дар замони истиқлол ҳомии аслии хешро дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарёфт. Далели раднопазири ин нукта китоби тозанашри Пешвои миллат «Забони миллат- ҳастии миллат» аст, ки аз ҷониби матбааи «Эр-граф» ба нашр расид. Забон мисли инсонҳои зинда ҳамвора дар рушду таҳаввул вобаста ба замонҳо густариш меёбад. Гузаштагони донишвари мо забони гуворову тавоноеро бо осори пурарзиши адабӣ – илмӣ ва таърихӣ , ки ҷаҳониён низ аз он фаровон истифода кардаанд, барои ворисони худ ба мерос гузоштаанд. Тардид надорам, ки мо ҳамагӣ мадюни ин забонем. Вале суоли матраҳ ин аст, ки оё мо, соҳибони имрӯзи забон, ба вижа, волидайну омӯзгорон дар ин росто кори шоистаеро анҷом додаем ё хайр? Оё садоқату муҳаббати хешро нисбат ба забон ва рушди он манзур намудаем? Бале, дар гузораи 25 соли соҳибистиқлолӣ забони мо дар баробари дигар соҳаҳо рушд кардааст. Вале он чӣ бандаро нигарон мекунад , забони дурушту пур аз жаргонҳои гӯшношуниди иддае аз шогирдони макотибу донишҷӯён аст. Банда минҳайси омӯзгор ва билохира модар хеле мутаассифам, ки бархе аз омӯзгорону волидайн ҳар рӯз ин манзараи нангин (дашному ҳарфи қабеҳ) – ро шоҳид мешаванду вокунише аз худ нишон намедиҳанд. Мегӯянд, ки ба ҷуз кишта надравӣ. Пас, ин ҳосили киштаи мо, бузургсолон, аст, ки нодида мегирем. Ва ё дуруштгуфториро эшон аз мо «омӯхтаву» мо бехабар. Агар чунин нест, чаро дар ислоҳи ин падидаи номатлуб бетаваҷҷуҳӣ зоҳир мекунем ? Охир забони тоҷикӣ – форсӣ – дарӣ аз беҳтарин лисонҳои дунё эътироф гардидааст. Бузургони Ғарбу Шарқ – Николсон, Гёте , Э. Браун , Брагинский, Пушкин, Чернишевский, Толстой, Муҳаммад Иқбол ,Файз Аҳмади Файз ва ҳазорони дигар шефтаи адабу забони мо буданд. Иқбол мегӯяд:
Гарчӣ ҳиндӣ дар узубат шаккар аст,
Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст.
Тӯли таърих истилогаронро низ ин забон гарояндаву гирифтори овоиву сохтории худ намудааст. Бо ин забон падари ҳавзаи шеъри тоҷикӣ – форсӣ А. Рӯдакӣ шеъру қасида сароидааст. Ҳакими Тӯс «Шоҳнома»- и безавол ва Мавлавӣ « Маснавии маънавӣ»-ро барои башарият навиштаанд. Муаллими ахлоқи башар Шайх Саъдӣ бо ҳамин лисон инсониятро панди зиндагӣ додааст. Билохира, онро забони биҳиштиён хондаанд. Дар тамаддуни башар ниёгони мо бо ин забон дурри маънӣ суфтаву бар ҷой гузоштаанд, ки миллатҳои мухталифи олам аз он бархӯрдор гардидаанд. Вале бо ин ҳама фарҳангофарӣ муҳри хамӯшӣ бар лаб шонаҳоро аз масъулият холӣ мекунем.
Имсол 25- умин солгарди Истиқлол таҷлил шуд, ки шукӯҳашро гетӣ ёд надорад. Имрӯз Тоҷикистон фавқулода зебову дилрабо шудааст. Ҳама соҳаҳо бо суръат рушд мекунанд . Лекин фарҳанги муоширати иддае аз насли ҷавон ( мутаассифона, бузургсолон низ ҳастанд ) посухгӯи ин асру замон нест. Ба ибораи дигар, бо ду по мелангем. Аз ин хотир хеле ва хеле мехоҳам, ки пушти ислоҳи иштибоҳоти худ ва фарзандону шогирдон бошем. Агар фарҳанги муомила ва муоширати насли истиқлол дурушт бошад , пас мо, бузургсолон, шурӯъ аз волидайн то устодон, муқассирем. На бояд фаромӯш кард, ки мо, тоҷикон, аз нажоди Ориёӣ ҳастем. Шиори ин қавм « пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек » буду ҳаст. Зеро ба таъбири Низомӣ:
Он, к-аз насаби баланд зояд,
Ӯро сухани баланд бояд.
Ё ғалат гуфтам…
Парвина ПИРОВА, омӯзгор