06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ЛАТИФАҲО

 

***

Як ҳофиз дар тӯй чашмонашро пӯшида ду соат мехонад. Чашмонашро мекушояд, ки дар тӯйхона ба ғайр аз як пирамард касе намондааст. Мепурсад: «Бобо, маъқулат шуд?». Мӯйсафед ҷавоб медиҳад: «Ман барои кӯрпачаам истодам. Хез ҳамина гирам, ман ҳам меравам».

***

Афандӣ радио мехарад. Баъди чанд вақт радио вайрон мешавад, дарунашро мекушояд, ки пашшаи мурдагӣ мебарояд. Мегӯяд: «Эҳа барандааш кайҳо мурда будаасту».

***

Афандӣ бо занаш ҷанг мекунаду баромада меравад. Бегаҳӣ гурусна ба хона омада дар сари дастархон менишинад, ки занаш ним коса авқот меорад. Афандӣ мебинад, ки ним коса аст, мегӯяд: «Ман ку авқот намехӯрам, аммо инро ба касе наоварда бошӣ кам аст».

***

Шаб зани Афандӣ нолишкунон мегӯяд: «Хез охир ҳамин кӯдакро камтар ҷунбон, нимаш аз ман бошад, нимаш аз туст». Афандӣ оромона мегӯяд: «Ту ҳамон ними худатро ҷумбон ба ними ман корат набошад».

***

Модар ба писараш мегӯяд: «Ин қадар ба хонаи ҷураат нарав, бисёр ба хонаи онҳо меравӣ очаи вая мефорад, намефорад?». Кӯдак мегӯяд: «Очаҷон ҳар вақте ба хонаи онҳо меравам очаш мегӯяд: «биё, биё ҳамин ту намерасидӣ».

***

Дар роҳ як мард ба пушти сари Афандӣ як шапотӣ мезанад. Афандӣ мепурсад: «Ин шӯхӣ буд ё ҷиддӣ». Мард мегӯяд: «Ҷиддӣ буд». Афандӣ мегӯяд: «Хайрият ҷиддӣ задӣ, агане ман шӯхиро намебардоштам».

***

Афандиро мепурсанд, ки ту калонӣ ё занат. Вай ҷавоб медиҳад: «Соли гузашта занам аз ман 1 сол калон буд, имсол мумкин баробар шуда бошем».

***

Афандӣ дар бокс ба ҳарифаш: «Ба шикамам назан, ки убол аст, ман саҳар нон хӯрда будам»…

***

Афандӣ дар Ҷанги бузурги ватанӣ ба немисе, ки ба шапкааш тир задааст: «Агар яки ба чашмам мезадӣ «отвечать» мекардӣ».

***

Алло духтур? Тез биёед, ки бачаи ман ручкаро хӯрдаст.

- Ана мо баромадем.

- То омадани Шумо ман чӣ кор кунам?

- Бо қалам навиштан гиред.

 

:.  Аз ҳар боб 30.12.2016 05:35 4676

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz