Аввалин нақша, аз 2000 нусха ба 5000
Соли 2006 баъди ба тасвиб расидани Амри Президенти ҷумҳурӣ дар бораи таъсиси маҷалла ва таъйини сармуҳаррир «Бонувони Тоҷикистон» ҳамагӣ як маротиба нашр шуд, ки саҳмгузори бештари матлабҳо худи сармуҳаррир Ҳуриннисо Ализода буд, дар шароите, ки на идора мавҷуд буду на ҳуҷраҳои корӣ ва на дастгоҳҳои ҳуруфчинӣ. Аммо маҷалла дар 40 саҳифаи рангаи Ф-4 бо сифати хуб ва маводи хонданӣ ба дасти муштариён расид. Охири моҳи марти соли 2007, ҳине ки шумораи сеюмро омодаи чоп менамуданд, ба кор омадам. Миёни кормандон танҳо Султони Ҳамад чеҳраи шинохта маҳсуб меёфт. Ба назар мерасид, ки ҳанӯз ҳам вазнинии кор ба дӯши сармуҳаррир буд. Баъд аз фурсате Холмаҳмад Мавлон, дертар Ибодуллоҳи Оқилпур ва муддате баъд Раҷаби Мирзо шомили кор шуданду нафаси муаллима Ҳуриннисо ҳам рост шуд. Акнун ба масъалаи обуна гузаштан зарурат пеш омад .То ин дам камтар аз 2000 муштарӣ доштем. Чун ин таҷрибаро дар рӯзномаи ноҳиявӣ андӯхта будам, муаллима ҳам аз муҳарририи шуъба бандаро ба ин сӯ ҷалб кард. Ва ягона хоҳише, ки аз банда тақозо дошт, теъдоди обунаро ба 5000 нусха расондан буд.
Масъалаи обуна дар фаъолияти роҳбарияти маҷалла авлавият касб намуд. Муаррифии маҷалла, албатта, кори осон набуд, сафарҳои хидматӣ, алоқаи доимӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ аз кори рӯзмарра ба шумор мерафт. Баъзан то соати 22 -23 дар идора мемондем. Ализода медонист, ки раисони шаҳру ноҳияҳо аксар баъд аз соати панҷи рӯз дар ҷои корашон мешаванд. Бояд занг зад, маҷалларо муаррифӣ намуд , ҳатто ба хотири иҷрои супоришҳо аз шиносоӣ ҳам истифода мекардем. Ҳамин тавр заҳмату талошҳо барабас нарафтанд ва шумораи аввали соли 2008 бо теъдоди 5000 нусха аз чоп баромад. Солҳои баъдӣ теъдоди нашр ба ҳашту даҳ, понздаҳу шонздаҳ ҳазор ҳам расид.
Аввалин харидори маҷалла
Мо аслан сари обуна андеша мекардему дари идораву муассисаҳоро мекӯфтем. Ҳадаф аз ин иқдоми мо ба дурдасттарин деҳоти ҷумҳурӣ дастрас кардани нашрия буд. Аммо дар бораи фурӯши маҷалла дар дуконҳо ҳоло вақт ҳам наёфта будем, ки собиқ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Шерхон Салимзода ба идора занг зада хоҳиши 25 нусха харид кардани нашрияро намуд. Ин моҳи март буд ва эшон тасмим гирифтааст, ки ба ҳар нафар коргарбонуаш дар баробари туҳфаҳои идона як нусха аз маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» - ро тақдим кунад. Чӣ тасмими олӣ ва чӣ фарҳангпарвар сарваре, ки дари хариду фурӯши маҷалларо ба рӯи мо ҳам боз намуд. Ва аз ин ба баъд каму беш савдои маҷалларо низ ба роҳ монда, буҷети идораро аз ин ҳисоб низ ғанӣ гардондан гирифтем.
