06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ХУРДТАРИН ОДАМОНИ ДУНЁ

Чен Гилян ва Ли Тангон ҷуфти кутаҳтарини ҷаҳон ба шумор мераванд. Аз рӯи муҳаббат аст ё ба хотири ба Китоби рекордҳои «Гинес» шомил шудан, онҳо соли 2007-ум дар шаҳри Шундеи Ҷумҳурии Мардумии Чин Чен Гилян ва Ли Тангон оила барпо карданд. Дар ҷашни хурсандии онҳо на танҳо мардуми гирду атроф, балки хабарнигорони расонаҳои маҳаллӣ низ иштирок карданд.

Моҳи сентябри соли 2010 Эдвард Нинйо Эрнандес ҳамчун нафари хурдтарини сайёра дар Китоби рекордҳои Гинесс сабти ном гардид. Дар 24-солагиаш қади Эрнандес 70 см-ро ташкил намуда, вазнаш ба 10 кг баробар буд. Эдвард дар шаҳри Боготаи Колумбия ба сар бурда, то ҳол қади ӯ як миллиметр ҳам баланд нашудааст. Асрори қад накашидани қади Эрнандес то ҳанӯз барои олимони соҳаи тандурустӣ номакшуф мебошад.

Шаҳрванди Непал Хагендра Тапа Магар 14-уми октябри соли 1992 ба дунё омада, чун ба синни балоғат расид унвони нафари хурдтарини ҷаҳонро марбути номи худ кард. Дарозии қади Хагендра Тапа Магар ба 67 см баробар аст.

Ҷунри Балунги филиппинӣ дар ҳаждаҳсолагиаш, туҳфаеро, ки солҳо боз орзу менамуд ба даст овард. Ӯ чун нафари хурдтарини олам ба Китоби рекордҳои «Гиннес» ворид шуд. Зеро баландии қади ӯ 55,8 см-ро ташкил медод. Ӯ дар хонадони як тан аз оҳангарони оддӣ дар деҳаи начандон калони Синдангани қисмати ҷанубии Филиппин чашм ба олами ҳастӣ кушод. Дар рӯзи мавлудаш дар баробари меҳмонон намояндагони Китоби рекордҳои «Гиннес» низ иштирок карданд.

Духтари ҳинд Йоти Амгэ феълан аз ҳама зани хурдтарин дар олам эътироф мешавад. Қади ӯ ба 58 см баробар буда, вазнаш тақрибан 5 кг мебошад. Ӯ аз як бемории нодири генетикӣ азият мекашад, ки бар асари он маҳруми қадкашӣ гардидааст. Новобаста аз ин вазъ, Йоти рӯҳафтода нест, балки аз таваҷҷуҳи зиёди одамон ба худ фахр мекунад. Шахрвандони зиёде аз иёлотхои Ҳиндустон барои дидани ин зани ғайриоддӣ меоянд. Баъзеҳо ба ӯ ҳамчун олиҳа дар шакли инсон муносибат менамоянд. Йоти Амгэ умед бар он дорад, ки дар оянда Болливудро ҳамчун ҳунарпешаи офарандаи нақшу тимсолҳои фоҷиавӣ дар ҳайрат гузорад.

Амрикоизан Стейси Гералди қадпаст аз иёлоти Кентуккии модари хушбахти се фарзанд мебошад. Ин зан ба бемории остеогенеза гирифтор шудааст, ки оќибаташ ба ноустувории устухонҳо оварда мерасонад. Аз сабаби мураккаб будани бемориаш қади ӯ ҳанӯз аз кӯдакӣ аз ташаккул бозмонда буд. Табибон баъди ҳомиладории нахустинаш оқибати вазнин шудани саломатиашро ба ӯ ҳушдор дода буданд. Новобаста аз таҳдиди духтурон ва хатари ҷонаш Стейси Гералд боз ду бори дигар фарзанд ба дунё овард. Ба ин зани хурдҷусса шавҳараш Уилл, ки соли 2000-ум ҳангоми фаъолияташ дар фурӯшгоҳи бузурги зодгоҳашон шинос шуда буданд, ёрӣ мерасонад. Қади ҳамсари Стейси Гералд 1 метру 60 см аст.

Адитя Дев бо лақаби Ромео тибқи фарзияи Китоби рекордҳои «Гиннес» аз мушакварзони хурдтарини сайёра дониста шудааст. Ромео дар тамоми Ҳиндустон шўҳратёр аст. вай бо 9 кг вазни худ вазнњои 1,5 кг-ро озод мебардошт. Ҳар рӯз анбўҳи мардум ба толори маҳаллии варзиш барои дидани машқҳои Адитя Дев ҷамъ меомаданд. Одатан бештари одамони қадпаст ба таносуби ғайримуқарарии бадан гирифтор мебошанд, аммо ӯ ҷисман солим буд. Мутаассифона, ин нафари қадпаст, аммо бисёр зиндадил 13 сентябри соли 2012 аз иллати мағз аз олам чашм пӯшид.

Гул Муҳаммад дар мавзеи Ню-Делии Ҳиндустон 15 феврали соли 1957 ба дунё омадааст. Дарозии қади ӯ 57 см буда, вазнаш ба 17 кг баробар меомад. Муҳаммад якуми октябри соли 1997 дар синни 40 солагӣ баъд аз бемории тӯлонии нафастангӣ ва илтиҳоби шуш аз олам даргузашт. Гул аз хурдӣ ба кашидани сигор майл намуда, то охири умр аз ин маводи зараровар истифода мебурд.

Таҳияи Мадина

 

:.  Аз ҳар боб 01.08.2016 06:33 2357

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz