Дидагонамон бо нури нав равшантар мегарданд. Вуҷудамонро эҳсоси қавию муқтадири ватандорию ватандӯстӣ фаро мегирад. Зеро, мо 25 сол инҷониб як Ватани озоду соҳибистиқлол, як Модари дилсӯзу фидокор, як давлати орому осудаву обод бо фазои сулҳу амнияти комил ва як меҳани биҳиштии ҳамешабаҳор дорем, ки номаш Тоҷикистон аст. Бинобар ин неъмати худодод, барҳак Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ва Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо моро ҳидоят мекунанд, ки “Дӯст бошед, иттифоқ бошед. Шукронаи ана ҳамин давлат кунед. Шукрона кунед, ки чунин Ватани азизу маҳбуб доред”. Бо раҳнамоӣ ва шукронаи соҳибдавлатӣ авроқи заррини таърихи Истиклолияти давлатиро варақгардон менамоем. Мебинем, ки дар он авроқ ҳазорон нуктаҳои дилнишин аз корнамоию музаффариятҳои замони соҳибистиқлолӣ сабт шудааст, ки моро ба суйи фатҳу нусратҳои тоза раҳнамун месозанд. Шавқу завқ, ғайрату ҳиммат ва кӯшишу ҷасорати моро дар масири пуршарафи хизмати софдилона барои ободию сарсабзии Ватани муқаддасамон даҳчанду садчанд мегардонанд. Зеро партаву фуруғи Истиқлолият дилу дида, зеҳну шуур, ҷисму ҷон ва ҳастии моро нурафшон намудааст. Дар ин радиф, таъмини ҳуқуқу озодиҳои занону духтарон ва баланд бардоштани мақому манзалати онҳо бо ибтикору дастгирии падаронаи Пешвои миллат аз дастовардҳои шоистаи Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Аз файзу шарофати чунин тадбирҳо имрӯз садҳо ҷавондухтарон, махсусан ҷавондухтарони ҳамсоли Истиқлол дар шаҳру навоҳии ватанамон аз сидқи дил фаъолият менамоянд. Зархез Ризвонова аз ҷумлаи чунин ҷавондухтарони даврони Истиқлолият мебошад, ки айни ҳол дар магистратураи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи ихтисоси “Идоракунии давлатӣ” таҳсил менамояд. Ин духтари зебову паричеҳра, бомаърифату хушодоб 25 сол муқаддам, аниқтараш ду моҳ пеш аз санаи соҳибистиқлол гардидани кишварамон, яъне 11 июли соли 1991 дар водии Вахш, дар маркази ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон чашм ба олами ҳастӣ во намудааст. Даврони таҳсилоти донишҷӯии худро дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе, дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ба поён бурда, соҳиби ихтисоси бакалаври забоншиноси забонҳои русию англисӣ гардидааст.
Зархез Алимаҳмадовна пас аз хатми Донишгоҳ ба зодгоҳаш баргашта, фаъолияти худро дар вазифаи мутахассиси пешбари бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оғоз бахшида, баъдан то қабул шудан ба магистратура ба ҳайси мутахассиси пешбари шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиатҳои шаҳрвандони мақомоти мазкур кор кардааст. Аз январи соли равон дар магистратураи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил дорад.
Шоистаи зикр аст, ки таҳсил дар магистратураи донишкадаи номбурда барои хизматчиёни давлатӣ ҳосили ҳамкориҳои судманди илмию омӯзишии ин муассисаи таълимӣ бо Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии федералии Олмон дар самти азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва баландбардории маҳорату малакаи хизматчиёни давлатӣ мебошад, ки ин ҳам аз меваҳои шаҳдбори маънавии дарахти истиқлолияти давлатист. Тибқи Созишномаи ҳамкорӣ байни Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумхурии федералии Олмон ҳамасола беш аз 60 нафар хизматчиёни давлатӣ аз макомоти маҳаллӣ ва марказии ҳокимияти давлатӣ, ки аз озмун гузаштаанд, тибқи шартномаи сеҷониба дар магистратура аз рӯйи ихтисоси “Идоракунии давлатӣ” фаро гирифта мешаванд. То имрӯз, мутобиқи иттилои намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Тоҷикистон беш аз 400 нафар хизматчиёни давлатӣ магистратураи номбурдаро хатм карда, дар мансабҳои гуногуни роҳбарикунандаву дигар категорияҳо софдилона фаъолият менамоянд. Ҳадафи аслии таҳсил дар магистратура ин баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинӣ, бо донишҳои талаботи рӯз мусаллаҳ гардонидан ва такмили маҳорату малакаи касбии хизматчиёни давлатӣ ва ба ин васила роҳкушоӣ ба болоравии мансабии онҳо мебошад. Аз ин хотир, ба хизматчиёни давлатӣ зимни таҳсил устодони фозилу бомаърифат дарс мегӯянд, ки соҳиби дараҷаву унвонҳои илмиянд. Зархез ба ифтихор мемегӯяд: «Барои ман боиси ифтихори баланду мамнунияти комил аст, ки дар соли таҷлили 25 солагии Истиқлолият дар магистратураи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президент таҳсил мекунам ва онро хатм менамоям». Тибқи нақашаву барномаҳои таълимӣ, ки онро Вазорати маориф ва илм тасдиқ намудааст, Зархезу ҳамкурсонаш дар нимсолаи аввали таҳсил дар магистратура ба омӯзиши 12 фан фаро гирифта шуданд, ки муҳимтарини онҳо фанҳои идоракунии давлатӣ, идоракунии маҳаллӣ, идоракунии захираҳои инсонӣ, ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи маъмурӣ, ҳуқуқи гражданӣ, забони давлатӣ, забонҳои англисию русӣ, методологияи таҳқиқоти илмӣ, менеҷменти молиявӣ ва геополитика мебошанд.
Зархез дар нимсолаи аввал ҳамаи санҷишу имтиҳонҳояшро бо баҳои аъло супорид. Даврони таҷрибаомӯзиашро дар Вазорати маориф ва илм бо муваффақият гузаронид. Ӯ ҳар лаҳзаи таҳсил дар магистратураро ғанимат дониста, пайваста дар пайи омӯзиш аст. Зуд зуд ба Китобхонаи миллӣ меравад. Чунки дилбаставу ошиқи китобу китобхонист. Зархез зимни суҳбат ба мо изҳор дошт, ки гарчанде замони таҳсил дар Донишгоҳи славянӣ асарҳои зиёдеро аз адибони хориҷӣ ба забонҳои русию англисӣ мутолиа карда буд, айни ҳол китобҳои бадеии адибони тоҷикро бештар мехонад. Аз ӯ ҳар гоҳ, ки дар бораи китоби хондааш чизе пурсиданӣ шавед, чашмони зебову нилгуни ориёнааш медурахшанд, чеҳраашро осори фараҳмандӣ фаро мегирад. Албатта, дар бораи китобҳои хондааш мухтасар сухан мегӯяд, чунки табиатан камгуфтору бисёршунав аст, вале сухани кутоҳу боандеша ва пурмағз мегӯяд. Ӯ аз фарҳанги муосири мағриб озодандешӣ, зиракӣ ва салобату перостагӣ ва аз фарҳанги Шарқ ростӣ, садоқат, поквиҷдонӣ, муҳаббат ба Ватан, сафою самимият, меҳрубонӣ, фидокорӣ, таҳаммулу сабру бардошт, бузурдошту эҳтироми фарзандони фидокори миллатро дар вуҷуди худ парвардааст. Зархез дар дӯстӣ ва самимият барои ҳамсолонаш намунаи ибрат аст. Ба ҳамкурсонаш самимияту эҳтироми баланд дорад, вале аз миёни онҳо беҳтарин дугонааш Гулчеҳра Раҳмонзода аст. Онҳо мисли апаву хоҳаранд.
Аз ӯ пурсидам, ки чун ду забонро медонад, падару модар ва ягона додараш бо тақозои рӯзгор дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, чаро ӯ барои рушди шахсият ва зиндагии беҳтар ба ин кишвар ва ё дигар кишварҳо намеравад, дар ҳоле, ки агар хоҳад ва бо имконияте, ки дорад, ин барояш хеле осон аст. Бароям гуфт, ки чун кӯдакию наврасиаш дар Ватан, дар фазои соҳибистиқлолӣ гузаштааст, Тоҷикистон ва озодии он барояш муқаддас аст ва ӯ дар Ватан, барои ободии Ватан ва мардуми он ҳамчун хизматчии давлатӣ саҳмгузорӣ мекунад. Чун ин посухро аз ӯ шунидам, ба дил гуфтам: “Зиҳӣ Тоҷикистони озоду Зархезаш!”
БУЗУРГМЕҲР