Идома ёфтани фаъолияти эҷодии ман низ дар муассисаи давлатии маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» тасодуф набуд. Аз замони донишҷӯӣ, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» мақолаҳоям чун мухбири ҷамоатӣ нашр мешуд, бо аксари кормандони ин нашрия шинос будам, минҷумла бо Ҳуриннисо Ализода. Баъдан, соли 2006 мо ҳамкурс шудем. Ҳардуи мо барои гирифтани маълумоти олии дуюм шомили факултаи ҳуқуқшиносии ДИТ шудем.
Октябри соли 2006. Давраи таҳсили аввали мо, донишҷӯёни ғоибхон, оғоз ёфт. Қариб ҳар рӯз пас аз хотима ёфтани дарсҳо ҳамроҳи муаллима ба нашриёти «Шарқи озод» меомадем. Як рӯз муаллима гуфт, ки хеле гурусна мондааст ва аз ман хоҳиши бо ҳам тановул кардани ғизоро намуд. Ман ҳам, ки чандон тоқати гуруснагиро надоштам, розӣ шудам. Суҳбати мо сари мизи хӯрокхӯрӣ тасфид. Ализода аз ман пурсид: «Ҳоло ҳам дар ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» кор мекунӣ?». Гуфтам: «Бале». Гуфт: «Намешавад ба маҷаллаи навтаъсис гузарӣ?».
Ростӣ, баъди ин суҳбате, ки бо муаллима доштам, чанд рӯз фикр кардам. Андешаам сабаб дошт, зеро қариб ҳар моҳ ҳафтанома ё маҷаллае таъсис меёфт ва бо гузашти моҳею соле аз нашр боз мемонд. Тайи суҳбати ҳаррӯзае, ки мо то нашриёт бо Ализода доштем, ӯ маро аз нақшаю дурнамояш огоҳ карда буд. Барои муаррифӣ шудани маҷалла он замон чӣ қадар фикран заҳмат мекашид. Ман шоҳиди ин ҳама талошҳову заҳматҳояш будам. Ва баъдан ба хулосае омадам, ки дар маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» қувва озмоям, фаъолияти эҷодиамро давом диҳам, зеро то ҷое эҳсоси боварӣ ба ояндаи дурахшони маҷалла дар қалбам пайдо шуд.
Идораи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» қаблан дар як ҳуҷраяки хурде дар ошёнаи шашуми «Шарқи озод» ҷойгир буд. Вақте вориди ин «идора» шудам, он ҷо ғайр аз Гулҷаҳон (котиба-коргузор) ва Раҷабалӣ Худоёров дигар касе набуд. Муаллимаро пурсидам, гуфтанд, ки дар ҳуҷраи кориаш машғул аст. Баъди лаҳзае аризаи ба кор қабул шуданамро Ализода имзо намуд. Баъдтар фаҳмидам, ки ман корманди чоруми ин идора будаам. Ҳамин тавр, аз моҳи январи соли 2007 фаъолиятам дар маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» оғоз ёфт.
Баъдан кормандони эҷодӣ қариб ҳар рӯз ба идораи мо барои идомаи кор меомаданд. Салими Зарафшонфар, Султони Ҳамад ва дигар шахсиятҳои маъруф, ки дар давраҳои мактабӣ бо исмашон ошно будам, бо мо ҳамкор шуданд. Баъдан Толиби Сангин (рӯҳашон шод бод!), Орзу Раҳмонӣ, Мавҷуда Соҳибназарова, Рустами Назир, Фирӯза Ҳабибова, Холмаҳмади Мавлон, Гулноза Бобомуродова, Толибшоҳи Сайидзода, Эмомалии Сайидамирзод… хулоса сафи кормандон меафзуд. Ҳамин тавр, як гурӯҳи эҷодӣ ба ҳам омадем.
Воқеан, дар давраи аввал набудани ҳуҷраҳои корӣ ва таҷҳизот барои мо, кормандон, мушкилиҳои зиёдеро пеш меовард. Бар замми ин сармуҳаррир бо сахтгирию серталабӣ ба қавле «ситам ба ҷонамон» мекард. Дар давоми як-ду сол ҳамаи мушкилот ҳал шуданд. Инак, даҳ сол мешавад, ки ман дар ҳамин маҷалла ба ҳайси рӯзноманигор фаъолият мебарам. Идораи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» бароям мисли хонадонам азиз асту муътабар, ҳамкоронам бароям чун фарзанду бародару хоҳаронам ба ҷон баробаранд. Ҳар шумораи маҷалларо маҳфуз медорам ва имрӯз дар ҷевони китобҳоям 118 шумораи «БОНУВОНИ ТОҶИКИСТОН» - ро нигоҳ доштаам.
Вақте супориш шуд, то хотирот аз даҳ соли фаъолиятамро, ки ба даҳсолагии «Бонувони Тоҷикистон» марбут аст, рӯи коғаз орам, ҳама лаҳзаҳо бо ҳам омехтаю шӯрида пеши назарам меомаданд. Хотирот зиёданд. Магар метавонам он ҳамаро дар як сафҳа ҷо бинмоям!? Ба тали маҷаллаҳои дохили ҷевонам назар дӯхтам ва гуфтам: «ДАҲСОЛАГИАТ МУБОРАК, «БОНУВОНИ ТОҶИКИСТОН»!!!