06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

54 СОЛ ДАР ҒОР

 

Тибқи иттилои расонаҳои Ҷумҳурии мардумии Чин чунин ҳолатҳои дар ғору дарраҳои кӯҳистон зиндагӣ ихтиёр намудани сокинон, зиёд мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, соли 2011-ум рӯзноманигорон дар дохили ғори кӯҳҳои музофоти Гучжоуи Чин деҳаеро пайдо карда буданд. Ин минтақа дар баландии 1800 метр аз сатҳи об воқеъ буда, сокинонаш аз зиндагӣ дар чунин муҳит қаноатманданд. Дар хонаҳои кӯҳии ин мавзеъ зиёда аз сад нафар зиндагӣ дошта, барои худ майдони варзишӣ, нуқтаи нигаҳдории ҳайвонҳои хонагӣ ва мактаби таҳсилоти умумиро фароҳам овардаанд. Мактаб дар ғор аз синфхонаҳо ва майдончаҳои гуногуни варзишию фароғатӣ иборат аст. Нуктаи ҷолиб аз ҳаёту зиндагии сокинони кӯҳсорони музофоти Гучжоу он аст, ки толибилмони мактаби дар ғор буда, ҳамчун беҳтарин сарояндагони санъати хор эътироф шудаанд. Новобаста аз он ҳукуматдорони Чин эълон намуданд, ки ин кишвар «Ҷамъияти инсонҳои ғорнишин» ҳисоб наёфта, фаъолияти муассисаи таҳсилоти миёнаро дар ин мавзеъ қатъ карданд. Аммо баъзе аз сарчашмаҳо иброз менамоянд, ки ҳанӯз 30 миллион шаҳрвандони Чин дар ғорҳо зиндагӣ мекунанд. Бояд гуфт, ки барои бештари сокинони ин кишвар муҳити ғор манзили зисти арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза ба ҳисоб меравад. Зиндагӣ дар ғор сол аз сол пешрафтҳои худро мекунад, азҷумла имрӯз бошандагони ғор маконҳои зисти худро ба иҷора дода ва ҳатто ба фурӯш мегузоранд, ки арзишашон бештари маврид ба даҳ ҳазор доллари амрикоӣ баробар мешавад.

Таҳияи Мадина

 

:.  Аз ҳар боб 27.09.2016 10:54 1522

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz