06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ОДАМОНИ ҚАДБАЛАНД

 

Ҷон Роган (1868-1905) баландии қадаш 2 метру 69 см буда, вазнаш ба 79 кг баробар буд. Дар тули таърих дувумин шахси қоматбаланд ба шумор меравад. Ҷон аз сабаби бемориаш дар синни сенздахсолагӣ аз пои равон маҳрум шуд. Қади ӯ баъд аз вафоташ соли 1905 андоза шуда буд.

Леонид Степанович Стадник соли 1971 дар Украина ба дунё омадааст. Тибқи Китоби рекордҳои Гиннес ӯ яке аз нафарони қадбаландтарини чаҳон ба шумор меравад. Баландии қомати ӯ 2 метру 57 см буда ба бемории дароз шудани узвҳои бадан алоқамандӣ дошт. Дар натиҷаи баландшавии узвҳои бадан қади ӯ аз меъёраш 40 маротиба зиёдтар боло рафт. Леонид соли 2014 бар асари хунравии мағзи сар аз олам чашм пӯшид.

Сзен Сзин-лян (1964-1982) яке аз баландтарин чинси зан дар олам ба шумор меравад. Ӯ дар синни 17 солагӣ ба халокат расид, ки он замон қадаш ба 2 метру 49 см баробар буд. Аз сабаби иллати сахти ҳароммагз ӯ наметавонист қоматашро рост кунад.

Доналд Келлер (1925-1981) баландии қоматаш ба 2 метру 48,9 см баробар буд. Қомати падари Доналд ба 1 метру 88 см расида, қади модараш 1 метру 75 см-ро ташкил менамуд. Қади хоҳари Доналд 1 метру 75 см буда, фарқияти онхо 74 см арзёбӣ мешуд. Доналд Келлер дар синни 55 солагӣ аз дунё даргузашт.

Султон Косен соли 1983 ба дунё омада дар Туркия ба сар мебарад. Феълан ӯ қоматбаландтарин сокини сайёра дониста мешавад. Зеро Леонид Стадник чен намудани қадашро барои Китоби рекордҳои Гиннес рад намуд. Султон қаблан ба бозии баскетбол машғул буда, аз сабаби мушкилии пойҳояш аз ин шуғл даст кашид. Баландии қади Султон Косен 2 метру 47см-ро ташкил менамояд.

Вэйно Мюллиринне (1909-1963) қадаш ба 2 метру 22 см баробар буд. Вазнаш ба 197 кг расида то синни 21 солагӣ ба 2 метру 47 см расид. Вэйно сарбози баландтарине, ба шумор меравад, ки дар қуввахои муссалаҳи кишвараш хизмат намудааст.

Чҷао Лян соли 1982 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба дунё омадааст. Баландии қади ӯ ду метру 46 см-ро ташкил менамояд. Чҷао яке аз беҳтарин бозингарони баскетбол ба шумор мерафт. Аммо соли 2001-ум бофтаҳои пои чапаш осеб ёфта, бо ҳамин бозии баскетболро тарк намуд. Чанде пас Чҷао дар сирки музофоти Хэнян ба ҳайси ҳунарманд ба кор шуруъ намуд. Волидайни Чҷао миёнақад буда иброз намудаанд, ки қади бобои Лян ба ду метр мерасид. То синни 23 солагиаш қади Чҷао дар як сол то 10 см афзоиш меёфт.

Габриэл Эставао Моняне соли 1944 дар Мозамбика ба дунё омада буд. Афзоиши ғайримукаррарӣ дар Габриэл ханӯз аз овони тифлӣ оғоз меёбад. Дар синни 17 солагӣ ӯ бо сиркбозони португалӣ ҳамкориро оғоз намуд. Тибқи ченкунии расмӣ қади ӯ соли 1987 ба 2 метру 46 см расида, вазнаш ба 150 кг баробар буд. Соли 1990 Габриэл дар натиҷаи афтидан дар саҳни ҳавлии худаш ҷароҳат бардошта ба ҳалокат мерасад.

Сулаймон Али Нашнуш соли 1943 ба дунё омада буд. Ӯ баскетболбоз ва ҳунарманди ливиягӣ ба шумор мерафт. Соли 1960 амалиёти ҷарроҳии афзоиши гайримуқаррариро аз сар гузаронида аст. Баландии қади Сулаймон 2 метру 45 см ҳисоб меёфт. Сулаймон Али Нашнуш соли 1991-ум дар синни 48 солагӣ аз дунё даргузашт.

Мадина

 

:.  Аз ҳар боб 01.08.2016 06:07 1976

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz