Замоне “Занони Тоҷикистон” миёни мардум аз маҳбубияти вежае бархӯрдор буду баъдан замони истиқлол «Фирӯза» ном гирифт. Аммо зарурияти таъсиси минбари ҷадиде барои занону духтарони соҳибэҳтироми кишвар пеш омад ва соли 2006 маҷаллаи « Бонувони Тоҷикистон» таъсис ёфту дар шебу фарозҳо гоҳе касбӣ ва гоҳе фаротар аз доираи он гом ниҳода, 10 солро сипарӣ кард. Акнун марҳалаи камолот фаро расидаву дар ин ҷода бояд қадамҳои ҷиддитар бардорад. Аз ин лиҳоз, «Бонувони Тоҷикистон» на танҳо минбари ташвиқи бонувони сазовор, балки барои расидан ба мақоми шоистатари онҳо мусоидат кунад. Бояд пуле миёни мардум ва Ҳукумат буда, афкори ҷалби бештари бонувон ба масъулиятҳои давлатиро ба вуҷуд оварад.
“Бонувони Тоҷикистон” бояд баландгӯи дастоварду мушкилот, роҳнамову ҷаҳишгоҳе барои ҳадафҳои олӣ ва минбари гуфтугӯ барои сойири бонувони кишвар аз қишрҳои гуногуни ҷомеа бошад.
Умедворем, “Бонувони Тоҷикистон”, ки сиёсати дарҳои бозро усули кори хеш қарор додаву ҳамеша дар ҷустуҷӯи муаллифу андешаҳои нав ба нав аст, рисолати хешро дар ин мақтаи замонӣ, бо сарбаландӣ иҷро намояд.
Бо умеди бурдбориҳо
дар ин ҷода Адолати Мирзо, сардабири ҳафтаномаи “Миллат”