23

Июл, 2026
Панҷшанбе

23

Июл, 2026
Панҷшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос

МАМЛАКАТИ ГАРМТАРИНИ ҶАҲОН

 

Дар давраҳои пеш шумораи аҳолӣ ба иллати вуруди муҳоҷирони ғайриқонунии меҳнатӣ боло мерафт. Қатар аз ҷиҳати захираҳои гази табиӣ дар ҷаҳон сеюмин кишвар ба ҳисоб рафта, бузургтарин содиркунандаи масолеҳи нафтӣ дар олам дониста шудааст. Аммо феълан вазъият тағйир ёфта, муҳоҷират аз кишвар зиёд шуда, афзоиши аҳолӣ баръакс поён меравад. Миқдори умумии сокинон ду миллион арзёбӣ мешавад. 70 фоизи сокинонро мардон ва 30 фоизашро занон ташкил медиҳанд. Умри миёнаи мардум дар ин кишвари гармтарин беш аз 70 сол нишон дода мешавад.

Истихроҷи нафт ва газ 50 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва 70 фисади қисми даромади буҷети давлатро ташкил медиҳад. Ҳамчунин саноати металлургӣ низ тараққӣ кардааст. Соҳаи кишоварзӣ на бештар аз 10 фоизи талаботи кишварро таъмин мекунад. Зеро бештари қаламрави Қатар аз биёбон иборат аст. Иқлимаш хушк буда, рӯд надорад ва обаш кам аст. Аз ҳамин лиҳоз оби баҳрро тавассути полованҳои махсус ширин менамоянд. Манбаъҳои зеризаминӣ дар қисмати шимолӣ ҷойгир мебошанд. Олами ҳайвоноташ низ маҳдуд буда,танҳо аз мору калтакалос ва ҷонварони хоянда иборат аст. Ҳарорати ҳаво ҳатто дар фасли сармо то 25-28 дараҷа боло меравад. Дар тобистон бошад, гармии ҳаво ба 40 дараҷа баробар мегардад.

Соли 2022 Қатар мизбони мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футбол интихоб гардидааст. Аз сабаби гармии зиёд бо таҷҳизоти сардкунӣ маҷҷаҳаз гардонидани майдонҳои футболро ба нақша гирифтаанд. Ҳамчунин эҳтимоли дар фасли зимистон гузаронидани мусобиқаи мазкур истисно намешавад.

Мадина

 

:.  Аз ҳар боб 04.11.2016 10:43 2341

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz