Баҳори соли 2009 Толибшоҳ Сайидзода, муовини сардабири вақти ин маҷалла, аз ман хоҳиш кард, ки матлабе барои «Бонувони Тоҷикистон» бинависам. Ҳафтае баъд мақолае таҳти унвони «Оши шӯри ғарибӣ» навиштаву ба дасти Толибшоҳ супурдам. Дар ин матлаб перомуни зиндагии сахт ва сангини модаре сухан мерафт, ки барои нахустписараш хонаву дар ва хешу диёрро тарк гуфта, дар шаҳри Алмаато зиндагӣ менамуд ва дар яке аз бозорҳои он палави тоҷикӣ мепухту мефурӯхт ва аз маблағи ба даст овардааш ғизо харида, ба маҳбас мебурд, то писараш гурусна намонад. Зери офтоби сӯзон, борону шамол ва сардиҳои зимистону барфи шадид модар ҳамарӯза палав мепухту мефурӯхт ва ба маҳбас мерафт ва ин кор чандин сол идома ёфт. Ниҳоят фарзанди модари ҷигарсӯхта ба озодӣ баромад, аммо ӯ нашъаманд шуда буд ва барои харидани вояи навбатӣ корд бар синаи модар зада, раҳпулии ҷамъовардаи ӯро гирифта аз дар берун мешавад…
Чанде баъд, сармуҳаррири маҷалла Ҳуриннисо Ализода маро ба назди худ даъват намуда, баъд аз суҳбати хеле самимӣ маҷаллаи тозанашрро наздам гузошт, ки дар он матлаби банда чоп шуда буд. Вақти гусел муаллима хоҳиш намуд, ки барои шумораи навбатӣ мақолае пешниҳод созам. Баъд аз чоп шудани матлаби навбатӣ маро ба кор даъват намуд ва тобистони соли 2009 ба унвони мудири шуъба ба фаъолият дар маҷалла оғоз кардам.
Муҳит хеле озоду эҷодӣ буд. Баъд аз таҳия гардидани матолиб ҳайати эҷодӣ – Ҳуриннисо Ализода, Толибшоҳ Сайидзода, Гулноз Бобомуродова, Қутбияи Неъматулло ба ҳам омада, мавзӯъҳо ва сифати мақолаҳоро мавриди баррасӣ қарор медоданд ва аз байни он беҳтаринро барои шумораи навбатӣ интихоб менамуданд. Он вақт намояндагони маҷалла дар манотиқи ҷумҳурӣ Париноз Азизӣ, Билоли Шамс ва Сайраҳмон Назриев буданд.
Чизи бароям хеле ҷолибу пазируфтанӣ дар фаъолияти маҷалла ин ба ҳамкорӣ даъват кардани рӯзноманигорони варзида аз ҳама шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ буд. Дар ҳар шумора чандин мақолаҳои хубу хондание ба нашр мерасиданд, ки муаллифони онҳо кормандони дигар маҷаллаю рӯзномаҳо буданд.
Сабаби дигари серхонанда шудани маҷалла тарзи ороиш ва ҷобаҷогузории матлабу аксҳо ва интихоби рангҳо буд. Ин корро Денис Горябин анҷом медод, ки хеле андешаи эҷодкор дошт ва нисбат ба кори худ сахтгир буд.
Баъд аз нашр шудани ҳар шумора ҳайати эҷодӣ мақолаи беҳтаринро интихоб менамуд ва муаллифи он бо ҷоиза қадр мегардид.
Як паҳлуи кори идора бароям чандон хуш набуд. Аксар рӯзноманигорон ҳанӯз ҳам дастӣ мақола менавиштанд ва ҳуруфчин – духтари хеле боодобу меҳрубон Соҷида аз субҳ то шом кор мекард. Вақте ба сармуҳаррир хариди компютерҳо ва флешкаҳоро тавсия додам, ба хубӣ пазируфт. Баъдан, тарзи истифодабарии шабакаро (сет) ба роҳ мондем, ки он ба сарфаи вақт мусоидат мекарду аз назари фаннӣ кормандони идора хеле пешрафт намуданд.
Агар теъдоди маҷалла дар соли 2009 шаш ҳазор нусха бошад, то соли 2011 он ба 16 ҳазор расид. Ин нишондиҳандаи хеле мусбат аст. Агар чанд омили зиёд шудани шумораи хонандагон сахтгирии сармуҳаррир Ҳуриннисо Ализода ва сахткорию қалами сабзи ҳайати эҷодӣ бошад, омили дигар ва аслӣ ин тавсия ва ёрии мушовири мо аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода мебошад. Ин мутахассиси кордон ва донишманду хушзавқ ва шахси хеле хоксор ба мисли як устоди меҳрубон қабл аз нашри ҳар шумора ба сардабири маҷалла тавсияву маслиҳатҳо медод, ки дар нашрҳои баъдӣ сабаби хонданию зебо шудани саҳифаҳо ва ҳирфавӣ гардидани маводи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» мегардид.
Моҳи январи соли 2010 ба шарофати талошу заҳматҳои ҳайати эҷодии маҷалла сомонаи интернетии он ба фаъолият шурӯъ кард. Фикр мекунам, дар он шабу рӯз ин сомона дар миёни нашрияҳои давлатӣ аввалин буд. Ба фаъолият пардохтани сомонаи интернетии маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» барои ҳайати эҷодӣ ва мутахассисону рӯзноманигороне, ки бо ин нашрия ҳамкорӣ доштанд, имконияти густурда ва шароити хеле хубро фароҳам овард. Имрӯз шумораи шахсоне, ки тайи ин муддат аз сомонаи маҷалла дидан кардаанд, аз миллион нафар убур кардааст. Дар як моҳ ба ҳисоби миёна тақрибан даҳ ҳазор нафар аз сомонаи интернетии маҷалла дидан мекунад.
Бо мурури вақт барои тақвият ёфтани маводи таҳлилӣ ва интиқодӣ рӯзноманигорони ботаҷриба ба маҷалла ҷалб гардиданд. Тилав Расулзода намояндагии маҷалларо дар вилояти Суғд, Мирзоҷалол Шоҳҷамолов дар ВМКБ ва Ҷамолиддин Сайфиддинов дар Қӯрғонтеппа бар дӯш гирифтанд.
Тайи солҳои сипаришуда рӯзноманигорони зиёде, аз қабили Саида Қурбонова, Лайлӣ Аҳмадова, Шаҳноза Комилова, Иршод Сулаймонӣ, Барно Султонова, Ёқуб Ҳалимов, Шаҳлои Насриддин, Раҳматуллои Камол, Зебо Давлатова дар маҷалла фаъолият намуда, дар беҳтар шудани матолиб ва рангинтар гардидани саҳифаҳои он саҳм гузоштанд.
Имрӯз таҳти роҳбарии сардабир Шоҳона Сулаймонӣ ҳайати эҷодии маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» хонандагони худро бо маводи дилчаспу рангин ва аз назари касбият хеле қавӣ аз ҳаёти бонувони шаҳру навоҳӣ ва деҳоти Тоҷикистон таъмин намуда, талош дорад перомуни мушкилоту пешрафт, навгониҳову ихтирооти бонувон матолиби боз ҳам ҷолибтар таҳия намояд.
Даҳумин солгарди маҷаллаи давлатии «Бонувони Тоҷикистон» - ро ба ҳамаи ҳамқаламон ва хонандагони арҷманди он табрику таҳният мегӯям!
Эмомалӣ Сайидамирзод,
муовини сармуҳаррир