Зиндадил сармуҳосиб доштем
Худо раҳмат кунад, акаи Абдуқуддусро, ҷояш ҷаннат бошад. Ӯ сармуҳосиби аввалини идора набуд. Пеш аз ӯ ҳам ва баъди вай низ дар курсии ӯ кор кардаанд. Аммо ҷои ӯ, ба қавле, дар дилу дидаи мо холӣ нест. Тинати поку беғараз дошт, манфиати худро аз дигарон ҳеҷ гоҳ боло намегузошт, кӯшиш мекард, ки касе аз ӯ наранҷад, шояд марги бармаҳали худро медонист. Дар доди 50 - солагӣ Абдуқуддус моро абадан падруд гуфт, то ҳанӯз ҳар нафаре, ки бо ӯ як пиёла чой нӯшидааст, ҳеҷ аз лавҳи хотираш ширинсуханию имондориашро фаромӯш карда наметавонад. Аз Қӯрғонтеппа, ки ба санҷиши муқоисавии почтаи вилоятӣ рафта будем, савори таксӣ ба ин сӯ-Душанбе меомадем. Чун баҳорон буду табиат афсункор, ӯйи шайдову мафтуни иқлими биҳиштосои Тоҷикистон шоду масрур талу теппаҳои ватанро гоҳе ба назм, гоҳе ба наср васф кардан гирифт. Ронандаи таксиро ҳам ин қироатҳо хуш омад, ки пурсид: «Ака, шумо наттоқи радио ё телевизион?». Равонаш шод бод, ӯ ҳам паст наомада ҷавоб дод: «Не, мо ҷӯраи журналистон». Мо аз ин ҷавоб завқ бурдем. Ана ҳамин тавр як инсони беозор буд сармуҳосиби мо.
Акаи Иброҳим аз «Хаят Реҷенси» занг зад
Ҳини хӯроки нисфирӯзӣ, ки дар идора бо ҳам менишастем, устод Холмаҳмад Мавлон ногузир масъалаи «каҷ» сохтани меҳмонхонаи «Хаят Реҷенси»-ро шӯхиомез ба миён гузошт. Ин меҳмонхонаро, ки ширкати туркӣ бо роҳу усулҳои замонавӣ сохта ба истифода дода буд, қисмати болоии он аз поён дида ба андозаи 1ё 2 метр баромада буд. Акаи Холмаҳмад гуфт, ки муҳандиси ҳамин иншоотро ду сол суд карданд, барои биноро каҷ сохтанаш. Ронандаи идора Иброҳим-акои зудбовар рӯзи дигар баъди он ки муаллимаро ба Кохи Борбад бурда расонд, оҳиста-оҳиста назди меҳмонхона рафта, кадоме аз корманди онро дар бораи воқеа пурсон шуда, аз ҷои истодааш ба ман занг зад. «Рустам, о ҳеҷ каса суд накардиян- ку, ин биноя ҳамин хел каҷ сохтагӣ». Он рӯз то бегоҳ ҳоламон ханда буду ханда.
Давоми даҳ соли фаъолият дар идора садҳо ҳамин гуна хотираҳои ҷолиб рӯ задаанд, ки наметавон аз ҳамаи онҳо дар ин шумораи ҷашнӣ ёдовар шуд. Хотираҳо аз хоҳарони ҳамкорамон Гулҷаҳон Ҳусейнова, Фирӯза Ҳабибова, Фархунда Муллоева, Шаҳноз Комилзода, Гулрухсор Раҳимова, Саида Қурбонова, апаҳои азизамон Барно Султонова, Гулчеҳра Мусаябова бо мурури замон шояд рӯи коғаз оянд. Аммо ҳозир ҳамин қадар кофист гӯем, ки маҷалла имрӯз зери сарварии муаллимаи кордону соҳибтаҷрибаамон Шоҳонаи Сулаймон, ки кулли шароитҳоро барои кормандони эҷодӣ фароҳам овардааст, сари вақт аз чоп баромада, он рисолатеро, ки назди худ гузоштааст, бо сари баланд иҷро менамояд.
Рустами НАЗИР