамоянд, аммо ин тавр нест. «Парафин»-ро асосан барои нигоҳдории сабзавотҳо истифода менамоянд, аммо барои меваҷот бошад, тамоман моддаи дигар истифода мешавад.
Себи харидаатонро ба истакони оби гарм гузоред. Агар дар болои об қабати равғании монанд бо доғҳои нафтӣ пайдо гардад, пас дар ҳақиқатан ҳам маълум мегардад, ки ин нафт аст, аниқтараш дифенил. «Дифенил» масолеҳи коркарди нафт мебошад ва ҷараёни пӯсиши меваву сабзавотро суст гардонида, барангезандаи аллергия ба ҳисоб меравад. Истифодаи он дар ИМА ва давлатҳои Иттиҳоди Аврупо манъ гардидааст.
«Дифенил» ба меваҳо имкон медиҳад, ки доим «ҷавон» бимонанд. Меваи бо «дифенил» коркард кардашуда, пас аз як моҳ, ду моҳ ва ҳатто пас аз як сол ҳамон хел тарру тоза, равшан ва ҷилодор мемонад. «Дифенил» ба афзоиши пупанакҳо, ки ба пӯсиши меваҳо оварда мерасонанд, имкон намедиҳад ва ҳамин тавр мӯҳлати нигоҳдории онҳоро тамдид менамояд.
Ҷарроҳии пластикӣ метавонад синну соли зани 60-соларо ба 20 ё ҳатто 30 сол ҷавон гардонад. Аммо ботинан ин зан ҳамоно 60 сола хоҳад буд. Таъсири «дифенил» ҳам ба сабзавоту меваҷот чунин аст. Меваҳои коркардкардашуда ба назар тарру тоза намоянд ҳам, аммо аз дохил «пӯсидаанд». Онҳо танҳо намуди зоҳирӣ хоҳанд дошт. Дар таркиби ин гуна меваҳо метавонад моддаи заҳрдори барои саломатии инсон хавфноки «патулин» ҳосил шуда бошад. «Патулин» - микротоксин буда, хусусияти мутогеннӣ дорад. Ҳам дар ҳайвоноту ҳам дар одамизод токсикози шадидро ба вуҷуд оварданаш мумкин аст.
Чӣ гуна меваҳои зиёндоштаро бифаҳмем? Шояд ин суол дар майнаи хонанда чарх мезанад. Чунин меваҳоро дар бозору мағозаҳо зуд муайян кардан мумкин аст. Пеш аз харид себро ламс намоед. Агар пӯсти он лағжонаку аз ҳад зиёд ҷилонок бошад, пас маълум мегардад, ки он бо «дифенил» коркард шудааст. Дар хотир дошта бошед, ки «дифенил» бо шустану тоза кардан гум намешавад. Меваҳои «дефенил» кардашударо ҳатман пуст канда истеъмол кардан лозим.