Ба маврид аст таъкиди он ки ин қисмат дар ҷомеа чандон аъзам нест, аммо ҳифзкунанда ва сабаби аслии рушди забони тоҷикӣ маҳз онҳо маҳсуб меёбанд. Намояндагони ин гурӯҳро аслан зиёиён ташкил медиҳанд, ки онҳо дар бахшҳои гуногун, аз қабили китобдорию илм, муҳандисию тиб, технология ва варзиш, театру синамо ва ғайраҳо дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ фаъолият доранд. Дар самти арҷ гузоштан ба забони ноби тоҷикӣ ба зиёиёни тоҷик сомонаҳои иҷтимоӣ ёрӣ мерасонанд. Тайи чанд соли охир дар ин сомонаҳо таҳти сарунвонҳои гуногун, аз қабили «Дуруст бинависем», «Забони адабии тоҷик», «Забонкада», «Порсӣ анҷуман», «Адабиёти тоҷик», «Шоҳбайт», «Адибони тоҷик ва дӯстдорони адаб» гурӯҳҳое ба ҳам омадаанд, ки аз назари донишу фаъолият мутакаффиланд. Ҳадафи онҳо тарзи дурусти истифодаи вожаҳо ва ҳамчунин интихоби хуб ва саривақтии калимаҳо дар матнҳои мухталиф ва омӯзиши адбиёти тоҷику форс аст.
Ҳамчунин, аз тариқи шабакаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон дар мавриди тарзи дуруст интихоб намудани вожаҳо, тартиби калимаҳо ва сохти адабии ҷумлаҳо олимони соҳаи забоншиносӣ ва адабиётшиносони шинохта пайваста баромад мекунанд. Матбуоти даврии ҷумҳурӣ низ дар ин бахш хеле фаъол аст. Гувоҳи ин гуфтаҳо нашри матлабу мақолаҳои хеле зиёд дар саҳафоти рӯзномаҳою маҷаллаҳо мебошад. Олимону донандагони забони тоҷикӣ перомуни сарфу наҳв, имло, омӯзиши матнҳои классикӣ ва дигар масоили забоншиносӣ пайваста матлаб омода кардаву табодули назар менамоянд. Созмон додани анҷуману конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ барои рушду такомул ва сифатан беҳтар гардидани забони гуфтугӯӣ ва навишт хеле мусоидат мекунад.
Аз 15 сентябри соли 2011 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазорату идораҳои давлатӣ дар ҳар шаш моҳ перомуни фаъолияти муассисаҳои худ нишастҳои матбуотӣ созмон медиҳанд. Баргузор гардидани ин нишастҳо бо ширкати рӯзноманигорону мутахассисон як сабаби дигари рушд ёфтани забони адабии тоҷик дар ҷумҳурӣ гардид. Тибқи мушоҳида солҳои аввали баргузор гардидани нишастҳои матбуотӣ масъулони вазорату идораҳо дар ҷараёни ин ҳамоишҳо бо забони коста ва шабеҳ ба шеваҳои маҳал ва ё русӣ сухан мегуфтанд. Аммо баъд аз чоп шудани матлабҳои таҳлилӣ ва интиқодии рӯзноманигорон ба тадриҷ сухангӯии мутасаддиёни нишастҳои матбуотӣ тағйир ёфт ва имрӯз сифати ин ҳамоишҳо хеле беҳтар гаштааст.
Қисмати дигари ҷомеаи феълӣ ҳанӯз ҳам ба забони адабии солҳои 60 – уми асри гузашта «содиқ» мондааст ва дар мавриди эҷоди рисолаву мақолаҳо аз ҳамон сабки навишт истифода менамояд ва дар мавриди ғанӣ гардонидани захираи луғавии худ аз ҳисоби калимаҳои ноб ва вожаҳои тоза ба адабиёту матбуот воридгардида худдорӣ меварзад. Услуби расмию якранг ва вожаҳои забонзадаи ин гурӯҳ хонандаро зуд хаста мекунад ва бадеияту ғановат дар нигоштаҳои онҳо басанда нест. Изофа бар ин, истифодаи ғалати баъзе вожаҳо, аз қабили «таклиф» (ба ҷои даъват ва пешниҳод) , «махсум» (ба ҷои махдум) , «ахборот» (ахбор), «маълумотҳо» (маълумот), «аҷдодҳо» (аҷдод), «кумак» (ёрӣ, мадад, дастгирӣ) ва боз даҳҳо калимоти дигар то имрӯз идома дорад. Мутаассифона, баъзе истифодабарандагони чунин вожаҳо дар бахшҳои адабиётшиносию забоншиносӣ рисолаҳои илмӣ дифоъ намудаву дар донишкадаҳою донишгоҳҳо ба донишҷӯён дарс мегӯянд ва яке аз сабабҳои паҳн гардидани ғалатгӯӣ дар ҷомеа мебошанд. Қисмати дигар дар матбуот ва муассисаҳои таълимӣ фаъолият доранд ва дар корҳои ҳаррӯзаи худ аз чунин шакли ғалат истифода мекунанд, ки муҷиби таассуф ва нигаронист.
Яке аз сабабҳои дуруст гуфтану дуруст навиштан ва эҳтиром қоил шудан ба забони модарӣ оила аст ва агар бунлоди шахс дар хонавода дуруст гузошта шуда бошад, новобаста аз бахши фаъолият, синну сол ва маҳалли зист ба он эҳтиром хоҳад гузошт. Чанде қабл ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар доштам. Дар фурудгоҳ ронандае моро истиқбол гирифт, ки бо забони тоҷикӣ ҳарф мезад. Зимни ҳаракат аз ӯ пурсидем, ки ба Қирғизистон кай омадааст. «Ба ин ҷо омаданамонро касе ёд надорад, аммо бобокалонамон, ки зодаи Самарқанди бостонӣ ва тоҷир будааст, соли 1897 дар яке аз музофотҳои ин ҷумҳурӣ вафот кардааст. Дар оила то имрӯз бо забони тоҷикӣ сухан мегӯем», – посух дод ӯ. «Аҳсан ба чунин тоҷику чунин забондон ва ҳифзкунандаи ганҷи ниёкон» гуфтаму дасти ронандаро сахт фишурдам.
Моҳи майи соли равон, ҳангоми мураххасӣ ба шаҳри Алмаатои Қазоқистон рафтам. Зимни сафар бо донишҷӯёни тоҷик, ки ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ шуғл меварзиданд, ҳамдидор шудам. Дар ҷараёни суҳбат аз ҷавоне ёд оварданд, ки донишгоҳи онҳоро хатм намудаву дар идорае кор мекардааст. Ба иқрори донишҷӯён ин ҷавони тоҷик ҳар ҳафта ба хобгоҳи онҳо омада, дар ҳалли баъзе мушкилот ёрӣ мерасондааст. «Барои дарёфти кори муваққатӣ, китобхонаҳо, дидани ҷойҳои таърихии шаҳр ба мо мадад мерасонад. Агар то гирифтани идрорпулӣ ҷайбамон холӣ шавад, бароямон пул медиҳад», - мегуфтанд донишҷӯён. Хоҳиши дидани чунин ҷавонмард дар вуҷудам хуруҷ кард ва аз донишҷӯён хоҳиш намудам, ки рӯзе ӯро даъват бикунанд, то чанд лаҳзае бо ҳам бошем.
Рӯзи таъйиншуда ҷавонеро ба ман шинос карданд, ки хеле болобаланду бомаданият ва донишманд буд. Аммо баъд аз салом ҳамшаҳриамон суҳбатро ба забони русӣ идома дод. Маълум шуд, ки баъд аз панҷ соли таҳсил се сол боз дар ин шаҳр ба сар мебарад. Ман тоҷикӣ суол медодаму ӯ русӣ посух медод. Вақте танҳо мондем, аз ӯ пурсидам, ки чаро бо забони русӣ ҳарф мезанад. «Бо забони русӣ гап задан бароям роҳаттару осонтар аст. Фикрамро ба забони тоҷикӣ хуб баён карда наметавонам», - посух дод ҷавону эҳсос намудам, ки хиҷолат мекашад.
Суоли мантиқие рӯй мезанад, ки чӣ гуна хонаводае дур аз ватан дусад сол боз забони модарии худро ҳифз кардаву ҷавоне дар муддати ҳашт сол фикри худро ба забони тоҷикӣ озод баён карда наметавонад? Посух ҳам чандон душвор нест, ҳифз кардану арҷ гузоштани забони модарӣ бастагӣ ба тарбияи хонаводагии шахс дорад. Ба ёд овардани филми бадеии «Салом Ню Йорк» хеле ба маврид аст. Ҷавони қирғизе вақти таҳсил дар Амрико ҳуҷраи худро мисли аҷдод ороставу ҳафтае як шом дар ҷамъи ҳамшаҳриён ғизои миллӣ таҳия мекунаду бо забони модарӣ суҳбат мекунад. Намояндагони дигар миллатҳо аз дидани чунин муносибат ба фарҳанги миллӣ ба ин ҷавони қирғиз эҳтироми хос зоҳир менамоянд. Дар муддати кӯтоҳ аз ёд бурдани забони модарӣ аз ҷониби як ҳамшаҳрии мо ва он ҳам бо доштани чунин ахлоқи ҳамида ва ҷавонмардию донишмандӣ бояд боиси хиҷолат кашидани ҳар кадоми мо бошад, зеро гуфтаанд: «Аз мост, ки бар мост». Аксар ба мактабҳои русӣ додани фарзандон чунин натиҷа ба бор меорад.
Новобаста ба шикастани забон аз ҷониби баъзе ҳамзабонон дар дохили ҷумҳурӣ, новобаста ба истифодаи лаҳҷаву шева аз ҷониби баъзе зиёиёнамон, новобаста ба сақатгӯии бархе ҷавонон бо ин забони биҳиштӣ, новобаста ба сакта доштани забони баъзе мутахассисон имрӯз ба назар мерасад, ки забони одамушшуаро Рӯдакиву Шайхурраис Сино, Ҳаким Фирдавсии бузург, Ҳофизу Мавлоно ва аллома Аҳмади Донишу устод Айнӣ дар як ҳавзаи хеле бузург дар ҳоли рушд аст. Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон бар ҳама ҳамватанон муборак бод!
Эмомалӣ Сайидамирзод