07

Июл, 2025
Душанбе

07

Июл, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

САГИ ВАФОДОР

Сипас соати 3-и рӯз дубора ба он ҷо меомад, то соҳибашро пешвоз бигирад. Аммо 21 майи соли 1925 дар донишгоҳ профессор ногаҳон ба сактаи дил мубтало гардид. Табибон дар илоҷи дардаш оҷиз афтоданду профессор дунёро падруд гуфт. Замони аз дунё рафтани хӯҷаинаш Хатико танҳо 18 моҳ дошт. Аз он рӯзи фоҷиабор Хатико натавонист дигар соҳибашро пешвоз бигирад. Аммо саг ҳар рӯз ба истгоҳ омада сабурона то бевақтии шаб раҳи профессорро мепоид. Шабро ӯ дар айвончаи дари даромади манзили истиқоматии профессор рӯз мекард. Кӯшишҳои дар хонаи пайвандону рафиқони профессор ҷой додани ин ҷонвари безабон бенатиҷа анҷом меёфт. Хатико ҳамеша ба истгоҳ бармегашт. Тоҷирони маҳаллӣ ва хизматчиёни роҳи оҳан аз вафодории саг ба ваҷд омада, ба ӯ хӯрок медоданд. Ин саги аҷиб дар тамоми Ҷопон пас аз нашри мақолаи «Саги пири вафодоре, ки пас аз ҳафт соли марги соҳибаш ҳамоно чашмаш ба раҳи ӯ чор аст» дар яке аз рӯзномаҳои Токио машҳур гашт. Ин саргузашт ҷопониҳоро мафтун карда, ҳамарӯза ба истгоҳи Сибуя барои дидани саг даҳҳо нафар ҷамъ меомаданд.

 

Хатико давоми 9 сол, яъне то рӯзи маргаш 8 марти соли 1935 ба истгоҳи роҳи оҳан меомад. Ҷасади Хатикоро дар яке аз кӯчаҳои воқеъ дар наздикии истгоҳ дарёфт карданд. Ташхиси тиббӣ бар асари маризии саратон мурдани саги вафодорро собит намуд. Баъд аз марги Хатико дар мамлакат рӯзи мотам эълон карда шуд.

Феълан муҷассамаи Хатико истгоҳи Сибуяи Ҷопонро чун тимсоли вафодорию садоқат ва меҳру муҳаббат зеб медиҳад.

Таҳияи Мадина

 

:.  Аз ҳар боб 30.12.2016 06:21 2607

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz